Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Дата публикации: 14:5416.05.2025
Ширкати CCI дар Тоҷикистон бо ифтихор оғози яке аз маъракаҳои гарму самимии ҷаҳонии “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?”-ро дар кишвар эълон мекунад.
Ин чорабинӣ, ки қалби миллионҳо одамонро дар саросари ҷаҳон тасхир кардааст, акнун мардуми Тоҷикистонро низ ба он даъват мекунад, то шодӣ, меҳрубонӣ ва муҳаббатро бо наздикони худ тақсим намоянд. Дар ҳамаи мағозаҳои кишвар зарфҳои Coca-Cola бо номҳои маъмул ва суханони самимие пайдо шуданд, ки гармии фарҳанги тоҷиконро инъикос мекунанд.
Ин танҳо як иқдоми таблиғотӣ нест — ин даъватест ба муоширати самимӣ. Як туҳфаи хурд ба мисли зарфи Coca-Cola бо номи дӯст ё наздиконатон боиси табассум, сухани гарму лаҳзаҳои сеҳрангези ҳаррӯза мегардад.
“Мо бовар дорем, ки сеҳри воқеӣ дар лаҳзаҳои одӣ нуҳуфтааст. Ба воситаи маъракаи "Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?" одамонро рӯҳбаланд мекунем, то ба ҳамдигар меҳрубонтар шаванд”, — зикр карданд дар CCI Тоҷикистон.
Coca-Cola тамоми мардуми кишварро ба иштирок дар ин ташаббус даъват мекунад — нӯшокӣ, эҳсосот ва некиро бо якдигар тақсим кунед.
#CocaColaТақсимкун #ShareaCokeTJ #СеҳрДарҲарЛаҳза
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
22 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
22 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад