fbpx

Даҳ соли подабонии Зикруллоҳ Одинаев дар кӯҳу чарогоҳ

Вай ҳар рӯз 100 сар чорворо ба чарогоҳ бурда бонӣ мекунад ва бар ивазаш моҳе 1000 сомонӣ музд мегирад.


0

Зикруллоҳ Одинаев ҳанӯз аз синни 17-солагӣ бо подабонӣ аробаи рӯзгори хонаводаро мекашад. Як сол пеш аз пандемия қаҳрамони мо бо ҳамдеҳагонаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, аммо соли гузашта дар авҷи воҳимаи пандемия ба Ватан баргашт, умед дошт, ки то тобистон вазъ беҳтар мешаваду ба Русия меравад. Вале марзҳо баста шуданд ва Зикруллоҳ боз баргашт ба касби пешинаи худ подабонӣ.

Тани танҳо бо 100 гов дар саҳро

Соати 4-и субҳ Зикруллоҳ мисли ҳарвақта аз хоб мехезад ва дасту рӯйро шӯста, як пиёла чойи кабуду як бурида нонро бо чанд дона қанди сафед саросемавор мехӯрад. Лисобҳои саҳроиро пӯшида, дар ғилофи миёнаш кордро мегузораду калтакчӯби дарозро ба даст мегирад. Ба хурҷини хар борхалтаашро мегузораду ба хар савор шуда, шитобон ба баромадгоҳи деҳа ба самти чарогоҳ ҳаракат мекунад.

Аллакай то омадани Зикруллоҳ ба мавзеи ҳарвақта подабони шарикаш, ки ҳарду якҷо подаро бонӣ мекунанд, чорвои мардумро аз маҳаллаи Пушти Қалъаи деҳа ба баромадгоҳи деҳа ҳай карда меорад ва ба хонааш бармегардад.

Зикруллоҳ бошад ҳамроҳи пода то бегоҳӣ танҳо дар чарогоҳ мемонад. Зеро пас аз мавсими алафдаравӣ даҳмардаҳо подаҳои деҳаро аз кӯҳу пуштаҳо ба пастиву чарогоҳ мефароранд. Онҳо ҳар ҳафта байни худ бо навбат подабонӣ мекунанд. Қаҳрамони мо ҳоло ҳафтае чор рӯз танҳо 100 гови сокинони маҳаллаи Пушти Қалъаро танҳо мечаронад.

Подабонӣ барои пешбурди зиндагӣ

Зикруллоҳ дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекунад. Ӯ фарзанди калони оила аст ва пас аз вафоти падар инак ҳудуди 8 сол мешавад,  ки саробони хонаводаро ба зимма дорад. Зикруллоҳ ҳаёти вазнинеро то ба имрӯз паси сар кардааст. Баъд аз хатми мактаби деҳа, пас аз синфи 9 дигар ба мактаб  нарафт ва ҳамроҳи фарзандони амакҳояш дар заминҳои хоҷагии деҳот ба нигаҳбонии майдони ҷуворимакка машғул шуд.

“Падарам, Худо раҳмат кунад, устои дару тиреза буданд зиндагиамон хоксорона буд. Аммо бо гузашти вақт додом ба беморӣ гирифтор шуданд ва дигар устогӣ карда натавонистанд. Пас аз чанд соли азият аз беморӣ падарам дунёро тарк карданд ва ману модараму ду додарам танҳо мондем” – бо дард нақл мекунад, Одинаев.

Пас аз сари падар, то ба имрӯз Зикруллоҳ барои пешбурди зиндагӣ чорвои мардумро дар саҳро бонӣ мекунад.

 

Баҳорон подабонӣ – зимистон мардикорӣ

Пеш аз оғози пандемия Зикруллоҳ ҳамроҳи чанде аз хешовандон ба шаҳри Красноярски Русия муҳоҷир мешавад ва он ҷо ҳудуди як сол дар сохтмон кор мекунад. Дар авҷи пандемия қаҳрамони мо ҳамроҳи ду бародараш ба ватан баргаштанду дигар ба муҳоҷират рафта натавонистанд.

“Пас аз баргаштан аз Русия боз рӯй овардам ба подабонӣ. Аз аввали баҳор то миёнаҳои тобистон чорвои мардумро дар чарогоҳи деҳа бонӣ мекунем ва дар зимистон ба мардикорӣ машғул мешавам», -мегӯяд каҳрамони мо.

Тавре Зикруллоҳ мегӯяд маблағи кор кардаашон ба роҳкирову якчанд моҳи зиндагӣ базӯр расидагӣ кардааст.

Даҳ соли даҳмардагии Зикруллоҳ

Инак Зикруллоҳ даҳ сол аст, ки говҳои мардуми деҳаро аз соати 4- и субҳ то 6- и бегоҳӣ дар кӯҳу чарогоҳ бонӣ мекунад. Кори даҳмардагӣ аз моҳҳои апрел-май оғоз ёфта, то моҳҳои сентябр-октябр идома меёбад. Ҳоло Зикруллоҳ бо ҳамроҳии подабони дигар 100 сар гови мардумро ба ивази 20 сомонӣ сари чорво дар як моҳ, ки ба ҳарду 1000 сомонӣ мерасад, мечаронанд. Пештар ба чӯпонон ва подабонони деҳа ба ивази сари чорво як дона нони калони тунӯрӣ медоданд, ки онро «оши ҳалол» мегуфтанд. Ба ивази як нон подабон то бегоҳ говпоӣ мекард, аммо имрӯз равиши ҳақмузди даҳмардаҳо тағйир ёфтааст. Ба ғайр аз 20 сомонӣ ҳақмузд оилаи подабон ҳуқуқ дорад, ки саргинҳои подаро гирифта таппак кунанд.

Ба нақли подабон давраи ҳассос барои чаронидани подаҳои деҳа айёми боронҳои баҳорӣ мебошад. Чун дар аввалҳои баҳор дар кӯҳу пуштаҳо нисбат ба чарогоҳ алаф бештар аст ва подабонон ҳудуди ду моҳ дар доманакӯҳҳо чорвои мардумро бонӣ мекунанд. Подабонӣ дар доманакӯҳҳо дар мавсими борон барои чӯпонони рамаву даҳмардаҳои подаҳои деҳа мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меорад.

«Вақтҳои боронӣ дар кӯҳу пушта ғалтухези говҳо бисёр мешавад, бинобар ин гоҳ якеро пояшу дасташ мешиканад ва дигаре аз ҷарӣ меафтад ва баъзан говҳои шохзур дигар говро тела дода меафтонад. Ин ҳолатҳо кам мешаванд, зеро мо подаро оҳиста-оҳиста ронда ба пастиҳои доманакӯҳ мебарорем. Барои эҳтиёт корди ғилоф ҳамеша барои сарбурии гови аз ҷарӣ афтида омода аст», – мегӯяд, подабон.

Қаҳрамони мо гуфт, ки онҳо рақамҳои телефони соҳибони говро доранд ва пас аз ҳодисае рух додан ба онҳо занг мезананд, то омада говашро аз саҳро баранд. Ҳолатҳое мешавад, ки говҳои ҳомиларо дар чарогоҳ подабонон таваллуд мекунонанд ва соҳиби гов гӯсоларо бо модагов ба мошин савор карда ба деҳа меоранд. Ҳолатҳои гумшавии чорво дар раванди подабонии даҳмардаҳои деҳа ками дар кам рух медиҳад, ки он гови гумшударо пас аз соате ё рӯзи дигар пайдо мекунанд.

«Эй, фалонӣ, аз пода набаро»

Подабонони таҷрибадор ҳамаи говҳоро мешиносанд, ки аз они кист ва ҳатто ҳангоми рондан одат шудааст, ки чорворо бо номи соҳибаш фарёд мекунанд: “Эй, фалонӣ, аз пода набаро”. Мумкин ин хандаовар намояд, аммо ҳақиқатан ҳамин тавр аст ва говҳо низ пас аз фаҳмидани номи соҳибашон аз забони подабон аз роҳаш бар мегарадад ва ба пода ҳамроҳ мешавад. Ҳатто дар таҷрибаи даҳмардаҳои ба қавле дар кори худ усто дида мешавад, ки подаро пас аз ба саҳро сар додан ба баландие баромада бо овози «ҳаё бош!» говҳоро идора мекунанд.

Пас аз нисфирӯзии барои подабонон ҳамчун истироҳати рӯзона онҳо ду-се соати дигар дар наздикиҳои деҳа подаро мечаронанду бегоҳ пеш аз намози шом говҳоро ба деҳа медароранд.

Ин шабу рӯз Зикруллоҳ танҳо дар чарогоҳ зиёда аз сад чорворо бонӣ мекунад ва пас аз чанд ҳафта кори имсолаи даҳмардагиро ба итмом мерасонад. Чун ба доманакӯҳҳои деҳа аллакай сардиҳои зимистон мефарояд. Ӯ ҳамеша дар талош аст, зеро рӯзгори худ ва зану се фарзанду модару ду додар бар зиммаи ӯст.

Тавре қаҳрамони мо мегӯяд кори даҳмардагӣ саҳлу осон набуда аз одам ҳушёрӣ ва босабр буданро талаб мекунад.  Хусусан дар баҳор, ки борону сел зиёд аст, кори подабон хатаронок мешавад. Аз ин рӯ Зикруллоҳ ният дорад, ки аз подабонӣ ба кори хоҷагидорӣ, ки даромадаш бештар аст, гузарад.

“Имсол шояд соли охири подабониам бошад. Пандемия дар Русия тамом шавад додарҳоям ба муҳоҷират мераванд ва ман ба корҳои деҳқонӣ ва хоҷагӣ машғул мешавам. Чун кор мушкил ва бо ҳақмузди ночиз дар ин чарогоҳи беканор дар ин гармои тобистон хеле мушкил аст”, мегӯяд, Зикруллоҳ.

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend