Чаро довталабони тоҷик донишгоҳҳои хориҷиро интихоб мекунанд, на маҳаллиро?


Донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа/ Акс аз манбаҳои боз

Сол то сол сафи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ афзоиш меёбад. Мавсими гузашта зиёда аз 5 ҳазор хатмкунандагони тоҷик барои идомаи таҳсил ба хориҷ аз кишвар рафтанд. 

Мувофиқи омори соли таҳсили 2021 – 2022 5 ҳазору 714  нафар донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти  олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ қабул шудаанд. Тибқи  маълумоти  сухангӯи Вазорати маориф ва илм, Эҳсони Хушбахт  шумори имсолаи довталобоне, ки ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шудаанд, ҳоло аниқ нест. Чун раванди дохилшавӣ идома дорад.

Муаллифи Your.tj  бо чанд тан аз довталабон, ки имсол бо роҳи озмуну имтиҳон  ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шудаанд, суҳбат кард.

“Донишгоҳеро интихоб кардам, ки барномаи мубодилаи донишҷӯён дорад”

Сафина имсол муассисаи таҳсилоти умумии №21 – и ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанберо хатм кард. Ӯ аз дӯстону наздиконаш, ки дар бораи донишгоҳҳои кишвар пурсон шуда, қарор кард, ки таҳсилашро дар хориҷа идома диҳад.  Аз гуфтаи наздикон ӯ хулоса баровард, ки дар  донишгоҳҳои Тоҷикистон барномаи мубодилаи донишҷӯён (обмен) вуҷуд  надорад ва тадрис аз рӯйи барномаву методикаи кӯҳна ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, вай нахост, ки дар Тоҷикистон таҳсилро идома диҳад. Ба  Сафина муяссар шуд, ки  дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии Қазоқистон (КИМЭП- Казахстанский институт менеджмента, экономики и прогнозирования) дохил шавад.

“Аслан, ин  донишкада фақат пулакӣ аст.  Аммо хоҳишмандон имкон доранд, ки дар озмун иштирок карда, соҳиби грант шаванд. Барои гранти омӯзишӣ навиштани эссе ва доштани сертификатҳои гуногун муҳим аст. Ман дар ин озмун иштирок карда,  соҳиби грант шудам. Донишкада барои донишҷӯёне, ки соҳиби грант шудаанд, солона беш аз 3 млн 200 ҳазор танга ($7 ҳазору 125) ҷудо мекунад”, – мегӯяд, Сафина.

Сафина аз хурдӣ мехост,  ки  ҳунарманди синамо шавад. Аммо, вақте ки камтар калон шуд, ҳаваси касби тарҷумонӣ дошт. Ӯ ҳангоми таҳсил дар синфи 11- ум тасмими худро иваз карда,  журналист шудан хост.  Вай ният дорад, ки дар баробари касби журналистӣ омӯхтан,  боз иртиботи комуникативиро низ аз худ кунад.

“Донишкадаи дохилшудаи ман як имтиҳони дохилшавӣ дошт, ки аз забони англисӣ буд. Саволҳои имтиҳон дар сомонаи  донишкада гузошта шудаанд. Ман онҳоро мустақилона тайёр карда, ба ҳамаи саволҳо ҷавоб додам. Хушбахтона, бали гузаришро ба даст овардам. Айни ҳол, ман ман ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ рафта истодаам, то забондониам боз хубтар шавад”, – гуфт,  Сафина.

Ӯ хурсанд аст, ки  волидон  барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар барояш ризоӣ доданд. Вай ба ин бовар аст, ки солҳои донишҷӯияш хуб мегузарад. Чунки донишкадаи интихобкардааш  барномаҳо дорад, хусусан ба кишварҳои Лаҳистон ва Олмон.

“Ба донишгоҳҳои Русия ва Туркия дохил шудам, аммо… “

Абдуллоҳ Комилов зодаи шаҳри Бохтар аст. Ӯ аз  замони мактабхонӣ бо ташкилоти гуногуни хориҷӣ ҳамкорӣ мекард ва бештари вақтро бо иштирок кардан дар тренингҳо мегузаронд. Вай дар тренингҳое ширкат меварзад, ки барои журналистони ҷавон равона шуда буд. Абдуллоҳ барои он дар чунин омӯзишҳо иштирок мекард, ки ба пешаи журналистӣ ҳавас дошт. Ӯ ҳамчун муаллифи ҷавон барои Your.tj ,  Jom.tj ва Зира медиа  маводи мултимедиявӣ  омода кардааст.  Абдуллоҳ имсол синфи 11- ро хатм кардааст. Вай ба  Донишгоҳҳои Русия ва Туркия дохил шудааст. Айни ҳол, намедонад, ки кадомеро интихоб кунад.

“Ман ду донишгоҳро интихоб намудам. Яке ба ихтисоси равоншиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳи Санкт-Петербург ва дигаре ба ҳамин ихтисос ба донишгоҳи Ики Шеҳри Туркия шомил шудам. Дар ҳарду донишгоҳ низ ба таври пулакӣ қабул шудаам. Падарам дар шаҳри  Санкт-Петербург қарор дорад ва мегӯяд, ки дар Русия хонам, аммо ман дар Туркия таҳсил кардан мехоҳам. Ҳоло ба як қарори қатъӣ  наомадаам. Боз дӯстонам тавсия доданд, ки дар Олмон таҳсил кунам. Барои ин ба ман 1 сол  лозим аст, ки забони олмониро омӯзам”, – мегӯяд,  Абдуллоҳ.

Абдуллоҳ Комилов барои дохил шудан 2 моҳ ба дарсҳои иловагӣ рафтааст. Омӯзгори вай аз Русия буд. Имтиҳони дохилшавӣ  будааст, чун аз Душанбе ягон довталаб ба ин ихтисос ба таври бепул, яъне буҷавӣ имкони таҳсилро гирифта натавонист,  аз ҷумла,  Абдуллоҳ.  Зеро холи гузариш барои таҳсили буҷавӣ баланд будааст.

“Волидон мегӯянд, “ҳаёт ҳаёти туст.  Худат бояд интихоб кунӣ, ки дар куҷо мехонӣ”. Ҳоло мактабро хатм мекунам ва  дар ҳолате ҳастам, ки намедонам чӣ кор кунам? Барои ба қарори қатъӣ омадан бояд хуб фикр кунам.  Ҳайронам!”, – бо тааҷҷуб мегӯяд, Абдуллоҳ.

“Донишгоҳ ҷоест барои донишомӯзӣ,  шиносоӣ ва пайдоиши ғояҳо…”

Самандар Самандаров имсол Литсей барои хонандагони  болаёқати шаҳри Хуҷандро хатм кард. Дар ин литсей  вай бо забони англисӣ таҳсил мекард ва  ба фанҳои дақиқ ва барномасозӣ ҳавас дошт.  Самандар дар факултети илмҳои компютерии Донишгоҳи Швейтсария дохил шуд.

“Ман якчанд донишгоҳҳоро интихоб карда будам. Ахиран, интихоби қатъии ман Донишгоҳи Швейтсария, факултети илмҳои компютерӣ шуд. Ман дар оянда ширкати худро дар соҳаи IT кушоданӣ ҳастам. Сабаби интихоби ин факултет дар ҳамин аст”, – меафзояд, Самандар.

Самандар тасаввур мекунад, ки дар Донишгоҳ бо донишҷӯёни гуногунфикр ва онҳое, ки идеяву имкониятҳои фаррох донад, шинос мешавад.  Донишгоҳ барои ӯ ҷоест,  ки дар он донишомӯзӣ, шиносоӣ  ва пайдоиши ғояҳо сурат мегирад.

Дар натиҷаи суҳбат бо 3 тан довталаб, ки имсол дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ дохил шудаанд, маълум шуд, ки онҳо интихобро аз рӯйи  назардошти рейтинг ва  доштани  маҷмӯи барномаҳои махсус барои  донишҷӯён,  ки   имконият фароҳам меоваранд,   кор гирифтаанд.

Файзуллохон Обидов