Имсол сокинони Тоҷикистон ба таври ҳайратовар дар бозиҳои блогерони маъруфи Instagram ғолиб меоянд. Яке автомобили Lamborghini Urus аз блогери озаритабори Русия Гусейн Гасанов, дуюмӣ электромобили Tesla аз блогери қазоқ Нурбек Нуртаз ва сеюмӣ автомобили варзишии Mercedes-AMG GT аз блогери чеченӣ Асҳаб Тамаев бурд кард. Дар моҳи феврал, ҳатто тоҷике як миллион доллар бурд намуд.
Мухтасар дар бораи онҳое, ки соли 2023 барояшон бурднок шуд, нақл мекунем.
Миллион доллар дар фурудгоҳи Дубай
Нахустин шуда соли бобарорро барои тоҷикистониҳо Абдувалӣ Аҳмадалӣ кашф кард. Ӯ рӯзи 1-уми феврали соли 2023 дар лотереяи Duty Free Millennium Millionaire Dubai 1 миллион доллар бурд кард.
Барои гирифтани бурдаш баъди 2 ҳафта омад.
Ӯ аввалин тоҷике шуд, ки дар лотереяи фурудгоҳи Дубай 1 миллион доллар бурд намуд.
Абдувалӣ Аҳмадалии 31-сола, зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аст. Вай аз рӯи ихтисос барномасоз-иқтисодчӣ буда, дар caromoto.com – хизматрасонӣ барои хариди автомобилҳо аз ИМА кор мекунад.
Аз соли 2007 Абдувалӣ дар Дубай зиндагӣ мекунад. Забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва ӯзбекиро медонад. Ба гуфтаи ӯ, ин миллион барояш нахустин нест.
Lamborghini бо арзиши 30 миллион рубл
Дар аввали моҳи март Умедҷон – як ҷавони тоҷик аз бозии блогери маъруфи озаритабори Русия Гусейн Гасанов як мошини Lamborghini Urus бо арзиши 30 миллион рубли русӣ бурд кард.
Умедҷон як бачаи одии сокини Кӯлоб аст. Вай дар охири моҳи феврал 18-сола шуд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Вай барои дар бораи худ нақл кардан саросема нест, гарчанде рӯзноманигорон борҳо барои бо ӯ тамос гирифтан кӯшиш карданд.
Ӯ барои гирифтани бурдаш ба Москва рафт, бо он акс гирифт. Аммо тасмим гирифт, ки на мошини гаронарзиш, балки маблағи онро гирифтан фоидаовартар аст.
Электромобили нав аз блогери қазоқистонӣ
Улуғбеки 22-сола аз Хуҷанд ғолиби бозии блогери қазоқистонӣ Нурбек Нуртаз шуд. Ин бозӣ низ дар моҳи март баргузор гардид.
Улуғбек аз Алмаато мошини нави Tesla Model 3-и 55 000 доллар арзиш доштаро овард. Имрӯз онро дар кӯчаҳои Хуҷанд бо рақамҳои тоҷикӣ дидан мумкин аст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Нурбек ҳангоми баргузории бозӣ дар пахши мустақим чандин маротиба таъкид кард, ки имсол бурдҳо ғайриистисно насиби тоҷикон шуда истодааст ва онҳо соҳиби ҷоизаҳои гаронбаҳо мешаванд.
Вақте ки Тесларо низ тоҷик бурд кард, ҳайрати ӯ дучанд афзуд.
Автомобил аз блогери чеченӣ
Мо фаромӯш кардем дар бораи Бобоҷони 22-солаи тоҷик нақл кунем. Ӯ моҳи январ дар бозии блогер ва варзишгари чеченӣ Асҳоб Тамаев мошини варзишии Mercedes-AMG GT-ро бо арзиши 8 миллион рубл бурд намуд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Блогер қабл аз супурдани автомобил ба Бобоҷон ва падараш шӯхӣ карда, ба ивази мошин ба онҳо 1 миллион рубл пешниҳод кардааст. Дуруст аст, ки мошин нав нест. Ба гуфтаи Асҳаб, масофаи тайкардаи он 30 ҳазор километр аст.