fbpx

Чаро мардум бештар хабарҳои фейкиро мепазиранд? Подкасти “Медиаи нав” бо Рустам Гулов

“Барои ривоҷ наёфтани фейкҳо мардум бояд ба чизи хондаву шунидаашон шубҳа намуда, фейкро паҳн накунанд”.


0

Пандемия бори дигар собит кард, ки ҷомеаи мо ба хабарҳои фейкӣ назар ба хабарҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дошта, онро зиёдтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Зеро қисми зиёди истифодабарандагони интернет хабарҳоро пеш аз паҳн кардан намесанҷанд.

Чунин корро натанҳо хонандагон, балки баъзе журналистон низ анҷом медиҳанд, ки ин аз эҳтиёҷи ҷомеа ба саводи расонаӣ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз надоштани саводи расонаӣ ва паст будани сатҳи таффакури интиқодӣ, боиси серистеъмол шудани фейкҳо мешавад. Паҳлуҳои дигари ин масъаларо мо бо рӯзноманигор, блогер ва мутахассиси расонаӣ Рустам Гулов матраҳ намудем.

Гулов мегӯяд, ки барои ривоҷ наёфтан ва худу наздиконро аз фейкҳо муҳофизат кардан, мардумро лозим аст, ки иттилоъро носанҷида паҳн накунанд.

Ба гуфтаи ӯ, журналистон низ бояд пеш аз нашри хабар онро дақиқ кунанд.

“Журналистони мо дарк намекунанд, ки ҷои журналистикаи фавриро, аллакай шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол кардаанд ва дигар барои аввалин шуда нашр кардани хабар, рақобат кардани расонаҳо ҳоҷат нест. Ҳоло журналистон бояд ба ҷои фаврият дақиқиятро дар зинаи аввал гузоранд.

Барои аудитория фарқ надорад, ки аз рӯи принсипҳои журналистика хабар бояд фавран нашр шавад, балки барои онҳо маълумоти аниқу дақиқро аз расонаҳои боэътимод дарёфт кардан муҳимтар аст. Вақте расона хабари бардурӯғро носанҷида нашр кард, аудитория ҳатман худи журналистро гунаҳгор мекунад”, – мегӯяд, Рустам Гулов.

Ҳамчунин, мо бо Рустам Гулов оиди роҳандозии дарсҳои саводнокии расонаӣ дар муассисаҳои томактабиву мактабӣ, муҳимияти он барои ҷомеа ва сабабҳои фаъол набудани сомонаи Factchek.tj суҳбат кардем. Барои дарёфти маълумоти бештар подкасти зерро тамошо кунед.

Подкаст дар доираи лоиҳаи IWPR “Giving Voices – Driving Change: from the Borderland to Steppes” таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани зарфияти насли нави таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аст, ки таҳлили босифат ва дастрасро ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд. Муҳтавои подкаст, назарот ва дидгоҳҳо, танҳо ба муаллифон  марбут буда, метавонанд ба мавқеи расмии IWPR мухолифат дошта бошанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend