logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Агентии авиатсия гуфтанд, моҳҳои наздик нархи билетҳои ҳавопаймо арзон мешавад

Ба гуфтаи Ҳабибулло Назарзода, “тахфифҳои бузурге, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод кардаанд, нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба ҳама самтҳо бояд 40-45% арзон шавад”.

Your tj

16:0823.07.2025

Дар Агентии авиатсия гуфтанд, моҳҳои наздик нархи билетҳои ҳавопаймо арзон мешавад

Қарор аст моҳҳои наздик нархи билетҳои ҳавопаймоии ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ба ҳамаи самтҳо арзон шавад.

Ин нуктаро Ҳабибулло Назарзода директори Агентии авиатсияи граждании кишвар зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеи худ таъкид кард.

“Ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ аз тарафи роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе 40% ба ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии умумӣ ва хизматрасонии рӯизаминӣ тахфифҳои калон пешниҳод шудааст. Ин иқдом барои арзон шудани нархи билети ҳавопаймоӣ гирифта шудааст”, - зикр намуд ӯ.

Назарзода қайд кард, ки мувофиқи ин тахфиф айни ҳол ширкатҳои хориҷӣ нархи билетҳоро 20-30% поён оварданд.

Дар нишаст ҳамзамон зикр гардид, ки ширкати “Тоҷикаэроновигатсия” нархҳои хизматрасонии аэроновигатсионӣ паст намуда, ширкатҳои сӯзишвории фурудгоҳ низ 20% нархи сӯзишвориро арзон кардаанд.

Ба назари Ҳабибулло Назарзода “тахфифҳои бузурге, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод кардаанд, нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба ҳамаи самтҳо бояд 40-45 дарсад арзон шавад”.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон 12-уми июл қарори сиёсати “Осмони кушод”-ро қабул кард, ки мувофиқи он татбиқи принсипи паритет барои муҳлати номуайян қатъ мегардад.

Ин сиёсат имкон медиҳад, ки рақобат байни ширкатҳои ҳавопаймоӣ афзуда, нархи чиптаҳо низ арзон шавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ