Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:1308.08.2023
Шаби 7-уми август дар деҳаи Мадми ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари боронҳои шадид сел омад, иттилоъ медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Бар асари сел ба 4 бинои истиқоматӣ, биноҳои ёрирасон ва роҳҳои деҳа қисман осеб расида, заминҳои кишоварзӣ шуста шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи омадани сел талафоти ҷонӣ ва хисорот мавҷуд нест.
Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аҳолии деҳа сафарбар карда шуда, техникаи муҳандисӣ ҷалб карда шудааст.
Бо усули ҳашари умумӣ аллакай 3 бинои истиқоматӣ, биноҳои ёрирасон, 900 метр роҳи маҳаллӣ, 500 метр партовҳои сел оварда ва 120 метр ҷӯйборҳо барои обёрии замин тоза карда шуданд.
Айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми июл низ дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ сел омада буд. Дар натиҷа 161 хонавода аз офати табиӣ осеб дида, ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, 64 иншооти ёрирасон қисман осеб дида, ҳамчунин 81 замини наздиҳавлигӣ зери об монда буд.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад