fbpx

Чӣ тавр як ҳунарманди тоҷик дар Русия иштирок дар ҷангро рад кард ва ҳоло ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад

Шарифҷон Тиллозода дар муҳоҷират буд. Дӯстонаш ба иттиҳомот бовар надоранд ва чунин мешуморанд, ки ин муҷозот барои саркашӣ аз ширкат дар ҷанг аст.


0
Ҷавони тоҷик дар Русия ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад
Акс аз архиви шахсии Шарифҷон дар Facebook

Шарифҷон Тиллозода дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт ва ният дошт пас аз адои хизмат шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шавад, аммо дар лаҳзаи охирин аз ширкат дар ҷанг даст кашид. Ҳоло ӯро ба ҷосусӣ ба нафъи Украина муттаҳам мекунанд.

Суди ноҳияи Лефортовои шаҳри Москва шаҳрванди Тоҷикистон Шарифҷон Тиллозодаро ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт кард, хабар медиҳад “Ведомости” бо такя иттилои ба дафтари матбуоти Судҳои юрисдиксияи умумии Москва. Қаблан як муфаттиши мақомоти амнияти Русия (ФСБ) барои боздошти ӯ муроҷиат карда буд.

Мундариҷаи парвандаи ҷиноятӣ маълум нест, зеро маводҳо махфиянд. Тиллозода дар содир намудани ҷинояти моддаи 276-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (ҷосусӣ) гумонбар аст. Аз рӯи ин модда то 20 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст. Суд ӯро то 10 декабр ба ҳабс гирифт.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Би-би-си хабар медиҳад, гумонбар шояд ҳунарпеша аз Тоҷикистон бошад – ӯ чанде дар Туркия кор мекард ва нисбат ба Путин муҳаббаташро эътироф кардааст.

Ба гузориши ТАСС, як нафари “бо ному насаби ба ҳамин монанд” рӯзи 20 сентябр ҳангоми дар “ҳудуди манъшудаи вилояти Москва” буданаш боздошт шудааст.

Суди шаҳри Одинтсово ӯро барои вайрон кардани тартиби интихоби ҷои будубош тибқи қисми 3 моддаи18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия гунаҳгор дониста, 5 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳамчунин ба “ихроҷи маҷбурӣ” аз Русия ҳукм кардааст. Пеш аз ихроҷ Тиллозода ба боздоштгоҳи муваққати Егоревски наздикии Москва фиристода шудааст.

Би-би-си аз сомонаи суди шаҳри Одинтсово як парвандаи мувофиқ пайдо кардааст, ки дар он номи Шарифҷон, шахси эҳтимолии бо парвандаи ҷосусӣ муттаҳамшуда мавҷуд аст. Протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба суд рӯзи 21 сентябр ворид шудааст.

Аммо суд парвандаро баргардонда, ишора кардааст, ки дар он шаҳодатномаи системаи автоматии иттилоотии “Бонки марказии маълумотҳо оид ба сабти шаҳрвандони хориҷӣ” мавҷуд нест. Рӯзи дигар парванда боз ба ҳамон суд фиристода шудааст – ин дафъа бо ду шаҳодатнома, аз ҷумла аз ФСБ. Пас аз ду соат судя қарори худро баровардааст.

Шаҳрвандии шахси муттаҳам ва суроғаи ҳудуди манъшудаи вилояти Москва, ки ӯ дар он ҷо боздошт гардидааст, дар матни қарори суд зикр нашудааст.

Дар қарори суд гуфта мешавад, ки Тиллозода ба гуноҳаш иқрор шудааст. Тибқи қарор ӯ баёнот додааст, ки барои кор омада, бе иҷозати махсус дар минтақаи манъшуда қарор гирифтааст. Суд ин шаҳрванди хориҷиро ба боздоштгоҳи муваққатӣ барои интизори депортатсия фиристода, гуфтааст, ки ӯ барои гирифтани мақоми гуреза ё шаҳрвандии Русия муроҷиат накардааст.

Аммо ба ҷои ихроҷ ФСБ ӯро бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт кардааст.

Ба гузориши Telegram-канали Mash, Шарифҷон Тиллозода дар ҳудуди манъшудаи як қисми низомӣ дастгир шудааст. “Дар аввал ин мардро як коргари раҳгумзада гумон кардаанл, вале баъдан маълум шуд, ки ӯ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина маълумот ҷамъоварӣ мекардааст. Вай объектхои харбиро акс гирифта, ба хориҷа мефиристод”,- менависад Mash.

Дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” Шарифҷон Тиллозодаи 32-сола саҳифа дорад. Дар он ишора шудааст, ки ӯ дар шаҳри зодаи Душанбе буда, соли 2018 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси актёр хатм кардааст ва аз соли 2021 дар Туркия фаъолият дорад. Бори охир дар саҳифааш 2 феврали соли 2022 акси худро аз Истанбул нашр кардааст.

Моҳи январи соли 2022 ӯ дар саҳифаи худ аз Истанбул ва Москва навор нашр кардааст. Як сол пештар дар наворҳои худ ӯ парчами Русия дар даст пайдо шуд ва дар шарҳҳо муҳаббаташро ба президент Владимир Путин изҳор карда буд: “Ман Федератсияи Русияро хеле дӯст медорам, Владимир Владимирович Путинро эҳтиром мекунам ва дӯст медорам!”

Ӯро бояд ба ҷанг мефиристоданд

Дар ҳамин ҳол, ба Your.tj муяссар шуд, ки дар бораи Шарифҷон Тиллозодаи боздоштшуда аз шиносҳояш маълумот пайдо кунад. Ба гуфтаи онҳо ӯ бояд рӯзи 20 сентябр ба ҷанги Украина фиристода мешуд. Барои ин Тиллозода дар як қисми низомии вилояти Москва аз омӯзиш гузаштааст.

Ҷавон ба дӯстонаш рӯйхати ҳамаи онҳоеро фиристодааст, ки бояд рӯзи 20 сентябр бо автобус фиристода мешуданд. Дар рӯйхат ному насаби ӯ ҳам буд.

Рӯйхати нафароне ки ба ҷанги Украина фиристода мешуданд
Рӯйхате, ки Шарифҷон ба дӯстонаш фиристодааст

Ӯ инчунин паёми як нафарро бо номи Александр Новиков равон кардааст, ки дар он гуфта мешавад, Тиллозода бояд бо ҷиҳози худ ба назди хаймаҳо рафта, рахти хобашро супорад.

Шарифҷон ба дӯстонаш гуфтааст, ки бо пайвастан ба артиши Русия нияти гирифтани шаҳрвандии Русияро дорад. Аммо қабл аз фиристода шуданаш ба фронт, ҷавон аз нияташ баргашта, аз дӯстонаш барои баргаштан ба Тоҷикистон кӯмак хостааст.

Шиносҳояш низ менависанд, ки ба ҷосус будани ӯ бовар надоранд, ӯ ҳатто барои баргаштан ба ватан пул надоштааст.

Бори охир ӯ шаби 20 сентябр ба алоқа баромадааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend