Чӣ тавр як мард дар Бохтар бо аҳли оилааш танӯрсозӣ мекунад?

Раҳматулло Рашидов тамоми умри худро бо кори танӯрсозӣ гузаронидааст.


Танӯри нонпазиро дар ҳар як ҳавлӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон вохӯрдан мумкин. Онро устоҳои махсус месозанд. Ҳамин аст, ки танӯрсозӣ низ як намуди ҳунар ва манбаи даромад ба ҳисоб меравад. Раҳматулло Рашидов сокини Бохтар касби танӯрсозиро аз бобою падараш мерос гирифтаасту имрӯз бо фарзандонаш ин касбро идома дода истодааст. Ӯ мегӯяд, ки агар ин касбаш намебуд шояд ӯ ва фарзандонаш низ мисли ҳазорон нафар муҳоҷир мешуданд.

Раҳматулло ба Your.tj дар бораи нозукиҳои кори танӯрсозӣ нақл кард.

Идомадиҳандаи касби падар

Раҳматулло Рашидов, танӯрсози муваффақ аст. Ҳар рӯзи ӯ ё бо омода кардани лой барои танӯр ё танӯрсозӣ оғоз мешавад. Ҳавлиаш пур аз хоку лой ва танурҳои сохта шудааст. Агар барои аксар оилаҳо хоку лой дар ҳавлиашон чизи нолозим аст, вале ин ду чиз барои қаҳрамони мо баркати зиндагӣ аст. Мегӯяд, ки ҳунараш авлодӣ буда, аз бобо ба падар ва аз падар ба вай мерос мондааст.

“Замоне хонандаи мактаб будам, бобо ва падарам танӯр месохтанд. Ман аз гушаи лойи онҳо гирифта, ба фаҳмиши худам танӯрчаҳои майда месохтам. Оҳиста – оҳиста ба сохтани танӯрҳои калон оғоз кардам. Бобову падар хурсанд буданд. Бобоям ба падарам мегуфтанд, ки “шукр, ки ӯ низ идомадиҳандаи ҳунарамон шуда истодааст”. То ба имрӯз мизоҷони падарам омада танӯрҳои сохтаамро мехаранд”, – нақл мекунад Раҳматулло Рашидов.

Ҳоло ба Раҳматулло дар кораш писаронаш ёрӣ мерасонанд. Ӯ мегӯяд, ки акнун онҳо низ метавонанд идомадиҳандаи касби бобогияшон бошанд.

Танӯрро чӣ гуна месозанд?

Танрӯсозӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи май шуруъ мешавад ва то моҳи октябр идома мекунад. Танӯрсозони ин минтақа давоми 6 моҳ серташвиш буда, дар ҷустуҷӯи хоки хушсифат ва пашми чорво ҳастанд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки на ҳар хок барои сохтани танур мувофиқ аст. Ӯ хоки хушсифат ва барои танӯр мувофиқро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷустуҷӯ мекунад. Танӯр танҳо бо хоки сурх сохта мешавад. Чунин хокро аз кӯҳ ва пуштаҳои шаҳри Левакант ва ноҳияи Хуросон дастрас мекунанд.

“Танӯрҳоро дар хона месозем. Нахуст хокро дар дегҳои калон андохта, бо об мешӯем, то хок аз қум тоза шавад. Сипас пашми гусфанду буз ва думи говро майда карда, бо лой омехта мекунем. Барои он ки танур сифатан хуб тайёр шаваду умри дароз бинад, як рӯз лойро нигоҳ медорем. Баъдан лойро бо пой хелида, мувофиқ ба андозаи танӯр онро қисм ба қисм ҷудо карда, мечасмонем. Борои онки танӯр гирид ва мустаҳкам ояд, бо асбобҳои махсуси чубин рост мекунем”, – шарҳ медиҳад, танурсоз.

 

Ба гуфтаи қаҳрамони мо Раҳматулло Рашидов дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон харидори танӯрҳои хокӣ нисбат ба танӯрҳои сементӣ, хеле зиёд аст. Ҳар рӯз барои онҳо танӯрҳои хурду бузургро фармоиш медиҳанд. Дар вилояти Хатлон даҳҳо устои танӯр аст, вале аз ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш, Балхию Дӯстӣ, шаҳри Бохтару Левакант омада, маҳсули дастранҷи акаи Раҳматуллоро харидорӣ мекунанд.

Вақте мо дар ҳавлии акаки Раҳматулло қарор доштем ба назди ӯ харидорон меомаданду мерафтанд. Аз фурсат истифода бурда бо яке аз хридорон, ки худро Саврия Займуддинова муаррифӣ кард, ҳамсуҳбат  шудем, ӯ гуфт, ки танӯрҳои акаи Раҳматулло хеле сифати хуб доранд.

“Як ҳамсояам аз ҳаминҷо танӯр харида буд, ҳамеша таърифу тавсиф мекард, ки намекафад ва танур зуд гарм мешавад. Ман 5 сол пеш омада харидам, дар ҳақиқат танӯрҳояш хуб ҳастанд, то ҳол истифода бурда истодаам. Ҳоло ҳамсари бародарамро овардам, то ки ӯ низ аз ин ҷо танӯр бихарад”,- ироа дошт Саврия Займуддинова.

Танурсозӣ ягона манбаи даромад

Танӯрсозӣ ягона манбаи даромади хонаводаи Рашидовҳо мебошад. Дар 6 моҳи гармӣ беш аз 150 танур месозанд. Фурӯши онҳо қариб аз ин мавсим то мавсими оянда идома мекунад.

Раҳматулло Рашидов 53-сола дорад ва соҳиби 7 фарзанд, 5 духтару 2 писар аст. Боре ҳам ба ягон кишвар муҳоҷират накардааст. Фарзандонро танҳо бо пули танурсозӣ бузург кардааст. Ин хонавода дар як рӯз то 3 танур месозанд.

“Ҳамаи кори мо харҷи худро дорад, мошин кироя карда, хокро аз минтақаҳо меорем. Пашми гусфанд ва думи гов мехарем.  Ҳамаи ин ва музди меҳнатамро ба ҳисоб гирифта, нархро муаян мекунем. Танӯрҳои мо аз 120 то 180-200 сомонӣ арзиш доранд. Корамон хуб аст, рӯзгорамро таъмин мекунад. Агар ҳунарам немушуд, шояд ба муҳоҷират мерафтам. Шукр, ки соҳиби касб ҳастам», – мегӯяд, Рашидов.

 

Ӯ дар пештрафти зиндагиаш падару бобояшро ҳиссагузор мешуморад, ки агар ба ӯ маълумоти олӣ дода натавониста бошанд, ҳам касбашонро омӯзониданд.

Тавсия барои бештар нигоҳ доштани танӯр

Барои онки танӯр умри дароз бинад, онро дар замин бояд хуб шинонанд, гирдашро бо хишти лойӣ девор кунанд. Тақрибан ду рӯз майда-майда алов монанд, то танӯр хуб пухта расад. Агар ҳамин қоидаҳо пурра риоя шавад, танӯр то 8 сол умр мебинад.

“Мо шоҳид ҳастем, ки бархе аз истифода барандагон чунин амалҳоро риоя намекунанд, баъди як ё якуним соли истифодабарӣ аз танӯрҳои сохтаамон гила мекунанд. Акнун ба ҳар як харидор нозукиҳои истифодабариро мефаҳмонем, айни ҳол ягон шикоят нест»,- мегӯяд Раҳматулло Рашидов.

Амонҷон Муҳиддинов