logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Душанбе 5 нафар барои боло бурдани нархи гӯшт ҷазо гирифт

Ба гуфтаи мақомот чунин амалиёти санҷишӣ минбаъд низ идома меёбад.

Your tj

09:2911.03.2025

Дар Душанбе 5 нафар барои боло бурдани нархи гӯшт ҷазо гирифт

Милитсияи Душанбе нисбати панҷ нафар тоҷирон барои беасос баланд бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ боз кардааст.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар асоси як рейд дар чанд маркази савдои пойтахт панҷ нафарро муайян кардаанд, ки худсарона нархи гӯштро боло бурдаанд.

“Нархномаи гӯшт, ки дар дукони онҳо 75-сомонӣ навишта шудааст, вале ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95-то 100-сомонӣ ба фуруш гузоштаанд”,- иттилоъ медиҳад ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ки нисбати савдогарон бо моддаи 555 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои беасос баланд бардоштани нарх протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ба гуфтаи мақомот чунин амалиёти санҷишӣ минбаъд низ идома меёбад.

Қаблан милитсияи Душанбе ба савдогарону тоҷирони пойтахт дар ин хусус огаҳӣ дода буд, ки нархи маҳсулоти хӯрокаро дар моҳи Рамазон худсарона боло набаранд. Мақомот ин амали савдогаронро “истифода аз ниёзмандии мардум” ва “хилофи шариат ва берун аз ахлоқи инсонӣ” медонанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

2 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

6 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

8 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

9 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ