Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир

Дар Қазоқистон аз шаҳрванди Тоҷикистон зиёда аз 100 кг маводи нашъаовар мусодира кардаанд

Шаҳрванди 37 – солаи Тоҷикистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир дар Қазоқистон боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон К.О.К. дар натиҷаи амалиёти муштараки хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон дастгир шудааст. ВКД Қирғизистон ӯро ба ташкили яке аз шабакаҳои бузурги интиқоли маводи мухаддир гумонбар медонад.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванд дар қаламрави шаҳри Алмато боздошт шудааст. Аз ӯ зиёда аз 100 кило маводи нашъаовари героин мусодира шудааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон “дар ҷараёни амалиёти тӯлонии бисёрмарҳила  ва амалҳои ҳамоҳангшудаи кормандони фаврии Хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон” боздошт шудааст, омадааст дар хабари ВКД Қирғизистон.

“Барои безарар гардонидани фаъолияти синдикат (гурӯҳ)-и байнулмилалии маводи мухаддир, ки ба интиқол ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон тавассути Қирғизистон машғул буданд, амалиёти махсуси байналмилалӣ гузаронида шуд”,- зикр мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, барои муайян кардани иштирокчиёни дигари эҳтимолии гурӯҳи мазкур минбаъд боз чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ мешаванд.

“Арзиши тахминии маводи мухаддири мусодирашуда дар бозори сиёҳ 1 млн 190 ҳазор долларро ташкил медиҳад”, – илова мешавад дар хабар.

Skip to toolbar