Дар Белорус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ шуд

Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Белорус намоишгоҳи рассомони тоҷик таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» баргузор гардид.

Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст, маросими ифтитоҳи намоишгоҳ 27 апрел дар Китобхонаи миллии Белорус баргузор шуда, дар он вазирони фарҳанги ду кишвар иштирок карданд.

Акс аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Дар намоишгоҳ 38 асари рассомони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуда, намунаҳои санъати тасвирии миллӣ ва эҷодиёти муосири рассомони Тоҷикистонро инъикос мекунанд.

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Белорус аз 24 апрел оғоз гардида, то 1 май идома меёбанд. Дар ин давра дар шаҳрҳои Минск, Витебск ва Молоченко барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла намоишҳои ҳунарӣ, Рӯзҳои синамои Тоҷикистон, намоиши мусаввараҳо ва либосҳои миллӣ баргузор мегарданд.

Skip to toolbar