Данғара ҳам вилоят мешавад. Ин дафъа бидуни шак

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Аск аз Спутник Тоҷикистон

Шаҳрдории Душанбе ҳамаи “маршрутка”-ҳоро аз кӯчаҳои пойтахт берун карданист

Вазъият ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон мудом мавриди интиқоди шадид қарор дошта, дар нақлиёти пойтахт, бахусус микроавтобусҳо ё худ “маршрутка”-ҳо сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ ба мусофирон бениҳоят паст аст.

Тибқи гуфтаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, мувофиқи нақшаи шаҳрдории пойтахт, ояндаи наздик микроавтобусҳо аз кӯчаҳои марказии Душанбе хориҷ шуда, сипас ин тадбир дар ҳамаи қаламрави шаҳр амалӣ мешавад.

Айни замон дар яке аз кӯчаҳои марказӣ – хиёбони Рӯдакӣ микроавтобусҳо (маршруткаҳо) ҳаракат намекунанд.

Амирхон Қурбонзода инчунин гуфт, пас аз, 7,6 ҳазор гектар васеъ кардани ҳудудҳои пойтахт дар охири соли 2019 аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ мушкилоти нав пеш омад. “Дар қаламрави ба шаҳр ҳамроҳшудаа роҳандозии хатсайрҳои троллейбус ва автобус ғайриимкон буда, хати барқ ҳам ​​мавҷуд нест”, – иброз дошт ӯ

Ҳамзамон вай таъкид кард, ки шаҳрдории пойтахт ба корҳои таъмири мактабу роҳҳо, иншооти иҷтимоӣ ва беморхонаҳо дар қаламрави ба шаҳр ҳамроҳшуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Данғара ҳам вилоят мешавад. Ин дафъа бидуни шак

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл муовини раиси ноҳияи Данғара Ҷамшед Шарифзода хабар дод.

Ӯ изҳор намуд, ки бо қарори ҳукумат дар ноҳия кайҳост инҷониб бинои муассисаҳои вилоятӣ сохта мешаванд.

«Масалан, дар ин ҷо беморхонаи вилоятии сироятии Данғара ба истифода дода шудааст. Бинои Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло сохтмони бинои Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, маркази саниатрӣ-эпидемиологии вилоят идома дорад, – мегӯяд ӯ. – Ин маънои онро дорад, ки Данғара вилоят хоҳад шуд, аммо мо ҳоло вақти дақиқи ин тағйиротро намедонем”.

Дар “Барқи тоҷик” гуфтанд, нархи барқ боло меравад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, нархи истифодаи барқ имсол дар Тоҷикистон гарон мешавад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар.

Рустам Маҷидзода, сардори департаменти иқтисод ва молияи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 29-уми июл гуфт, нархи барқро «як гуруҳи корӣ дар назди Хадамоти зиддиинҳсорӣ муайян мекунанд».

Масъули “Барқи тоҷик” афзуд, онҳо хароҷоти худро ба ин гуруҳи корӣ пешниҳод кардаанд ва дар ниҳоят ҳукумат тасмим мегирад, ки нархи барқ чӣ қадар бошад.

Рустам Маҷидзода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, арзиши асосии истеҳсоли як киловат барқ дар Тоҷикистон бе назардошти хароҷоти интиқол 20 дирам мебошад. Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси “Барқи тоҷик”, шарҳ дод, ки «арзиши аслии истеҳсоли барқ вобаста ба хароҷот метавонад зиёдтар бошад.»

“Гуруҳи корӣ 40 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мушаххас кард”

Қирғизистону Тоҷикистон 40 километри дигари марзро “мушаххас карданд”. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 29-уми июл Абдулат Мирзоев, узви Кумисюни ҳукуматии он кишвар дар мавриди таъину нишонагузории сарҳад иттилоъ дод. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

“Дар 3 мулоқоти охири гуруҳҳои кории ду кишвар 40 километри дигари марз мушаххас шуд. Моҳи август мулоқот дар Тоҷикистон дар нақша аст. Корҳо идома доранд, аммо мо гуфта наметавонем, ки масъала кай ҳал мешавад”, – гуфт Мирзоев.

Аз 12 то 17-уми июл дар шаҳри Бишкек мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистон бо Қирғизистон баргузор шуд. Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти ин мулоқотро шарҳ надоданд.

Гармии ҳаво дар Лахш боис ба канда шудани як пора пирях шудааст

Бино бар гармии ҳаво як пора пирях дар кӯҳҳои Сугати минтақаи Лахш (Ҷингатоли собиқ) канда шудааст. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, яхпора маҷрои дарёи Тугат ва Сурхобро баст ва об қисме аз роҳи Ваҳдат-Лахш-Қирғизистонро зер намуд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 29-уми июл гуфтанд, оқибатҳои офати табииро бартараф карданд. “Равуои нақлиёт барқарор гардида, сатҳи оби дарёи Сурхоб назорат карда мешавад”, — гуфтанд дар Кумита. Ба иттилои Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво то 31-уми июл гарму хушк мемонад. Дар як қатор минтақаҳои кишвар эҳтимоли фаромадани селҳо мавҷуд аст.

Азимтарин корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин ба кори муқаррарӣ гузашт

Корхонаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистону Чин, ки баъди ба фаъолият шуруъ карданаш аз соли 2017 ба ин тараф кори муназзам надошт, ба реҷаи махсуси фаъолият шуруъ кардааст. Дар ин бора раиси шаҳри Истиқлол Даврон Зоҳидзода дар нишасти мутбуотӣ хабар дод.

Оғози соли ҷорӣ мақомоти шаҳри Истиқлол аз суст шудани кор дар ин корхона нигаронии амиқ карда гуфта буданд, ки ба далели барои онҳо норӯшан корхона давоми ду сол аст, ки фаъолият намекунад.

Даврон Зоҳидзода гуфт, дар пайи гуфтушуниди мақомот бо роҳбарияти корхона онҳо аз охири моҳи май ба кори муқаррарӣ шуруъ карданд ва дар шаш моҳи имсол дар корхона 199 тонна сурб ва 18 тонна руҳ истеҳсол шудааст.

Ӯ иттилоъ дод, ки шумори кормандони корхона ба 423 нафар расида, 215 нафари он сокинони маҳаллӣ, боқимонда чиниҳо ҳастанд ва музди миёнаи корӣ дар ин корхона 1438 сомонӣ аст.