Чӣ тавр як муҳоҷири 53 солаи тоҷик сангтарош шуд

Ҳакималӣ Камолов сокини 53-солаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аз санг ҳар гуна ашёву зарфҳои барои рӯзгор заруриро омода мекунад. Ӯ дар асл челонгар аст ва тамоми умр ба ин кор машғул шудааст, ҳатто дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ. Аз санг сохтани ашёҳои рӯзгорро ба ӯ ҳамсараш пешниҳод кардааст.

Ҳакималӣ ҳама офаридаҳояшро аз сангҳои оддӣ месозад. Онҳо барои гирифтани ширинӣ ва мевагию донагӣ дар рӯйи дастархон истифода мешаванд.

Зану шавҳар сангтарош

Дар кори Ҳакималӣ Камолов ҳамсараш Соҷида Камолова кӯмак мерасонад. Тарҳи ашёҳоро нахуст Соҷида дар қоғаз ва сипас дар рӯйи санг наққошӣ мекунад ва баъдан шавҳараш бо истифода аз “баргалка” онҳоро омода мекунад. Идеяҳоро зану шавҳар якҷоя фикр мекунанд.

«4-5 сол пеш хона месохтем ва шавҳарам бо “баргалка” оҳан мебурид. Санги калонеро дар ҳавлӣ дидам ва дар рӯйи он гул кашидам. Сипас шавҳарам онро дида завқаш омаду бо “боргалка” сангро бурид.

Кори мо аз ҳамин ҷо оғоз шуд. Мо ба хулосае омадем, ки аз санг ба мисли замонҳои кадим зарфҳо омода карда, ба фурӯш гузорем»,- нақл мекунад, Соҷида Камолова.

Ягона сангтарош дар Хатлон

Дар гузашта касе аз авлоди Камоловҳо ин касбро соҳиб набуд ва Ҳакималӣ  дар бораи ин гуна ҳунару санъат маълумоте низ надошт. Ӯ танҳо медонист, ки дар гузашта одамон зарфу олотҳо барои рӯзгорро аз санг омода мекарданд. Ҳакималӣ сангтароширо худкорона ҳамроҳи ҳамсараш аз худ карданд.

Ҳоло Ҳакималӣ бо маҳсули дастонаш дар ҳама гуна намоишу чорабиниҳои ҳунарҳои мардумӣ иштирок мекунад ва ягона сангтарошест, ки Хатлонро дар ҳунари сангтарошӣ муарифӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, ки новобаста аз он, ки маҳсулоташ харидорони зиёде надорад ба ин кор дил бастааст.

Тавре қаҳрамони мо мегӯяд, офаридани ашё ё зарфҳои гуногун аз санг бо асбобҳои қадимӣ ниҳоят мушкил аст. Ӯ танҳо бо 3 асбоб болғаю искана ва “баргалка” сангтарошӣ мекунад, ки барояш осон нест.

“Ба ин ҳунар зуд дил бастам. Айни ҳол танҳо аз болға “болгарка” ва искана истифода мекунам. Сангҳоро бошад аз кӯчаҳо ҷамъоварӣ менамоям”, – мегӯяд, Ҳакималӣ.

 

Роҳи халосӣ аз муҳоҷират

Ҳакималӣ тӯли 6 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд ва роҳи дигаре барои пешбурди зиндагӣ надошт. Ӯ мегӯяд, ки пас аз машғул шудан ба сангтарошӣ  дигар ба муҳоҷират нарафт.

“Танҳо машғулият ба сангтарошӣ буд, ки маро аз муҳоҷират боз дошт. Ҳоло дар маркази тиббии Хатлон дар Бохтар челонгарӣ ва дар хона сангтарошӣ мекунам. Каме ҳам бошад нисбати солҳои гузашта маблағи бештаре ба даст меорам. Синнам ҳам барои ба муҳоҷират рафтан алакай ба ҷое расидааст. Ҳоло боз писарам дар муҳоҷират аст, ӯ низ кӯмак мекунад”, мегӯяд, сангтарош.

Ҳакималӣ мегӯяд, ки ҳар ҷое санги мувофиқеро бинад ба хона гирфта меорад. Ӯ алакай медонад, ки аз каддом навъи санг чиҳо омода кардан мумкин. Зарфҳои сохтаи ӯро асосан ҳамсоягонаш харидорӣ мекунанд.

“Ба забони русӣ санги “блужнияк” мегӯем. Ин намуди санг дар кӯчаҳо пеш-пеши пойи одамон аст. Ман аз назди заҳбур ингуна сангҳоро зиёд пайдо карда, ба хона овардам.

Зарф барои дона ва мевагирӣ сохтам, ҳар яки онро ҳамсояҳо бо нархи 100 сомонӣ хариданд. Зарфи сангин намешиканад ва асрҳо боқӣ мемонад ва ин барои мардум муфид аст», – нақл мекунад, Ҳакималӣ.

Ин хонаводаи ҳунарманд сангҳои зиёдро дар ҳавлияшон захира карда, дар рӯзҳои офтобӣ корашонро анҷом медиҳанд. Алоқамандони омӯзиши ҳунари сангтарошӣ дар ҷамоати деҳоти Заргар зиёд аст, вале Ҳакималӣ Камолов бо далели набуди ҷойи мувофиқ ва шароити созгор наметавонад, касбашро ба дигарон ёд диҳад.

Ӯ ният дорад, ки дар оянда коргоҳ ё дӯкони худро ташкил кунад ва ба хоҳишмандон касбашро омӯзонад.

Аҳлиддин Муборов

Skip to toolbar