fbpx

Changan дар Тоҷикистон – қадами нав дар рушди бозори автомобил

Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи бренди CHANGAN баргузор шуд.


0

15-уми май дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ бахшида ба воридшавии бренди маъруфи ҷаҳонии CHANGAN ба бозори Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, бо иштироки намояндагони идораи марказии ширкати CHANGAN ва роҳбарияти холдинги паҳнкунандаи бренд баргузор шуд.

CHANGAN – яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи мошинсозии ҷаҳон мебошад, ки дорои таҷрибаи беш аз садсола аст. Акнун ин бренд расман дар Тоҷикистон тавассути Autoholding VECTOR — дистрибютори расмӣ ва ягонаи бренд дар кишвар муаррифӣ мегардад.

Дар доираи чорабинӣ якчанд намунаи мошинҳо пешниҳод гардиданд, аз ҷумла:

  • CHANGAN — мошинҳои бароҳат ва технологӣ барои оила;
  • CHANGAN NEVO — навоварӣ дар ҷаҳони нақлиёти барқӣ;
  • DEEPAL — стандартҳои баланд ва ҳалли муосир;
  • CHANGAN KAICHENG — эътимод ва бисёрҷанбагии истифода барои тиҷорат.

Ширкат инчунин ба муштариён хизматрасониҳои муосирро пешниҳод мекунад, аз ҷумла:

  • лизинги корпоративӣ;
  • барномаи Trade-In (иваз кардани мошини кӯҳна ба нав);
  • хизматрасонии техникӣ;
  • тест-драйв ва сабти ном тариқи шабакаҳои расмии маркази дилерӣ.

Сардори International Autoholding VECTOR Юрий Мошуров зикр кард, ки маркази аввалини расмии дилерии CHANGAN аллакай дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кардааст:

“Ин марказ бо масоҳати бузург, инфрасохтори муосир ва шоу-руми дорои тамоми шароити зарурӣ таъсис дода шудааст. Мо нақша дорем, ки шабакаи фурӯш ва хизматрасониро ба тамоми минтақаҳои кишвар густариш диҳем, то ҳар як муштарӣ имкони дастрасӣ ба хидматҳои босифатро дошта бошад”.

Ҳенри Ҳуанг Шуҳо, директори тиҷоратии CHANGAN Eurasia Business Unit, дар суханронии худ таъкид намуд:

“Яке аз афзалиятҳои мошинҳои барқӣ ва гибридии CHANGAN — қобилияти зуд нерӯгирии он мебошад. Мошинҳо дар муддати 15 дақиқа нерӯи ибтидоӣ ва тақрибан дар як соат нерӯи пурра мегиранд. Ин хусусият онҳоро барои истифода дар шароити шаҳр ва ҳаёти фаъол хеле мувофиқ месозад”.

Ӯ илова намуд, ки дар сурати пайдо шудани талаботи зиёд ва мустаҳкам шудани мавқеи бренд дар бозори Тоҷикистон, ширкат эҳтимоли ба роҳ мондани ҷамъоварии мошинҳоро дар дохили кишвар низ баррасӣ хоҳад кард:

“Мо барои рушди минбаъдаи бренд омода ҳастем ва имкониятҳои истеҳсол дар дохили кишварро низ ба назар хоҳем гирифт, агар шароити бозор мувофиқ бошад”.

Ҳамзамон, намояндагони ширкат таъкид намуданд, ки ҳангоми интихоби моделҳо ва пешниҳоди онҳо дар Тоҷикистон, шароити иқлимӣ ва географии кишварро ба ҳисоб мегиранд. Онҳо кӯшиш мекунанд  мошинҳое ворид намоянд, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон — аз шаҳрҳои калон то минтақаҳои дурдаст — бе мушкил истифода шаванд.

“Мо хуб медонем, ки дастрасӣ ба нерӯи барқ дар баъзе минтақаҳо маҳдуд аст. Аз ин рӯ, мошинҳои гибридии мо бо низоми иловагии истифодаи сӯзишворӣ муҷаҳҳаз мебошанд”.

Намояндагони ширкат таъкид намуданд, ки CHANGAN мехоҳад на танҳо маҳсулоти худ, балки таҷриба, инфрасохтор ва ҷойҳои кориро низ ба Тоҷикистон ворид намояд.

Ҳадафи асосӣ — фароҳамсозии имкониятҳои муосири нақлиётӣ ва хидматрасонии сатҳи олӣ ба ҳар як муштарӣ дар тамоми қаламрави кишвар мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend