Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:1205.09.2023
Мақомоти интизомии Алмаато 30 шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистонро ба ватанашон гусел кард, хабар медиҳад Orda.kz.
Тавре аз хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон хабар медиҳанд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-профилактикии "Участок" муҳоҷирони ғайриқонунӣ ошкор карда шуданд.
"Дар давоми 18 рӯз ҳамагӣ 2380 қонуншикан ошкор карда шуд, ки 813-тои он аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.
Онҳо тибқи моддаи 517-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. 387 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, дар қабулгоҳи милитсия ҷойгир карда шуданд.
Ҳамзамон нисбати 349 нафар шаҳрвандоне, ки қонунии будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Қазоқистон риоя накардаанд, чораҳои маъмурӣ андешида шуданд", - гуфт Асхат Бутунчинов, раиси Хадамоти муҳоҷирати Алмаато.
Илова бар ин, 30 нафар қонуншиканон аз ҷониби кормандони милитсия то сарҳади давлатӣ интиқол дода шудаанд.
Барои ин автобуси дорои ҷойи нишасти бисёр ҷудо карда шудааст. Хориҷиёнро дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” то сарҳади давлатӣ гусел кардаанд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
18 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад