logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Чор гумонбари кушторҳо дар Конибодом ҳукми абад гирифтаанд

Ду шаҳрванди Қирғизистон низ дар ҷустуҷӯ аст ва тафтишот ҳоло идома дорад.

Your tj

15:1625.07.2025

Чор гумонбари кушторҳо дар Конибодом ҳукми абад гирифтаанд

Чаҳор гумонбар дар кушторҳои пурсарусадо ва мармузи шаҳри Конибодом ба ҳукми абад маҳкум гардидаанд.

Дар ин бора раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 25 июл хабар дод.

Ӯ иброз дошт, ки тафтишоти қазия то ҳол идома дорад, вале нагуфт, ҳукм кай содир шудааст.

Ба иттилои мақомоти милитсия, ду шаҳрванди Қирғизистон низ дар робита ба ин кушторҳо таҳти ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд.

Силсилакушторҳо дар Конибодом аз баҳори соли 2024 оғоз шуда, то поёни сол ҳафт ҳолати куштори гурӯҳӣ сабт гардида буд.

Дар маҷмӯъ 25 нафар, аз ҷумла 8 ноболиғ, ба таври мармуз ба қатл расиданд.

Чаҳор нафаре, ки боздошт ва ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, инҳоянд:

  • Солеҳҷон Худойбердиев, 26-сола,
  • Аҳадҷон Тухтаев, 27-сола,
  • Бахтиёр Равшанов, 36-сола,
  • Манучеҳр Одилов, 28-сола — ҳама сокинони шаҳру деҳоти Конибодом.

Ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ин афрод дар анҷом додани кушторҳои мудҳиш муттаҳам дониста шудаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ