Ҷавонони тоҷик ба хизмати ҳарбӣ мераванд

Дар 10 рӯз 50 фоизи нақшаи даъвати ҳарбӣ иҷро шудааст

Дар  10 рӯзи аввал даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 фоиз иҷро шуда, наздики 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд. Дар ин бора дафтари матбуот Вазорати мудофиа хабар дод.

Ҳамин тавр, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 55 фоизро ташкил дода, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод дар рӯзҳои нахустини даъват нақшаи даъватро сад фоиз анҷом додаанд.

Дар вилояти Хатлон бошад, иҷрои нақша 62 фоизро ташкил дода, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Мӯъминобод ва ноҳияи Носири Хусрав аз анҷоми даъвати баҳорӣ гузориш додаанд.

Дар вилояти Суғд давоми 10 рӯзи даъвати ҳарбӣ 36 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 30 фоизи нақша иҷро шудааст.

Бояд гуфт, ки дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақша гузориш дода буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои охир, корбарони Фейсбук ба шикоят аз шеваҳои нави сарбозшикор оғоз кардаанд. Ба навиштаи онҳо, шахсони номаълуми дар тан либоси мулкӣ дошта, савори автомашинаи мусофиркаши “Спринтер”, хатсайри рақами 14, бидуни рақами қайди давлатӣ дар кӯчаҳои пойтахт гашта, ҷавононро аз роҳ ба он савор карда истодаанд.

Мавзӯи “сарбозшикор” мушкили нав нест. Ҳар сол шеваҳои гуногуни ғайриқонунии ин падида расонаӣ мешавад. Муносибати дурушту рафтори ғайриоинномавӣ ва латукӯбу азобу шиканҷа дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сабаб шудааст, ки аксари ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гурезанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, сафи ихтиёриён барои хизмат дар артиш зиёд шудааст.

Даъвати ҳарбии баҳорӣ аз 1-уми апрел, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон оғоз ёфта, то охири моҳи май идома меёбад. Дар ин даъват шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Skip to toolbar