Зуҳриддин Ҷамолов дар дармонгоҳи хусусии “Smile” дар шаҳри Москва фаъолият дорад. Ӯро ҳамватанони корафтода дар ин шаҳр хуб мешиносанд. Зеро барои онҳо нисбат ба дигарон арзонтар хизматрасонӣ мекунад.
Муаллифи Your.tj бо ин дандонпизишк ҳамсуҳбат шуд ва аз кору зиндагӣ ва муваффақиятҳояш нақл кард.
“Азоби муҳоҷиратро мефаҳмам”
Ҳамватанони мо, ки қисми зиёдашон бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин шаҳр рафтаанд, зуд – зуд ба назди Зуҳриддин корафтода мешаванд. Ӯ ба онҳо то ҳади имкон кӯмак мекунад.
“Онҳо қариб ҳар рӯз меоянд. Ҳамеша барои ҳамватанон 10 – 20 фоиз тахфиф мекунам. Медонам, ки муҳоҷират будан чӣ қадар мушкил аст. Дар ин шаҳри калон касеро, ки дастгирият кунад, ёфтанаш душвор. Беморон аз ҳар кунҷу канори Москва барои муолиҷа меоянд”,- гуфт Зуҳриддин.
Ӯ ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии Instagram саҳифа дорад. Дар он ҷо аз маслиҳатҳои муфид дар бораи солим нигоҳ доштани дандонҳо ва табобати онҳо гирифтан мумкин аст. Саҳифаи Зуҳриддинро зиёда аз 12 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Ӯ барои мизоҷон низ зуд – зуд тахфифҳои умумӣ эълон мекунад.
“Чун обуначиёни ман аксарият ҳамватанонам ҳастанд, эълони тахфифро дида, ба дармонгоҳи мо бештар мо меоянд”,- афзуд ӯ.
Риояи қоидаҳои одӣ – гарави солимии дандонҳо
Ба андешаи дандонпизишк аксар вақт то дарди дандони мо тоқатфарсо нагардад, ба духтур муроҷиат намекунем. Ин натанҳо ба саломатии дандонҳо, балки ба дигар узвҳо низ зарари ҷиддӣ расониданаш мумкин.
“Бояд дандонро аз хурдсолӣ эҳтиёт, муоина ва муолиҷа кард. Аз кӯдакӣ ҳар кас духтури худро доштанаш зарур аст. Зеро танҳо дандонпизишке, ки аз хурдсолӣ сиҳатии шуморо назорат мекунад, метавонад саривақт ҳар мушкили онро бартараф кунад”,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи Зуҳриддин барои солимии комили дандонҳо ҳар нафарро зарур аст, ки дар як сол ду маротиба аз муоинаи ҳатмии дандонпизишк гузарад. Вале мутаассифона аксарият ин қоидаро фаромӯш мекунанд. Одамон ҳатто қоидаи одии дар як рӯз ду маротиба шустани дандонҳояшонро фаромӯш мекунанд. Ё аз танбалӣ онро риоя наменамоянд.
Ҳолатҳое низ мешаванд, ки тамоми оила аз як чӯткаи дандоншӯйӣ истифода мекунанд, ки ин аз рӯи қоидаҳои беҳдоштӣ қатъиян манъ аст.
“Мо бояд ҳар моҳ чӯткаи дандоншӯйиро иваз намоем. Нафароне, ки тамоку мекашанд, бояд бештар ба дандонпизишкон муроҷиат намоянд, то қабати зарди дандонҳоро сари вақт тоза намоянд ва он ба санги дандон мубаддал нагардад”,- илова намуд дандонпизишк.
“Бештар ҷавонон ба саломатӣ беаҳамиятанд”
Зуҳриддин инчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки одатҳои зараррасон, ба мисли бо дандон кушодани сарпӯши нӯшокиҳо, шикастани донаву мағз ва газидани чизҳои сахт дандонҳоро ноустувор мекунад. Аз рӯйи таҷрибаи кориаш бештари ҳолат ҳамватанон бо чунин ҳолат муроҷиат мекунанд.
“Сабабҳои бемориҳои дандон, пеш аз ҳама саривақт тоза накардан ва ба духтур муроҷиат нанамудан мебошад. Омилҳои дигар шикастани чормағз ва писта бо дандон мебошад. Дар натиҷа сирри дандон мепарад ва ба бемориҳои кариесӣ оварда мерасонад”,- таъкид намуд қаҳрамони мо.
Аз 10 – 15 нафаре, ки дар як рӯз барои табобати дандон назди Зуҳриддин меоянд, қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ҳолати беҳдошти дандонро хуб риоя намекунанд.
“Пеш аз оғози табобат мо дар назди бемор асбоби яккарата кушода, бо он табобатро шурӯъ мекунем. Он таҷҳизоте, ки истифода менамоем, баъди табобати ҳар як бемор коркард мешаванд”,- нақл кард Зуҳриддин Ҷамолов.
Бемориҳое, ки аз носолимии дандон пайдо мешаванд
Дар як рӯз ду маротиба – саҳар, баъди субҳона ва шаб, пеш аз хоб шустани дандонҳо ҳатмӣ аст. Вақте инсон пеш аз хоб дандонҳои худро намешӯяд, боқимондаи хӯрокҳое, ки дар байни онҳо боқӣ мемонанд, бо таъсири бактерияҳои луоби даҳон ба кислотаи ширӣ табдил ёфта, боиси мулоим шудани сири дандон мегардад.
“Агар бемор саривақт кариеси дандонро табобат накунад, дар оянда он метавонад ба бемории пулпит мубаддал гардад. Пулпит беморие мебошад, ки дарди шадидеро ба вуҷуд меорад. Дандон дар гармиву хунукӣ эҳсоси дард пайдо мекунад. Агар бемории пулпит сари вақт табобат нашавад, он метавонад ба пародонтит оварда расонад. Яъне, дар решаи дандон фасод пайдо шуда, табобати дандон дурудароз мегардад”,- гуфт қаҳрамони мо.
Ба гуфтаи ӯ пешгирии бемориҳои дандон ҳанӯз аз батни модар оғоз меёбад. Зани ҳомиладор ғизоҳои сервитамин ва калсийдорро бояд зиёд истеъмол намояд. Зеро ҳангоми ҳомиладорӣ кӯдак аз модар ғизо мегирад.
“Ба назар мерасад, ки модарони мо дар давраи ҳомиладорӣ ба ин чиз аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Оқибат ин ба рехтани дандонҳо сабаб мешавад. Аз дандонҳо маҳрум шудан инсонро боз ба чандин бемориҳои дигар, ба монанди гастрит ва бемориҳои рӯдаю меъда, ки ба даҳон вобастагӣ доранд, гирифтор мекунад”,- илова кард Зуҳриддин.
Ба ақидаи дандонпизишк ҳолатҳое низ мешаванд, ки худи табиб ё муолиҷаи нодуруст сабаби авҷи беморӣ мегардад. Вақте дармонгоҳ ба меъёрҳои тиббӣ мувофиқ нест ё утоқу таҷҳизоти он ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест, сабаби ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамон шуда метавонад.
“Беморӣ ё вирусе, ки тариқи табобати дандон имконияти сироят карданаш бештар аст, вируси гепатит мебошад. Барои пешгирии ин гуна ҳодисаҳо табибон бояд аз асбобу анҷоми яккарата истифода баранд.
Аз орзуи милитсия шудан то шавқи дандонпизишкӣ
Қаҳрамони мо соли 1989 дар ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи бахши дандонпизишкии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст. Аммо дар аввал мехост корманди милитсия шавад.
“Дар хурдӣ мехостам, ки корманди милитсия шавам. Аммо вақте ки мактабро хатм кардам, бо чӣ сабабе шавқам ба ин касб мурда буд”,- гуфт Зуҳриддин.
Ҳамин тавр Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шуд, аммо ба дандонпизикӣ ҳам он қадар ҳавас надошт. Ба қавле танҳо барои вақтгузарон ба донишгоҳ мерафт.
“То хатми курси аввал тамоман намехостам дандопизишк шавам, чунки фанҳои тахассусиро кам мехондем. Дар курси дуввум моро ба таҷрибаомӯзӣ равон карданд. Маро як устодам раҳнамоӣ кард ва сабаби дилгармии ман ба ин касб гардид”,- нақл кард Зуҳриддин Ҷамолов.
Баъд аз хатми донишгоҳ ӯ дар госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол кор мекунад. Дар ин замон таҷрибаи кофӣ мегирад. Баъд аз он дар шаҳри Душанбе дар аввалин дармонгоҳои хусусӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.
“Дар дармонгоҳи шахсии “Smile”, ки дар шаҳри Душанбе фаъоляит мекард, шаш сол кор кардам. Дар ин муддат тамоми нозукиҳои ин касбро аз худ кардам. Баъди ба нафақа падарам баромадани падарам дар оилаи мо каме мушкилии пулӣ ба миён омад. Ман маҷбур шудам ба муҳочирати меҳнатӣ равам”,- гуфт ӯ.
Зуҳриддин аз 2010 инҷониб дар Русия мебошад. Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст. Аз рӯи касби хеш кор карда, соҳиби хонаи шахси гаштааст.
Ӯ аз интихоби дандонпизишкӣ изҳори хушнудӣ мекунад. Зеро ҳамеша метавонад ба одамон кӯмак расонад, дардашонро сабук гардонад. Дар оянда мехоҳад дар Тоҷикистон дармонгоҳи шахсӣ таъсис диҳад. Зеро дар Душанбе низ мизоҷони худро дорад. Ӯ барои онҳо зуд – зуд ба Ватан омада меравад.
Аминҷон Раҳматзода