Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:5009.08.2022
Дар шаҳри Исфара 22 нафар сокинон пас аз истеъмоли хӯрок дар қаҳвахонаи маъруфи “Одилон” заҳролуд гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарашон дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар бораи заҳролуд ва бистарӣ шудани сокинон котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов дар Facebook хабар додааст.
Ба гуфтаи яке аз пизишкони беморхонаи марказии шаҳри Исфара, ин нафарон пас аз истеъмоли хӯриш заҳролуд шудаанд.
“Якчанд рӯз қабл ба шӯъбаи сироятии беморхона 22 нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ муроҷиат карданд, ки айни ҳол 10 нафарашон бистарӣ мебошанд. Табобати ин беморон пурра ройгон ба роҳ монда шудааст”, - гуфт пизишк ба Your.tj.
Вобаста ба заҳролудшавии сокинон, раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар як ҷаласаи корӣ ба роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ дастур додааст, ки табобати нафарони заҳролудшуда пурра ройгон ба роҳ монда шавад.
“Ҳамзамон шаҳрдори Исфара аз масъулин қотеъона талаб намуд, ки гунаҳкорони ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шуда, фаъолияти сохторҳои санитарию эпидемиологӣ ва бехатариии озуқаворӣ дар самти назорати вазъи беҳдоштии тарабхонаву ошхонаҳо ва нуқтаҳои савдою марказҳои хизматрасонӣ пурзур карда шавад”, - навиштааст Шомадов дар Facebook.
Сокинони шаҳр имрӯз, 9 август дар суҳбат ба Your.tj гуфтанд, ки айни ҳол дари қаҳвахонаи “Одилон” барои муштариён баста аст.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад