Чор рӯзи маҳдудиятҳо ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои вилояти Суғд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


Маҳдудиятҳо дар роҳҳои вилояти Суғд

Акс аз "Азия-Плюс"

Боз як тоҷикистонии қурбонии ҷанги Украинаро ба хок супориданд

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Русия ба ҷанги Украина фиристода шуда буд, дар ҷанг кушта шуд, хабар медиҳад Радиои “Озодӣ”.

Гуфта мешавад, Ислом Саидмуродови 48 – сола рӯзи 23 март дар зодгоҳаш деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ба хок супурда шуд.

Ислом Саидмуродов соли 2005 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда, дар зиндони Русия ҳукми худро адо мекард.

Қурбоналӣ Саидмуродов, бародари марҳум, ба Озодӣ гуфт, наздиконаш аз фиристодани Ислом ба ҷанги Украина хабар надоштанд.

“Бори охир вай моҳи ноябри соли 2022 тамос гирифта буд, нагуфт, ки дар куҷост” гуфт ӯ.

Дар куҷо, кай ва дар кадом шароит кушта шудани ин ҷавони тоҷик дақиқ нест.

Аз марҳум Ислом Саидмуродов се фарзанд боқӣ монд.

Дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина фиристода ва кушта шудаанд, маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.

Радиои “Озодӣ” то ин дам аз марги ҳудуди бист тоҷик – зиндониёни колонияҳои Русия хабар додааст.

Ҷароҳати се шаҳрванди Тоҷикистон дар як садама дар Русия

Дар як садамаи субҳи 26 март дар ноҳияи Федоровскийи вилояти Саратови Русия се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбекистон ҷароҳат бардоштаанд.

Акс аз мақомоти Русия

“Соати 9:26 – и субҳи 26 март дар километри 390 – уми шоҳроҳи Озинский ронандаи 39 – сола идораи автомашинаи Hyundai Solaris – ро аз даст дода, аз роҳ берун шдааст.

Дар натиҷаи ин садама чор шаҳрванди хориҷӣ – се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбекистон захмӣ шудаанд ”,- хабар медиҳад СарБКНовости.

Манбаъ бо истинод ба Олег Костин, вазири тандурустии вилоят хабар медиҳад, ки аҳволи зодаи 24 – солаи Тоҷикистон хеле вазнин аст.

“Вазъи ду нафари муосфирон вазнин аст. Як шаҳрванди 24 – солаи Тоҷикистон косахонаи сараш шикаста ва дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Зодаи 22 – солаи Узбекистон бо ҷароҳати пӯшидаи сару устухони майнаи сар ва шикаста қабурғаҳо бистарӣ шудааст”,- гуфт Костин.

Вазъи боз ду шаҳрванди Тоҷикистон қаноатбахш буда, ба онҳо муолиҷаи амбулаторӣ таъин шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии вилояти Саратов, онҳо 41 ва 18 – солаанд.

Роҳи мошингарди Озинский ба марзи Русияву Қазоқистон мебарад. Муҳоҷирон маъмулан барои убури марз аз он истифода мекунанд, то будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд.

Чор рӯзи маҳдудиятҳо ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои вилояти Суғд

Дар робита ба сафари серӯзаи кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳҳои вилояти Суғд чор рӯз маҳдудияти ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мешавад. Дар ин бора Шуъбаи БДА – и вилояти Суғд хабар медиҳад. Гуфта мешавад, маҳдудиятҳо аз 29 – уми март то 1 – уми апрел идома хоҳанд ёфт.

Акс аз “Азия-Плюс”

Рӯзи 29 – уми март кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Бобоҷон Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон – Хуҷанд то Боғи миллӣ баста мешаванд.

30 – юми март ҳаракат дар кӯчаи марказии шаҳри Истиқлол, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ то Р.Ҳоҷиев (Раҳимӣ) – и шаҳри Хуҷанд маҳдуд мегардад.

Рӯзи 31 – уми март роҳ аз деҳаи Хаштяки ноҳияи Спитамен то ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ ва деҳаи Зафарободи ноҳияи Зафаробод баста мешавад.

Рӯзи 1 – уми апрел дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд – Конибодом то шоҳроҳи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, роҳи Конибодом – Деҳмой аз ҷамоати деҳоти Исфисор, роҳи мошингарди Овчӣ – Қалъача, деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ғозиён, аз Деҳмой то ҷамоати деҳоти Ёва, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз пули маҳаллаи Сартуқай то маҳаллаи 3, кӯчаҳои Р.Хоҷиев, И.Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Ҷӯра Зокири Хуҷанд ҳаракат маҳдуд карда мешавад.

Шуъбаи БДА – и вилояти Суғд аз сокинон ва меҳмонони вилоят хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баста шудани роҳҳо ва кӯчаҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд пагоҳ, 29 – уми март оғоз мешавад. Дар назар аст, ки таҷлили ҷашни асосии Наврӯзи имсола дар Хуҷанд бо иштироки президент гузарад. Барои ин 19 ҳазор нафар ба “маршировка” ҷалб шудаанд.

Бино ба иттилои қаблии дафтари матбуоти президент сафари ӯ ба вилояти Суғд то 31-уми март идома ёфта, дар ин муддат ӯ дар ифтитоҳи як қатор иншоот дар навоҳии мухталифи вилоят низ ширкат хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ аз навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дидан мекунад.