Чиллахон Холов дунёро тарк кард

Марҳум 66 сол дошт ва соли гузашта ҷарроҳии гурда гузаронида буд.


Фалаксарои тоҷик Чиллахон Холов

Субҳи имрӯз хабари даргузашти Чиллахон Холов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз фалаксарои маъруфи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Ӯ пас аз беморие дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Марҳум 66 сол дошт ва соли гузашта ҷарроҳии гурда гузаронида буд.

Чиллахон Холов дар поёни солҳои 1980 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

Солҳои охир Чиллахон Холов бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла бар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекард.

Ҳоло ихлосмандонаш аз Чиллахон Холов ҳамчун овозхони маънифаҳм ёд карда, даргузашти ӯро талафоти бузург барои санъату фарҳанг медонанд.