Доробшоҳ Наботов размикори тоҷики ММА дар як нишасти матбуотии пеш аз мусобиқаи UFC 308 дар Абу-Даби иштирок карда, бо роҳбари Лига Дана Уайд ҳамсуҳбат шуд ва гуфт, агар касе аз иштирокчиён хориҷ шавад, омода аст рақобат кунад.
Ӯ микрофонро ба даст гирифта, гуфт, ки “размикори мағлубнашуда” аз Тоҷикистон ҳаст
“Дана, ман саволе надорам, барои рақобат кардан дар кӯтоҳтарин муддат омадам. Ҳеҷ гоҳ менеҷер надоштам, ҳама чизро худам ҳал мекардам. Дана, лутфан, ба ман як имконият (шанс) деҳ. Ман омодаам!”,- афзуд ӯ.
Дар посух Уайт аз ӯ пурсид, ки пештар куҷо буд.
“Мо ҳоло силсилаи довталабонро ба анҷом расонидем”, – гуфт ӯ.
Дана Уайт аз Наботов пурсид, ки чандсола асту чӣ натиҷаҳо дорад. Баъд роҳбари UFC ӯро даъват карда, назди ноиби президенти лига Хантер Кэмпбелл бурд. Сипас онҳо тамосҳо (рақамҳои телефон)-и худро ба ҳамдигар доданд.
Доробшоҳ қарордод гирифт, аммо барои иштирок дар мусобиқаи интихобӣ барои UFC – дар DWCS (Силсилаи довталабони Дана Уайт). Наздиктарин чунин мусобиқа 14 декабр дар Корея баргузор мешавад. Дар сурати пирӯзӣ, размикор метавонад шартномаи UFC-ро ба даст орад.
Доробшоҳ Наботов 25-сола аст. Вай дар вазни сабук ҳунарнамоӣ мекунад. Устоди варзиши ММА, панкратион ва самбои ҷангист.
Варзишгар 31 январи соли 1999 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб Доробшоҳ ба Челябинск кӯчида, дар он ҷо ҷиддӣ ба ММА машғул шуд ва ба машқу тамрин дар толор оғоз кард.
Дар муддати фаъолияти худ дар UFC ӯ 9 рақобат гузаронида, дар ҳамаи онҳо (4-тояш пеш аз муҳлат) ғолиб омадааст. Доробшоҳ дар лигаҳои ACA Young Eagles, Ural FC, AMC Fight Nights ҳунарнамоӣ кардааст.