Бонки миллии Тоҷикистон аз гардиши пулҳои қалбакӣ ҳушдор дод. Ба иттилои Бонк, баъзе нафарон ё гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки “бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд”.
Гуфта мешавад, чанд вақти охир дар шабакаҳои интернет наворҳои гуногун оид ба дар муомилоти пулӣ истифода шудани коғазҳо бо навиштаҷоти “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ” ва монанд ба банкнотаҳои миллии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳудуди кишвар паҳн мешаванд.
Ин ҳолат корбарони шабакаҳои иҷтимоиро нигарон кардааст, меафзояд манбаъ.
“Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки ин гуна чиптаҳо аз рӯи хусусиятҳои визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд”,- ҳушдор медиҳад Бонки миллӣ.
Ин бонк мегӯяд, барои пешгирии ҳолати мазкур муҳим аст, то шаҳрвандон бидонанд, ки зимни доду гирифт бо пули нақд бояд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ – сомонӣ диққат дода шавад.
Пулҳои коғазӣ бо истифода аз равандҳои муосир ва маводи химиявии полимерӣ омода карда мешаванд. Ба ин пулҳо унсурҳои махсуси лазерӣ, рангҳои тағйирёбанда ва ҳифзкунанда дохил мешаванд, ки шинохти онҳо хеле осон аст.
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми муомилот бо пули нақд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба нишонаҳои муҳофизатии пулҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок ба наздиктарин сохтори ВКД, КДАМ ё кормандони мақомоти мазкур бояд хабар дода шавад.
Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ё асъори хориҷӣ тибқи Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷиноят дониста мешавад.