Чизе, ки ташвиши волидони кӯдакони ноболиғ аст. Чӣ тавр фарзандонро аз груминг ҳифз кунем?

Аввал шахси калонсол қурбониро аз қисми осебпазири кӯдакону наврасон интихоб мекунад. Сипас бо ӯ шиносоӣ мекунад. Баъд аз он бо кӯдак бо ягон ҳазлу шӯхӣ ё таърифу тавсиф наздик мешавад. Ҳамин тавр, хоҳиш мекунад, ки муоширатро дар ягон паёмрасони дигар махфӣ идома диҳанд.

Вақте ба дигар паёмрасон, ба мисли WhatsApp ё Telegram мегузаранд, шахси калонсол бо ноболиғ шӯхӣ ба шӯхӣ суҳбатҳои маҳрамонаро оғоз мекунад…

Дар нашри навбатии силсилаи махсуси подкастҳои мо, ки ба 16 рӯзи амал зидди зӯроварии гендерӣ бахшида шудааст, дар бораи мавзуе суҳбат кардем, ки ҳар як падару модарро ба ташвиш меорад, Вале донистанаш зарур аст. Нигор Абдуғаффор, психологи клиникӣ ба мо мавзуи грумингро баррасӣ шарҳу тавхзеҳ дод.

Груминг – ин ҳолатест, ки вақте шахси калонсол дар интернет оҳиста-оҳиста ба кӯдак ё наврас наздик мешавад, боварии ӯро ба даст меорад, то баъд ӯро барои мақсадҳои худ истифода барад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кӯдакону наврасон ҳоло ба яке аз гурӯҳҳои фаъоли истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтаанд. Дар баробари ҷиҳатҳои муфиди интернет, ба мисли забономӯзӣ, рушди шахсӣ ва ғайра, боз омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба онҳо хатар дошта бошанд.

“Яке аз онҳо груминг мебошад. Худи мафҳуми груминг аз забони англисӣ гирифта шуда маънояш “омода сохтан”, яъне тайёр кардан аст. Аслан онро ҳамчун омодасозии ҳайвоноти хонагӣ ба намоишгоҳҳо кор мебурданд. Вале аз солҳои 80-уми асри гузашта криминолог ва психологҳои амрикоӣ онро ба мафҳуми ин соҳа ворид карданд.

Аз он вақт ин мафҳум маънои “омода кардани қурбонӣ аз тарафи груммер барои истифода кардан”-ро дорад”,- шарҳ дод Нигор Абдуғаффор.

Ба гуфтаи ӯ, груминг ду намуд: онлайн ва оффлайн мешавад. Груминги онлайн дар интернет рух медиҳад.

“Дар интернет шахси груммер метавонад махфӣ бимонад. Шахс метавонад ному насаб, синну сол ва ҷинсашро пинҳон кунад. Масалан, марди калонсол худро духтарчаи 13-сола муаррифӣ кунад.

Аз ҷониби дигар, дастрасӣ ба шумораи зиёди кӯдакон дар фазои онлайн. Ҳамарӯзи садҳо ҳазорон кӯдакон дар паси экранҳои телефонҳои худ менишинанд ва вақте груммер ба онҳо менависад, аз сад кӯдак яктояш метавонад ба ӯ ҷавоб диҳад”,- гуфт мутахассис.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, омӯхтани кӯдакон дар интернет осон аст. Чунки барои кӯдакону наврасони имрӯз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ як чизи маъмулӣ аст.

Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо тамошо кунед:

Skip to toolbar