То охири ҳафта ҳаво дар Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад. Тавсияҳои муфид
Обуҳавошиносони Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки то охири ҳафта дар водиҳои кишвар то 40 дараҷа гарм шудани обуҳаво дар назар аст.
Тавре ки дар сомонаи Агентии обуҳавошиносӣ зикр мешавад, дар ин рӯзҳо ҳарорат аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон гарм мешавад.
Дар ин минтақа ҳарорат дар водиҳо то 40 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона 37-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳарорат дар водиҳо шабона 17-22, рӯзона – то 38 дараҷа гармӣ расида, дар кӯҳҳо шабона – 10 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои тағйирёбандаи камабр, дар водиҳо бидуни боришот ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Дар Душанбе ҳарорат шабона 18 дараҷа гарм шуда, рӯзона ақрабаки ҳавосанҷак то ба 37 дараҷа гармӣ боло меравад.
Дар водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бидуни боришот ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 13-18, рӯзона – 33-38, дар кӯҳҳо шабона – 7-12 ва рӯзона – 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби ВМКБ ҳарорат шабона 9-14 ва рӯзона то 28 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ин минтақа шабона 0-5 ва рӯзона – 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Гармои шадиди тобистон водор мекунад, ки дар низоми зиндагонии худ баъзе тағйирот ворид созем, то ба гармо мутобиқ шавем, саломатии худро ҳифз намоем. Ҳангоми гармии тоқатшикан боло рафтани ҳарорати бадан (болотар аз меъёри 37,0°С) душмани аслии саломатии инсон аст.
Чин қоидаҳои нави вурудро барои шаҳрвандони Тоҷикистон эълон кард
Аз 23 июн пас аз таваққуфи дусола парвозҳои мустақим бо хатсайри Душанбе – Урумчи – Душанбе оғоз мешаванд. Парвози аввалро ширкати ҳавопаймоии China Southern Airlines иҷро мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Чин талабот оид ба парвозҳоро аз Тоҷикистон ба ин кишвар тағйир дод.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Чин сафар мекунанд, акнун ташхиси ПСР-тести COVID-19-ро бояд на се рӯз пеш, балки як рӯз пеш аз парвоз супоранд”, – эълон кард сафорати Чин дар Тоҷикистон.
Дар маълумоти сафорат зикр мешавад, ки тартиби нави сафар ба Чин аз 19 майи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт.
Дар эълон ҳамчунин зикр мешавад, ки тести коронавирусро танҳо дар озмоишгоҳи “Диамед” супурдан лозим аст ва маълумотнома (справка) бояд дар шакли коғазӣ бо муҳр бошад.
Ба истифодаи дигар муассисаҳо (озмоишгоҳҳо) барои супоридани тест танҳо бо розигии сафорат иҷоза дода мешавад.
Гуфта мешавад, зимни хориҷ шудан аз кишвар коди сабз гирифтан зарур аст, ҳатто агар шумо тариқи Чин бо транзит сафар дошта бошед. Дар сурати набудани коди сабз, мусофир дар кишвари транзит “дармемонад”.
Аз ин рӯ, сафорати Чин дар Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки пешакӣ аз сомонаи сафорат дар кишвари транзит боздид кунед, то ки бо тартиби гирифтани коди сабз шинос шавед.
Мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба Чин парвоз мекунанд, бояд маълумотномаи онлайниро дар бораи вазъи саломатӣ пур карда, дар сомонаи http://hrhk.cs.mfa.gov.cn/H5/ аз қайд гузаранд.
“Барои ин маълумотро онлайн пур карда, маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гузаштан аз тест ва дигар маводро ворид кардан зарур аст. Пас аз санҷиши сафорат тариқи сомонаи мазкур версияи электронии “маълумотнома дар бораи саломатӣ” дода мешавад, ки ба воситаи QR-код бо аломати HDC кушода мешавад”, – гуфта мешавад дар маълумоти сафорат.
Ҳангоми нишастан ба ҳавопаймо (ба Чин) ба мусофирони хориҷӣ нишон додани версияи электронӣ ё коғазӣ чопшудаи ин ҳуҷҷат зарур аст.
Қобили зикр аст, ки дар саросари Чин талаботи ҳатмии санҷиши ҳарорат ва нусхабардорӣ (сканированаие)-и QR-код роҳандозӣ шудааст, то ки таърихи сафарҳо тасдиқ шавад. Ин талабот ба ҳамаи иншооти марбут ба нақлиёт, меҳмонхона ва биноҳои тиҷоратӣ дахл дорад.
Дар баъзе ноҳияҳо мақомот метавонанд карантини ҳатмӣ ҷорӣ кунанд. Аз ин рӯ, дар давоми тамоми муддати сафар пагирӣ намудани тавсияҳои расмӣ зарур аст. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёт пӯшидани ниқоб лозим аст.
Ёдрас мекунем, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии корнавирус, аз 10 апрели соли 2020 Тоҷикистон сарҳадҳояшро бо Чин баста буд.
17 кушта ва даҳҳо захмӣ дар садамаи қатор дар Эрон
Дар садамаи қатор ё поезд дар наздикии шаҳри Табас дар Эрон дастикам 17 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Сухангӯи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Эрон Муҷтабо Холидӣ рӯзи 8-уми июн гуфт, “тақрибан чиҳил каси дигар маҷруҳ шуда, барои муолиҷа ба бемористон бурда шуданд”.
Бино ба гузоришҳои ибтидоӣ, қатор аз Машҳад ба Язд мерафт ва дар наздикии Табас, 800-километрии шарқи Теҳрон, ба садама дучор шуд.
Як масъули Ҳилоли Аҳмари Эрон ба телевизиони давлатии он кишвар гуфт, панҷ вагон аз роҳи оҳан берун шуданд.
Мирҳасан Мусавӣ, муовини раиси Идораи роҳи оҳани Эрон, мегӯяд, дар қатор 348 нафар нишаста буданд. Таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.
Ҳодисаи рӯзи 8-уми июн дар пайи фурӯ рехтани як бинои даҳтабақаӣ дар шаҳри Ободон рӯй дод. Дар он ҳодиса дар моҳи майи имсол дастикам 43 кас ҷон бохтанд.
Садамаи мудҳиштарини қатор дар Эрон соли 2004 иттифоқ уфтода буд. Замоне ки вагонҳои пур аз бензину маводи кимиёӣ дар шаҳри Нишопур чаппа шуда, тақрибан 320 нафарро куштаву 460 каси дигарро захмӣ ва 5 деҳаро вайрон карданд.
Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Покистон
Миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Покистон Ориф Алвӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ зикр мешавад, ки “тайи ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мунтазам густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи тоза касб кардаанд”.
“Мо сатҳу мӯҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямонро, ки бар пояи арзишҳои муштараки таърихӣ, тамаддунӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ карда, ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони ду кишвар медонем”, – омадааст дар барқияи ӯ.
Изҳори итминон мешавад, ки бо азму талошҳои пайгиронаи муштарак ба робитаҳои шарикии кишварҳо дар оянда низ рушду тавсеа бахшида шуда, дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баланд бардошта мешаванд ва Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода тадбирҳои амалии лозима андешад.
Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Покистон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Покистон сулҳи пойдор, дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзу кардааст.
Дар навбати худ Ориф Алвӣ дар барқияи худ зикр кардааст, ки ба равобити бародаронаи ду кишвар манфиат ва арзишҳои муштарак, диду назари умумии сулҳу шукуфоии минтақа хос аст.
“Покистон ва Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа саҳм гузоштаанд. Ман боварии комил дорам, ки мо метавонем дидгоҳи муштараки худро оид ба густариши робитаҳои минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тавассути густариши ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ созем”, – баён мешавад дар барқияи президенти Покистон.
Ориф Алвӣ низ ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно кардааст.
Баҳси ришвагирӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон дигарбора доғ шуд
Аъзои як хонавода аз Самарқанди Ӯзбекистон, ки барои истироҳату табобат ба Тоҷикистон омада буданд, баъди бозгашт ба ватан муносибати маъмурони гузаргоҳи “Саразм”-и Панҷакентро сахт танқид кардаанд.
Баҳси “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳи “Саразм” як сол ба ин тараф ба як мавзуйи доғ табдил ёфтааст, вале на ҳоло ва на дар гузашта мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба ин шикоят ва иддаоҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон посух надоданд.
Азамат Ишонқулов, таассуроти худро аз сафар ба Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук навиштааст ва аз муносибати дағалонаву ришвагирии марзбонони гузаргоҳи марзии Саразм дар Панҷакент изҳори нигарониву нороҳатӣ кардааст.
Рӯзи 8-уми июн ӯ ба “Азия-Плюс” гуфт, охири моҳи май аъзои чаҳорнафараи ин хонавода ба хотири истироҳу табобат ба осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд омада буданд. Ӯ гуфт 30-уми май аз Самарқанд тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Зафаробод” вориди Тоҷикистон шуданд ва муомилаи ходимони марзбонӣ ва гумрук дар ин ҷо “хеле форам ва боодобона буд”.
Ба гуфтаи ин шаҳрванди Ӯзбекистон, пас аз як ҳафтаи истироҳату табобат ӯву бародараш бо ҳамсаронашон хостанд, аввал аз зебогиҳои нақби Шаҳристону Ҳафткӯл дидан кунанд ва баъдан тариқи гузаргоҳи “Саразм-Ҷартепа” ба Самарқанд раванд. Онҳо бо мошини шахсии худ омада буданд, вале ба гуфтаи Азамат Ишонқулов рӯзи 5-уми июн дар гузаргоҳи сарҳадии “Саразм”-и Панҷакент бо онҳо муносибати “дурушт” карданд ва танҳо баъди “ҳақситонӣ” дарро ба рӯяшон боз карданд.
“Мо бо мошин будем, маҷбур карданд, ки “порача”диҳем. Дар назди дарвозаи гузаргоҳи “Саразм” бе ягон сабаб қариб ду соат мондем. Пулро барои мошин ходими марзбонӣ гирифт, аз ходимони гумрук ҳеҷ хафагие нест. Мо аз гирифтани пора не, аз муносибаташон хеле дилхира гаштем”, -нигаронӣ кард ӯ.
Ин шаҳрванди Ӯзбекистон дидаҳояшро ҳангоми сафараш ба Суғд дар як номаи кушод низ дар фейсбук навишта гуфтааст, “як ҷаҳон тасаввурот гирифта, хеле хурсанд шудем” ва дар идома гуфтааст, “аз нуқтаи сарҳадии “Саразм” вориди Ӯзбекистон шудем, лек бо муомилаҳои дағал ва таъмагирии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон. Хеле ҳайрон гаштем ва он як ҳафтаина истироҳат ва табобате, ки карда будем бар бод рафт!”
Ба иддаои Азамат Ишонқулов вақте аз марзбонон хоҳиш кард “мо гузарем”, вале дар ҷавоб “тартиб ҳамин хел ждать кун”-ро шуниданд ва баъди чанд муддат пурсидаанд “чӣ хел тартиб, чиро ждать кунам” боз дар ҷавоб “бисёр сухан макун, дар пост меҳмонай”-ро шуниданд. Ӯ мегӯяд, “баъди 15-20 дақиқаи дигар гуфтам “моро хона мунтазиранд, дарвозаро кушо”, он афсари марзбонӣ “эҳ, чӣ ин қадар сухан мекунӣ, баъд аз ду соат дохили пост мешавӣ фаҳмидӣ” гуён ба ман ҷавоб дод. Асабҳои ман таранг гашт гуфтам “бо ту гап намепазад, командиратро фарёд кун” аз ӯ чунин ҷавоб шунидам “паспорт ва техпаспортро тайёр кун, худат даромада ҳаллаш мекунӣ”.
Дар идома ин шаҳрванди Ӯзбекистон мегӯяд, вақти гузаштан аз назорати шиноснома ходиме аз ӯ пурсидааст, ки чӣ мушкил дорад. Вай гуфтааст, мошинро барои гашаштан иҷозат надода истодаанд ва дар ҷавоб гуфтанд, “сумаша деҳ ҳозир медарояд”. “Бо тарс ва ҳайронӣ додам сумашро, бо телефон фармон кард, то мошини моро сар диҳад. Охир гап дар бораи камтаракак маблағ будаст, асабҳои моро чӣ андоз вайрон кард”-нигаронӣ кардааст, Азамат Ишонқулов.