fbpx

Чин бо харҷи тақрибан 100 млн сомонӣ дар Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акси мавзӯӣ аз сомонаи: washingtonpost.com

Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 9,5 кг маводи мухаддир хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки дар даст доштан ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои ВКД Қирғизистон, санҷиш нишон додааст, ки маводи мухаддир навъи “ҳашиши афғонӣ” буда, вазнаш 9 килою 521кг-ро ташкил медиҳад.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи рустои Ҷаштики вилояти Ботканди  ҳаммарз бо вилояти Суғд дастгир шудааст. Бар зидди ӯ бо моддаи 267 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон (қочоқи маводи мухаддир) парванда боз шудааст.

Чин бо харҷи тақрибан 100 млн сомонӣ дар Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад

Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад. Лоиҳаи созишномаи бунёди он имрӯз, 27 октябр, дар парлумони Тоҷикистон қабул гардид.

Пойгоҳи мазкур бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бунёд мешавад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Толибхон Азимзода дар сӯҳбат бо журналистон гуфт пойгоҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Чин сохта мешавад.

“Пойгоҳ аз биноҳои корӣ ва дигар биноҳои маишӣ иборат буда, ба маблағи 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ сохта мешавад”, – гуфт вакили парлумон

Ҳизби демократи Тоҷикистон ба суханони Жапаров вокуниш кард

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ба суханони президенти Қирғизистон Садир Жапаров вокуниш нишон дод.

Дар изҳороти ҳизб гуфта мешавад, ки Жапаров дар нишасти матбуотӣ масъалаҳои вобаста ба марзи миёни кишвараш бо Тоҷикистонро тарзе пешниҳод кардааст, ки гӯё тарафи Тоҷикистон мушкили асосии ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад. Вале дар ҳамин ҳол аз рафтори ҷониби Қирғизистон чизе нагуфтааст.

Таъкид мешавад, ки Жапаров дар “амалиёти ватандӯстонаи худ” чуқуртар даромада,  бо поймол кардани ҳусни нияти ҳамсоягии нек, бозпас гирифтани ноҳияи Мурғобро, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад, изҳор мекунад, ки аслан қобили баҳс нест.

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки дар пайи ин изҳороти пурмуаммо, хабаргузориҳо аз афзоиши неруҳои мусаллаҳ ва афроди низомии ин кишвар дар назди марзи Тоҷикистон, харидорӣ ва интиқоли силоҳ ба ноҳияҳои наздимарзӣ хабар медиҳанд.

Вазири тоҷик бо мақомоти Эрон ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, бо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва вазири умури хориҷии он кишвар Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён мулоқот кардааст.

Дидори онҳо дар остонаи ҷаласаи ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон гузашт.

​Ба навиштаи сомонаҳои расмии Тоҷикистон, дар мулоқот “алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ” таъкид шудааст.

Як мавзӯи суҳбат вазъ дар Афғонистон будааст, ки Тоҷикистон ва Эрон хоҳони ташкили як ҳукумати фарогир ва истиқрори сулҳу субот дар он кишвар ҳастанд.

Ҳуввияти муҳоҷирзаноне, ки аз шароити ғуломӣ шикоят карданд, мушаххас шуд

Ду рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ба чархиш даромад, ки дар он се зани тоҷик аз шароити ғуломии худ дар Русия шикоят карда, хостори кӯмак шудаанд. Онҳо дар ин навор гуфтанд, як марди тоҷик онҳоро бо ваъдаи кор ба ин кишвар овардааст. Ин занҳо мегӯянд, давоми се моҳ кори кишоварзӣ кардаанд, вале маблағи ваъдагияшонро нагирифтаанд. Ҳамчунин марди корфармо, ки озарбойҷонӣ будааст, шиносномаҳояшонро бозпас намедиҳад.

Дар пайи нашри навор, Муҳаммадиқболи Ато, сухангӯи вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон навиштааст, ин занон зодагони ноҳияҳои Вахш ва Кушониён буда, бе ягон санади расмӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло онҳо дар Екатеринбург мебошанд.

Ба қавли Муҳаммадиқболи Ато, қазияи ин муҳоҷирзанон таҳти назорати сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳат дар Русия карор дошта, ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ расонида бо ҷойи кор низ таъмин мешаванд.

Садамаи мудҳише дар Данғара чор касро кушт

Дар як садамаи мудҳиш дар роҳи Бохтар-Данғара чаҳор нафар ҳалок шудаанд. Ду нафари онҳо бародарон будаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, рӯзи 25-уми октябр мошини “Опел-астра”, ки аз ҷониби сокини 31-солаи деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб идора мешуд, ба мошини “Мерседес-бенс”-и ронандаи 27-сола, аз ноҳияи Кушониён бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи “Опел-астра” бо бародараш ва як мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Сабаби садама таҳқиқ мешавад. Дар Тоҷикистон соле бештар аз ҳазор нафар бар асари садамҳои нақлиётӣ маҷрӯҳ гардида ва ё ҷони худро аз даст медиҳанд. Риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат бо суръати баландро сабаби аслии ин фоҷиаҳо мегӯянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend