fbpx

Дӯстӣ бо тарсноктарин намояндаи олами вуҳуш. Чӣ тавр Мадина бо морҳо беш аз 15 сол боз дӯстӣ мекунад

Бо мусоидати  шавҳар Мадина оҳиста – оҳиста бо морҳо дӯстӣ кард.


-1
-1 points
Зани тоҷик бо морҳо
Ин ва дигар аксҳо аз муаллифи мақола дастрас гардид

Сокини вилояти Суғд Мадина Давлатоваи 48 – сола дошта дӯстдори ҳайвонот аст. Ӯ 8 сол дар сирки шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон кор кардааст. Мадина бештар бо морҳои калон бозӣ мекард. Қаҳрамони мо дар Тоҷикистон низ шуғли дӯстдоштаашро идома дод. Барои ин ҳатто аз бонк қарз гирифт. Муаллифи Your.tj бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, дар бораи фаъолияти ғайриодияш нақл кард.

Ба шавҳари морбоз расида мордӯст шудам

Мадина бо ҳайвонот баъди оиладоршавӣ сарукор гирифт. Ба ӯ морбозӣ писанд омад. Давлатова соли 1993 барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи шаҳри Қаршии Ӯзбекистон рафт. Дар он ҷо бо шавҳари ояндааш, ки дар сирки Тошканд кор мекард, шинос шуд.

Мадина ва морҳои ӯ

Ҳамин тариқ, шиносоиву ишқ ӯро низ ба Тошканд бурд. Мадина ҳам дар канори шавҳараш дар сирки шаҳри Тошканд ба ҳайси морбоз кор кард. Ба гуфтаи ӯ дар аввал унс гирифтан бо ҳайвонот барояш осон набуд. Вале дар як муддати кӯтоҳ тавонист бе тарсу ҳаяҷон хотири тамошобинонро шод намояд.

Идомаи шуғли дӯстдошта дар Ватан ва мушкилиҳои он

Ӯ 12 сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуда ба Тоҷикистон баргашт. Қаҳрамони мо хост дар Ватан шуғли писандидааш – морбозиро идома диҳад. Бо ин мақсад аввал соли 2016 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боғи ҳайвоноти “Парвоз”-ро таъсис дод. Вале кораш барор нагирифт.

“Шароити танги ин боғ ҳам барои ҳайвонот ва ҳам барои тамошобинон мушкил пеш овард. Бо мусоидати ҳукумати вилояти Суғд мо дар боғи “Наврӯзгоҳ” – и шаҳр Хуҷанд ҷойгир шудем”,- нақл кард ӯ.

Аммо ин ҷой ҳам шароити номусоид дошт. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо тангу номусоид будани ҷой боиси талаф ёфтани чанде аз ҳайвоноти боғ дар зимистони соли 2018 шуд. Мадина имсол беш аз 30 ҳайвони нодиру гаронарзишашро ба Сирки сайёри шаҳри Турсунзода бурд.

“Гоҳо мебинам, ки дастгирии ҳукумат нест ва қарз болои қарз зам шуда истодааст, мегӯям аз баҳри кор мебароям. Аммо боз ҳамон меҳри ба олами ҳайвонот доштаам маро водор мекунам, ки “дандон ба дандон зада” сабр кунам.

Баъди талаф ёфтани ҳайвоноти боғам аз зиққӣ қариб бемор шудам. Марги онҳо ба мисли марги як одами наздикам маро андуҳгин мекунад. Зеро ҳар яки онҳоро худам бо меҳр парвариш мекунам. Имсол косаи сабрам лабрез шуду ҳайвонҳоро гирифта, ба шаҳри Турсунзода бурдам. Хайрият ҳукумати ин шаҳр хуш истиқбол гирифт ва ҳоло дастгирии хуб карда истодааст”,- афзуд Мадина.

Соли 2016, дар аввали таъсисёбӣ дар боғи ҳайвоноти “Парвоз” беш  40 намуди ҳайвонотро дидан мумкин буд. Ҳоло ҳамагӣ 10 намуд боқӣ мондааст.

Давлатова мегӯяд, барои харидани ҷонварон ва таъсиси боғ аз бонк пул қарз гирифта буд. Дар гирд овардани ҷонварони нодир ба ӯ дӯстону хешон ва дигар дӯстдорони олами вуҳуш ёрӣ додаанд.

“Баъзеи ин ҳайвонҳоро аз боғи ҳайвоноти Душанбе, баъзеашро аз Тошканд харидам. Ду мори калони Питонро ба ман дар рӯзи таваллудам дӯстонам аз Тошканд ҳадя карданд. Морҳо аз 500 то 5 ҳазор доллар арзиш доранд”,- нақл кард Мадина.

Боғи ҳайвонот дар Хуҷанд

Дӯстӣ бо олами вуҳуш

Ӯ собиқаи зиёди кор бо ҷонварони ваҳширо дорад. Вале таъкид мекунад, ки ба бехатарии ҳайвоноту хазандаҳо кафолат дода намешавад. Ҳамеша эҳтиёткорона бояд рафтор кард.

“Шукр, то имрӯз ягон мор ё дигар ҳайвоноти боғам ба ман зарар нарасонидаанд. Фарзандонам, ба хусус писари хурдиям мегӯяд, ки модарҷон то кай ба ин тиҷорати бебарор худатонро хаста мекунед. Ҳамаашро фурӯшед, аз сарфу харҷи барзиёд, ки аз ҳисоби буҷети оилаамон аст, халос мешавем. Лекин ҳайвонот як ҷузъи зиндагии ман шудаанд ва бе онҳо зиндагиямро тавассур намекунам”,- гуфт Мадина.

То зарар нарасонӣ, безараранд

Ӯ аз замони намоишҳояш бо морҳоро ба хотир овард. Ба гуфтаи Мадина тамошобинон аз баромади ӯ ва морҳояш ба ҳайрат меомаданд. Ҳатто бо баланд кардани садо эҳсоси тарси худро баён медоштанд.

“Зеро дар саҳна дидани зане, ки дар дастонаш ва тану баданаш морҳои калон печидаанд як андоза боварнокарданӣ буд. Аз хурдӣ ҳамаи мо морро чун хазандаи баду зараррасон мешиносем. Аммо вақте ба морбозӣ руй меорӣ, ҳатто заҳрдор ё безаҳр будани онҳо бароят фарқ надоранд.

То инсон ба мор зарар нарасонад, вай ҳам ба роҳи худаш меравад. Солҳое, ки дар сирки Узбекистон кор мекардам, ин табиати морҳоро бештар эҳсос кардам”,- афзуд Мадина.

Морҳо хӯроки зинда мехӯранд ва дар табиат насл зиёд мекунанд. Дар шароити боғи ҳайвонот ё хона ин раванд мушкил аст. Зеро танҳо бо воситаи инкубаторҳо мумкин аст насли онро зиёд кард. Аммо ба гуфтаи қаҳрамони мо дар таҷрибаи корӣ ин гуна амалро насанҷидаанд.

Мадина дар Боғи ҳайвонот

Чӣ тавр тарс ба меҳр табдил ёфт?

Мадина гуфт замоне, ки бо марди морбозу дӯстдори олами вуҳуш оиладор шуд, аз ҳайвону хазандаҳо метарсид. Зеро дар Тоҷикистон ошноӣ бо олами ҳайвонот надошт. Бо мусоидати  шавҳар Мадина оҳиста – оҳиста бо морҳо дӯстӣ кард. Дар пешашон шир мегузошт ва зиёд вақташро бо онҳо мегузаронд, ба худ ром намояд.

Ба гуфтаи ӯ ба даст гирифтани мор барои зане,  ки онро пештар танҳо тариқи оинаи нилгун ва гоҳо дар боғи ҳайвонот аз дур дидааст, кори осон нест.

“Беш аз як сол бо тарс морҳоро дар ҳузури шавҳарам ба даст мегирифтам ва дастонам меларзиданд. Баъдан тарс гум шуду ҷояшро меҳр ба морҳо гирифт.

Бо ҳамин ман морбозиро сар кардам. Дар сирки шаҳри Тошканд ба намоиш мебаромадам ва тамошобинон гарм истиқбол мекарданд. Ин меҳри маро ба касбам зиёда менумуд”,- нақл кард қаҳрамони мо.

Мадина аз он афсӯс мехӯрад, ки оилааш пош хӯрду баъди он мисли пештара бо морҳо бозӣ накард. Зеро, ба гуфтаи ӯ, шароите ки дар сирк ва боғи ҳайвоноти Ӯзбекистон буд дар Суғд мавҷуд нест.

Фарзона Муродӣ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend