Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
"Дар арафаи ҷашни Истиқлол мехостанд амалҳои террористӣ анҷом диҳанд". КДАМ амалиёти зиддитеррористӣ анҷом додааст
Дата публикации: 06:2506.09.2023
Се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ шаби 29 ба 30-юми август, бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хати сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба таври ғайриқонунӣ вайрон намуданд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.
“Субҳи 5 сентябр, дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд”,- омадааст дар иттилоъ.
Вале тавре хабар дода мешавад, террористон ба амри кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз тамоми намуди силоҳи дар ихтиёрдоштаашон оташ кушоданд.
Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ се нафар аъзои гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ безарар гардонида шуданд.
“Маълум карда шуд, ки дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда шудаанд”,- хабар медиҳад КДАМ.
Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса ва пинҳонгоҳи махфӣ ба миқдори зиёд силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд:
Кумита дар натиҷаи таҳқиқ, озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда ва ҷасади террористон муайян кардааст, ки онҳо аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд. Ҳамчунин, шахсияти онҳоро низ ошкор кардааст.
Гуфта мешавад, нисбат ба аъзоёни гурӯҳи террористии мазкур қаблан бо моддаи 401 прим 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”) парванда оғоз гардида, номбурдагон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.
“Таҳлил ва арзёбии далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки ин амалиётҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсус мақсаднок тарҳрезӣ шудаанд. Гурӯҳҳои террористии мазкур таҳти роҳнамоии чунин сохтор омодагии ҷангӣ дидаанд. Бо силоҳу муҳиммот, маводи тарканда таъмин ва ҳамчунон маблағгузорӣ гардидаанд”,- менависад КДАМ.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, қаблан 26-уми апрели соли ҷорӣ низ Кумита аз ворид шудани 2 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба хоки Тоҷикистон ва дар натиҷаи гузаронидани амалиёти безарар гардонидани онҳо хабар дода буд.
Ҳамчунин, шаби 28-уми апрел низ аз рахна шудани сарҳади давлатии Тоҷикистон аз ҷониби 8 нафар гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ хабар дода буданд. Гуфта мешуд, онҳо ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик дучор шуда, се нафарашон боздошт шуданд. Вале боқимонда ба тарафи Афғонистон фирор карданд.
706 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад