Дар баъзе кӯчаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ як шабонарӯз қатъ мешавад

Бо мақсади корҳои таъмирӣ дар баъзе кӯчаҳо ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ ба мӯҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад, дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод.

Интиқол оби нӯшокӣ муваққатан аз соати 23:00-и 17 феврал то соати 24:00-и 18 феврали соли равон,,  қатъ мегардад. Шаҳрдор аз сокинони ин ноҳияҳо хоҳиш кардааст, ки барои пеш наомадани мушкилӣ обро барои як  шабонарӯз захира намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар санаи зикршуда дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Носири Хусрав, Ибни Сино, Умари Хайём, гузаргоҳи якуми Мирзо Турсунзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мирсаид Миршакар, Шотемур, Пушкина, Теҳрон, Бухоро, Академик Раҷабовҳо, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Лоҳутӣ, К. Беҳзод ва дар ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон 1 ва 2, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва С. Айнӣ интиқоли об  қатъ мегардад.

Skip to toolbar