Чаро сарояндаи навкор будан мушкил аст? Ҷавоне, ки мехоҳад сабки худро пайдо кунад

Ҳамадонӣ Давлатов, сарояндаи ҷавонест, ки нав ба олами мусиқӣ ворид мешавад. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди меҳнату талошҳо, бисёр нафароне, ки дар фазои интернети тоҷикӣ муҳтавои пурмазмун меофаранд, тамошобини кам меёбанд.

“Халқи мо ба ҳамин гуна чизҳои сабуке одат кардааст, ки як нафар агар дар интернет ягон “девонагӣ” мекунад, суханҳои зишт мезанад тамошобини зиёд мегирад”, – афзуд ӯ.

Дар нашри нави подкасти “Чеҳраи нав – насли нав” бо ин сарояндаи ҷавон ҳамсуҳбат шудем. Ӯ дар бораи мушкилиҳои роҳи санъат ба ҷавонон нақл кард.

Skip to toolbar