Чӣ тавр ҳунарманди тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмонову Мирзиёев ҷомаи зардӯзӣ дӯхт

Моҳи майи соли равон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ бо иштироки 300 нафар ҳунармандон аз 58 давлати дунё баргузор гардид. Салима Каримова ҳанрманди тоҷик дар ин фестивал аз рӯи номинатсияи “Устоди беҳтарини мактаби зардӯзӣ” ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Салима Каримова аз ин пештар ҳам ӯ чандин маротиба дар фестивалҳои байналмиллаӣ дар хориҷа иштирок кардааст ва дар озмунҳо соҳиби ҷоизаҳо гаштааст. Соли 2017 ҳангоми чунин як фестивал дар Ӯзбекистон, ки дар он президенти кишвар Эмолалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳузур доштанд Салима барои онҳо ду ҷоми зардӯзӣ омода ва туҳфа мекунад.

Ҷома ба президент

“Cоли 2017 бо сафари корӣ барои муаррифии ҳунарҳои мардуми ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мерафтам дар тули се рӯз аз як матои қимматбаҳои сафед бо ранги зангори сабз ду ҷомаи якхела омода кардам. Чун медонистам, ки дар намоиш президентҳо иштирок мекунанд ҷомаҳоро ба сарони ҳарду кишвар инъом кардам ва онҳо ҷомаҳоро ба якдигар пӯшониданд. Баъд аз ин намоиш Эмомалӣ Раҳмонба ҳунарҳои ман баҳои баланд доданд ва ба ман нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро доданд”, – нақл мекунад, Салима Каримова.

Дар фестивали имсола бошад Салимаро барои тарбият кардани шумораи зиёди шогирдон дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ҳакамон ки ҳама мутахассисони ЮНЕСКО буданд дар номинатсияи “Устоди беҳтарини мактаби зардӯзӣ” ба ҷойи аввал сазовор донистанд.

Идомадиҳандаи ҳунари модар

Салима Каримова 51 сол дорад ва қариб аз уҳдаи ҳама намуди ҳунарҳои мардумӣ мебарояд. Ӯ бо ҳунарҳои, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қубадӯзӣ ва нақшдӯзӣ зиндагиашро пеш мебарад. Омӯзиши ҳамаи ин ҳунарҳоро Салима аз синни 10 солагӣ оғоз карда, ба зудӣ ба як ҳунарманди чирадаст бадал шудааст.

Тавре Салимабону қисса кард, вай ин ҳунарро аз модараш ба мерос гирифтааст, ҳанӯз аз хурдсолӣ дар хона бо ҳамроҳи хоҳаронаш ба корҳои зардӯзӣ ва гулдӯзии модараш ёрӣ мерасонидаанд. Модари Салимабону низ зардӯзӣ моҳир буд ва завқу ҳаваси духтаронашро дида, ба онҳо касбашро омӯзондааст.

“Модарам ба мо дар аввал дӯзандагиро омӯзонданд, сипас ман гулдӯзӣ, зардӯзӣ кашидадӯзиро низ омӯхтам. Ҳар боре ҳунари наверо аз худ мекардам, боз мехостам, ки ягон ҳунари дигарро омӯзам. Дунёи ҳунар маро торафт ба худ мекашид. Аҷибаш он буд ки аз худ кардани ҳар ҳунареро, ки ният мекардам, ба зудӣ ёд мегирифтаму ягон маротиба аз кор дилгир намешудам, чун дар ин роҳ модарам роҳнамои ман буданд”, – мегуяд, Салимабону.

Салимабону мегӯяд, ки модараш онҳоро маҳз бо нони аз пушти ҳунараш меёфта калон кардааст. Аз ин рӯ ӯву хоҳаронаш доим ба кӯмаки модар омода буданд, то ки маблағи бештаре ба даст оранд.

“Ҳанӯз аз овони даҳсолагиам бо ҳамроҳи модарам тоқӣ, пойафзолҳои зардӯзӣ ва ҷомаҳои зардӯзӣ (он замон хело ба расмият даромада буд) медӯхтем ва модарам онҳоро дар бозор фурӯхта барои мо маводи ниёзи аввалия мехарид”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Устоди ҳунар

Пас аз хатми мактаб Салимабону ба литсейи касбии шаҳри Хуҷанд дар ихтисоси ошпаз – қаннод дохил шуда, баъд аз як соли таҳсил ба шавҳар мебарояд. Баъд аз оиладорӣ бо дастгирӣ ва маслиҳати волидон ба коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дохил мешавад. Cалимабону пас аз хатми коллеҷ дукони зардӯзии худро боз намуда, дар он ҷо зиёда аз 300 нафарро ҳунар омӯхтааст. Баъдан боз ба хотири дарёфти маълумоти олӣ ба Донишкадаи давлатии кӯҳи ва металлургия шаҳри Бӯстон дохил шуда онро дар ихтисоси иқтисодчӣ бо муваффақият хатм мекунад.

“Бо вуҷуди маълумоти оли доштанам сариштаи зиндагии худро аз зардӯзӣ ёфтам” мегӯяд, қаҳрамони мо.

Салима мегӯяд, ки бисёриҳо суол мекунанд, ки “чӣ гуна ҳамаи ин зебоиҳоро рӯи матоъ меорӣ?”. Ба қавли ӯ инсон агар касбашро дӯст дорад аз уҳдаи он ба хубӣ мебарояд ва дар зебоиофар будан мушкилӣ намекашад.

“Бузургони олами адаб таъкид кардаанд, ки тору пуди инсонро Худованд аз меҳру садоқат сириштааст. Инчунин боз тазаккур додаанд, ки Офаридгори олам як хислати хешро ба инсонҳо ҳадя кардааст, ки ин эҷозгарист”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Ҳунар беҳтар аз ганҷ

Салима Каримова имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекунад. Маҳсули ҳунарҳои зардӯзии ин бонуи ҳунарро мо дар пешпардаи асосии театри Камоли Хуҷандӣ, театри навраси шаҳри Хуҷанд, Кохи фарҳангӣ шаҳри Бохтар ҳамчунин пешпардаи асосии “Кохи Борбад” – и шаҳри Душанбе, ки бо ҳамроҳи шогирдонаш дастдӯзӣ кардааст, дида метавонем.

“Чун тамошобин ба толор ворид мешавад,  аввал  маҳсули дастони маро мебинад, баъд намоишномаро тамошо мекунад”, – бо ифтихор мегӯяд Салимабону.

Ин бонуи ҳунар оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад. Ў ҳамсари меҳрубон, модари дилсӯз ва бибии ғамхори се набераи дустрӯ мебошад ва ҳунарашро ба фарзандонаш ҳам омӯзонидааст.

“Агар касби маро интихоб накунанд ҳам ҳунар як рӯз не як рӯз ба корашон меояд”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Салима Каримова узви Иттифоқи ҳунармандони ҶТ, аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ, аъзои Занони фаъоли ҶТ ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

  Ҳалима Шобекова

Skip to toolbar