Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:3029.08.2025
Намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ на танҳо равзанаи пешниҳоди маҳсулоти миллии сайёҳӣ мебошанд, балки яке аз абзорҳои муҳими рушди соҳа низ ба ҳисоб мераванд. Онҳо имконият медиҳанд, ки робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор гардида, ҳамкориҳои байнидавлатӣ мустаҳкам шаванд ва кишвар ҳамчун самти ҷолиб барои саёҳат ва сармоягузорӣ муаррифӣ гардад.

Аз 18 то 20 сентябри соли 2025 дар Маркази ЭКСПО шаҳри Душанбе дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – DITE 2025 баргузор мегардад. Ин бузургтарин чорабинии соҳаи сайёҳии минтақа хоҳад буд, ки дар он ширкатҳои зиёде аз кишварҳои гуногун, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони пешсафи соҳавӣ ҷамъ меоянд. Намоишгоҳ фазои вохӯриҳо, пешниҳоди хизматрасониҳо ва мубодилаи таҷрибаи касбиро фароҳам месозад.

Якум. Пешниҳоди маҳсулоти сайёҳии миллӣ — нишон додани хатсайрҳои нави миллии сайёҳӣ, сарватҳои фарҳангӣ ва табиӣ.

Дуюм. Тамоси мустақим бо шарикони хориҷӣ — операторони сайёҳӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, шабакаҳои меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва сармоягузорон.

Сеюм. Боло бурдани сатҳи шинохт — иштироки фаъол дар намоишгоҳи байналмилалӣ обрӯ ва намоёнии ширкатро дар бозорҳои минтакавӣ ва ҷаҳонӣ таъмин мекунад.

Чорум. Баромадан ба бозорҳои нав — имкони бастани шартномаҳо, васеъ кардани пойгоҳи муштариён ва ҷуғрофияи тиҷорат.

Панҷум. Мубодилаи таҷриба ва донишҳои нав — иштирок дар муҳокимаҳо ва дарсҳои коршиносии аршад (мастер-классҳо) имконият медиҳад таҷрибаи беҳтаринро қабул намуда, навовариҳоро татбиқ намоянд.

Барои ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ DITE 2025 — имконияти муносибест ҷиҳати таҳкими мавқеъ дар бозори сайёҳӣ, ҷалби меҳмонони хориҷӣ ва боло бурдани рақобатпазирӣ. Дар дурнамо ин боиси рушди сайёҳии воридотӣ ва ташаккули имиҷи мусбати кишвар хоҳад гашт.
DITE 2025 - ин беш аз як намоишгоҳ аст. Барои ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ — ин равзана ба ҷаҳони байналмилалии сайёҳӣ, имконияти хуб барои муаррифии худ, пайдо кардани шарикон ва таҳкими асоси рушди оянда мебошад.

Шарики иттилоотии DITE 2025 - Your.tj
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
19 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
19 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад