Фарҳод Холов, човандози собиқадорест, ки қариб 20 сол ба бузкашӣ – бозии қадимии халқҳои Осиёи Марказӣ машғул шудааст. Ӯ борҳо бо маҳорату ҳунари варзишгарии худ ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ гардидааст.
Дар суҳбат ба муаллифи Your.tj Фарҳод нақл кард, ки чӣ гуна тавонист Тоҷикистонро аз рӯи ин намуди варзиш муаррифӣ кунад.
“Оғози бузкашӣ бо дуои падар”
Ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки дар аввал бузкашӣ намекард ва давоми солҳои 1998-2002 ба куштии миллӣ машғул буд. Бузкаширо аз соли 2004 оғоз кардааст.
“Падарам пешниҳоди аспсаворӣ кард. Ман аспро давондам ва ин бароям бисёр писанд омад. Дӯстони падарам ба ӯ гуфтанд, ки дуо деҳ, ояндаи хуб дорад. Ҳамин тавр, дуо гирифтаму корро сар кардам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Ӯ дар мусобиқаҳои минтақавии бузкашӣ дар Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон иштирок кардааст. Соли 2004 дар Бишкеки Қирғизистон, дар нахустин Қаҳрамонии бузкашии Осиё ҳамроҳи човандозон аз Тоҷикистон ҷойи сеюмро ба даст овард.
Соли 2013 дар ҳамин мусобиқа дар шаҳри Остонаи Қазоқистон сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Соли 2017 дар ҳамин шаҳр дар намуди куштии болои асп дар вазни то 90 кг ҷойи дуюмро соҳиби ҷойи дуюм шудааст.
“Куштии болои асп ин намуди куштие аст, ки дар болои асп нишаста бо пойҳоят маҳкам медорӣ. Ҳарифа бояд дошта аз асп боланд бардорӣ. Ҳар қадар ки боло бардоштӣ, ҳамон қадар холи бештар мегирӣ. Агар бардошта ба тарафи худ кашидӣ, 10 балл мегирӣ ва ин пирӯзии ту ҳисоб мешавад”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Фарҳод мегӯяд, расман аз соли 2004 ба бузкашӣ оғоз карда бошад ҳам, аммо пеш аз он ҳам аз рӯи шавқ ин бозиро таҷриба мекард. Вақте дар Ҳисор бузкашӣ мешуд ва ӯ ҳамроҳи дӯстонаш мерафт. Аммо ҳамчун човандоз он вақт ба майдон намебаромад.
“Бузкашӣ бозии анъанавӣ аст”
Ба гуфтаи Фарҳод, бузкашӣ асосан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамчун бозии анъанавӣ маъруф аст.
“Дар Тоҷикистон бузро кушта, дарунашро тоза мекунанд ва бо намак пур мекунанд. Чӣ қадаре истад вайрон намешавад ва ҳам дар вақти кашидан дасти одам олуда намешавад. Аммо дар Қазоқистон ва ҳоло дар Узбекистон ҳамин бузро аз резин сохта, дарунашро бо танга бо вазнҳои гуногун, аз 30 кг то 50 кг пур мекунанд”,- шарҳ дод човандози ботаҷриба.
Фарҳод ҳоло асп надорад, вале дар гузашта аспи сиёҳе дошт, ки дар бузкашӣ истифода мекард. Аспи ӯ зоти тоҷикии одӣ будааст.
“Боз ҳастанд дар Тоҷикистон зоти шоҳии аспҳо. Аспҳои бузкашӣ аз аспҳои пойга фарқ доранд. Аспҳои маҳаллии мо метавонанд дар майдонҳои сабук бозӣ кунанд лекин дар ҷамъомадҳои калон наметавонанд, маъюб мешаванд. Аспҳои зотии дигар вазнин ки ҳастанд, инҳоро зер мекунанд ва аспҳои маҳаллӣ дигар хеста наметонанд ё захмӣ мешаванд”,- нақл кард ӯ.
Ёде аз устодони варзиш
Фарҳод ҳоло дар хона танҳо барои саломатӣ машқ мекунад. Ӯ аз устодонаш Бозор Носир ва марҳум Исмат Абдуллоев ба некӣ ёд мекунад.
“Ман дарси Саймумин Раҳимовро низ гирифтаам. Дар бузкашӣ Хуршед Машрабов, ба ман бисёр чизҳоро ёд доданд. Ин нафар капитани дастаи бузкашии Тоҷикистон аст. Зуд-зуд бозиҳо ташкил мекунад, то бачаҳо ба мусобиқаҳои калон ҳамеша омода бошанд”,- гуфт варзишгар.
Фарҳод аз хатарҳо ҳангоми бузкашӣ ёдовар шуда гуфт, ки бояд қоидаҳои бозиро хуб омӯхт.
Ба гуфтаи ӯ, вақте ба майдон баромадӣ, ҳеҷкас ба саломатии ту кафил намешавад, “яъне танҳо худат медонӣ”.
“Як маротиба аспам дар байни майдон хоб рафт ва ман афтидаму чор дандонам шикаст ҳамон лаҳза гуфтам, тамом, аз баҳри ин варзиш мебароям. Вале чунон ба он дода шуда будам, ки тарк карда натавонистам.
Майдон сабру тоқат талаб мекунад ва на ҳар кас дилу гурдаи дар онҷо тоб овардану дар майдон рақобат карданро дорад”,- таъкид кард Фарҳод.
Фарҳод Холов аслан Донишгоҳи молиявии Тоҷикистонро дар риштаи бонкдорӣ хатм кардааст (солҳои 2004-2009). Вале, ба гуфтаи худаш, дар ин соҳа боре ҳам кор накардааст.
