Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:4416.08.2023
6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон бо гумони рабудани ҳамватанашон барои ба даст овардани 20 ҳазор доллар боздошт шудаанд, хабар медиҳад КазТАГ бо истинод ба ВКД Қазоқистон.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Алмаато як ҳамватани худро рабуда, барои озод кардани ӯ пул талаб кардаанд. Дар бораи нопадид шудани шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон як ҳамватани ӯ ба милитсия хабар дод”, - омадааст дар хабар.
Ин мард гуфтааст, дӯсташ рӯзи 13-уми август ба вохӯрӣ рафта, дигар барнагаштааст.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонаеро, ки дар он шаҳрванди рабудашударо дар асорат нигоҳ медоштанд, муайян карданд.
“Дастаи таъйиноти махсуси милитсия амалиёт гузаронида, дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистонро, бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар, ҳамватани худро рабудаанд, дастгир кард.
Онҳо ӯро лату кӯб намуда, ба навор гирифтаанд”,- гуфтааст сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили департаменти милитсияи Алмато Жанат Нургалиев.
Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели одамрабоӣ (моддаи 125 КҶ Қазоқистон) боз шудааст.
Гумонбаршудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
9 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
14 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад