Далери Имомалӣ бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аст. Ҳамчунин, рӯзноманигор бояд ҷарима низ пардохт намояд.
Тибқи иттилои дастрасгардида, ҳукми рӯзноманигор дирӯз, 17-уми октябр, эълон гардидааст. Вакили дифои Далери Имомалӣ ба хабарнигорон аз ироаи муҳлати ҳукми эълонгардида худдорӣ намуда, танҳо гуфтааст, ки “ҳукм хонда шуд”. Дар хусуси вокуниши пайвандони Далери Имомалӣ ва худи ӯ ба ҳукми эълоншуда маълумот дастрас нест ва ҳам дақиқ нест, ки оё аз болои ҳукми содиргардидаи зинаи аввал шикояти кассатсионӣ бурда мешавад ё не.
Дар мурофиаи қаблӣ, айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Далери Имомалӣ 10,5 соли зиндон хоста буд.
Мурофиаи додгоҳии ин рӯзноманигор ва блогнависи шинохта 7-уми октябр дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) оғоз гардид.
Дар мурофиаҳо назидикони Далер ва рӯзноманигорон роҳ дода нашуданд. Қаблан гуфта мешуд, ки ба парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ задаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Далери Имомалӣ 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд.
Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуд.
Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯа рӯзи 4-уми октябр бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 7,5 сол равонаи зиндон шуд. Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар мешавад, вале худаш дар суд ҳамкоришаро бо ин ҳизбу ҳаркатҳо қотеъона рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ба ғайр аз Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ баррасии парвандаи ду рӯзноманигори дигари тоҷик дар суд идома дорад: Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ.
Завқибек Саидаминӣ як рӯз пеш аз иди Қурбон, 8 –уми июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкориашро бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон рад кардаанд.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Наздиконаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад. Вале вакили дифоаш дар мурофиаи нахустин гуфт, Абдусаттор шиканҷа шуданашро рад ва гуноҳашро эътироф кард
Ёдовар бояд шуд, ки мурофиаи чаҳор рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шуд ва наздикону пайвандон ва журналистон ба он роҳ наёфтанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигорнро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд ки онҳоро фавран озод кунанд.