fbpx

Дар давраи ҳукумати Толибон қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points

Ҷаримаи як сокини Ҷомӣ барои таълимоти ғайриқонунии динӣ

Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмадулло Абидзода, як сокини ин ноҳияро барои таълимоти ғайриқонунии динӣ 640 сомонӣ ҷарима кардааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки  Насриддин Ҳалимов, сокини дигари ин ноҳия барои риоя накардани қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд 192 сомонӣ ҷарима шудааст.

Гуфта мешавад, ки Ҳалимов, фарзандони ноболиғи худ Ҳалимов Абдураҳими 11 сола ва Ҳалимов Абдукарими 9-соларо барои таълимоти ғайриқонунии динӣ дар назди Абидзода иҷозат додааст.

“Бо қарори суди ноҳияи А.Ҷомӣ, аз 14.02.2022 нисбати Ҳалимов Н.Д. ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 192 сомонӣ ва нисбати Абидзода М.А. 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 640 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст”, – омадааст дар хабари додситонӣ.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид гардид, ки тибқи он таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, танҳо ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва волидайн вогузор шуд.

Он замон  беш аз 20 мадрасаи динӣ дар кишвар баста шуда, ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо дини ислом тадрис намешавад.

Дар давраи ҳукумати Толибон қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Давоми тақрибан як соле, ки “Толибон” ҳукумати Афғонистонро роҳбарӣ мекунанд, воридоти беш аз 3 тонна маводи мухаддир ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2020 ҳаҷми содироти маводи мухаддир дар сарҳади ин кишвар 1 тоннаро ташкил дода буд.

“Толибон”, ки моҳи августи соли гузашта ба сари қудрат омаданд, кишт, тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистонро мамнӯъ эълон карда буданд. Вале ба гуфтаи масъулин, вазъ баръакс шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, мудири Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон имрӯз, 5 август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи соли равон 14 қоҷоқбари хориҷиро дастгир карданд, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Афғонистон буданд. Боздошти қочоқбарони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 9 нафар зиёд шудааст.

“Баъди ба сари ҳокимият омадан, “Толибон” тариқи ВАО изҳори назар карда, ниятҳои худро нисбати шахсоне, ки ба истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир машғул буданд, баён доштанд. Онҳо нисбати қочоқбарон ва чунин ашхос чазоҳои сангин муайян карданд ва гуфтанд, пеши роҳи фурӯшу паҳни онро мегиранд. Вале дар асл ҳамин чиз дида намешавад”, – нигаронӣ кард Воҳидзода.

Воҳидзода ҳамчунин, гуфт, афзоиши мусодираи маводи мухаддир дар соли 2022 дар кишвар ба қочоқи он аз Афғонистон рабт дорад.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 578  кг 145 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (1 тоннаву 695 кг 645 грам) 52 дарсад ё 882, 5 кг зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон ҳукумати “Толибон” бо як фармони махсус тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистонро манъ карданд.

Оғози машқҳои низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тирмиз

Дар машқгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод-2022” тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардиданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Лекин дар хабар доир ба муҳлатҳои анҷоми машқҳо, шумори хизматчиёни ҳарбӣ ва техникаи зиреҳпӯши дар он иштирокдошта, кадом амалиётро ба анҷом расонидан дар тамринҳо маълумот дода намешавад.

Қаблан низ дар бораи баргузории ин тамринҳо иттилоъ надода буданд, аз ин рӯ, маълум нест, ки оё ин машқҳо тибқи нақша гузаронида мешаванд ё не.

Дар ҳамин ҳол, дар хабари Вазорати мудофиаи кишвари ҳамсоя гуфта мешавад, машқҳо аз маросими тантанавии ифтитоҳ оғоз гардида, фармондеҳи Ҳавзаи махсуси ҳарбии Ҷанубу Ғарбӣ генерал-майор Зайнобиддин Иминов ва муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикитсон генерал-майор Шароф Эгамзод изҳори итминон карданд, ки баргузории машқҳои муштарак риштаҳои дӯстӣ байни кишварҳоро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад.

Пас аз суханронии шодбошӣ гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии ҳар ду кишвар доир гардид. Сипас дар нуқтаҳои таълимӣ ва мавзеи монеаҳои машқгоҳи Тирмиз низомиёни Ӯзбекистон машғулиятҳо гузаронида,  тарзу усулҳои муҳорибаи наздик, ба мавзеи бехавф бурдани маҷрӯҳон ва рафъи ҳамлаи душмани эҳтимолиро намоиш доданд. Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон низ имкон доштанд, ки дар ин намоишҳо иштирок кунанд.

Ду гумонбар дар қатли оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Додгоҳи вилояти Хатлон Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев, ду гумонбари қатли оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳунро ба ҳабси абад ва Адолат Шерматова, гумонбари сеюмро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукми ҷинояткоронро  Хусрав Холдорзода, додраси додгоҳи вилоятӣ эълон карда гуфтааст, ки тарафҳо метавонанд давоми 10 шабонарӯз аз болои ҳукм ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат кунанд.

Наздикони гунаҳкорон аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда, гуфтаанд, ки аз болои он ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят мебаранд.

Шарифа Шерматова, модари Адолат Шерматова ва наздикони Қиёмиддин Насриддинову Маҳмадғаюр Хайбуллоев гуфтанд, ба воситаҳои ҳимоятгаронашон ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикояти касатсионӣ мебаранд, чунки наздиконашонро бегуноҳ медонанд.

Ду рӯз пеш, айбдоркунандаи давлатӣ ба Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва  Қиёмиддин Насриддинов ҳукми абад ва ба гумонбари сеюм  Адолат Шерматова, зани Қиёмиддин Насриддинов 30 соли зиндон талаб карда буд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, гумонбарон зимни ироаи ҳарфи охирин худро бегуноҳ дониста, аз додрас хоҳиш кардаанд, ки онҳоро сафед кунад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, худро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо бегуноҳ дониста буданд. Онҳо даъво доштанд, ки зери фишор ва бар асари шиканҷа баёнот додаанд.

Бояд гуфт, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон чандест баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят ҷараён дорад. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбати се сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори ин хонавода айбдор мешаванд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова, оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи  104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.

Баъдан, аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш, ки зинда монданд, гумонбаронро шинохтанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend