logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар ҷашни Наврӯз як рӯз “лимит” намешавад

Ба иттилои сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик", Қурбон Аҳмадзода, рӯзи 21-уми март дар тамоми кишвар барқ таъмин мешавад.

Your tj

11:3418.03.2025

Дар ҷашни Наврӯз як рӯз “лимит” намешавад

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз танҳо як рӯз дар саросари кишвар барқ қатъ намешавад. Дар ин бора аз “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар додаанд.

Ба иттилои сухангӯи ин ширкат, Қурбон Аҳмадзода, рӯзи 21-уми март дар тамоми кишвар барқ таъмин мешавад.

Ӯ гуфтааст, “ҳоло дар обанбори Норак об ба миқдори лозима ҷамъ нашудааст, аз ин рӯ, дар ҳама рӯзҳои ҷашни Наврӯз маҳдудияти интиқоли барқ боқӣ мемонад”.

Ба гуфтаи масъулини “Барқи тоҷик”, айни ҳол дар кишвар реҷаи таъмини нерӯи барқ барои аҳолӣ бозбинӣ шуда истодааст. Имкон дорад, ки дар ояндаи наздик соатҳои таъминот афзоиш ёбад.

Дар ҳоли ҳозир, тибқи ҷадвали муайяншуда, аҳолӣ бояд шабонарӯзӣ: субҳ аз соати 3:30 то 7:30 ва шом аз 17:00 то 21:30 бо барқ таъмин бошанд. Вале сокинон аз риоя нашудани ин реҷа шикоят мекунанд.

Илова бар ин, намояндагони ширкат изҳор доштанд, ки рӯзи иди Рамазон низ барқ дар тамоми ҷумҳурӣ таъмин хоҳад шуд. Аммо, ҳоло маълум нест, ки маҳдудиятҳои нерӯи барқ кай пурра бартараф мешаванд.

Ба гуфтаи мақомот, ин масъала танҳо бо пурра фаъол гардидани нерӯгоҳи “Роғун” ҳал хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мушкили барқ соли 2027 пурра бартараф мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ