fbpx

Чӣ тавр як ҷавонзан дар Душанбе роҳрӯби беҳтарини сол шуд

Дар асл Шоира интизор надошт, ки рӯзе роҳрӯб мешавад, аммо зиндагӣ маҷбураш кард, ки барои гурусна намондани фарзандонаш ҳар кореро, ки аз дасташ меояд бикунад.


0

Шоира Суюнова як сокини 35 солаи шаҳри Душанбе бе аз 13 сол аст, ки  роҳрӯб шуда кор мекунад ва бо ҳамин кор ризқи панҷ фарзандашро меёбад. Аслан ӯ орзу дошт, ки табиб шавад, аммо орзуяш амалӣ нашуд. Шоираро барои собиқаи кории чандинсолааш ҳукумати шаҳри Душанбе дар рӯзи пойтахт бо унвони “Роҳрӯби беҳтарини сол” сарфароз гардонид.

Қиссаи зиндагии Шоира Суюноваро муаллифи Your.tj Муборак Қосимзода нақл мекунад.

Шоира аз соли 2012 инҷониб дар Раёсати истифодабарии роҳҳи Душанбе кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ интизор надошт, ки ӯро дар байни мардум сарфароз мегардонанд.

“Вақте ман ва дигар роҳрӯбон ба саҳна барои гирифтани мукофот баромадем, тамоми мардуми толор аз ҷой бархеста барои мо беохир кафкубӣ мекарданд. Ҳамин лаҳза ман хеле ҳаяҷонӣ шудам, ки ин қадар одам барои эҳтироми мо роҳрӯбон аз ҷояшон бархестанд. Ман ҳатто сарамро бардошта наметавонистам, аммо дар ин баробар бисёр шод будам.

5000 сомонӣ ҳам ба унвони мукофотпулӣ барои ман ғайричашмдошт буд. Ҳамон рӯз ман дар кор будам ва ҳамагӣ чанд соат пеш аз чорабинӣ ба ман гуфтанд, ки барои гирифтани тӯҳфа ҳозир шавам.  Ҳатто дар фикрам набуд моро чунин қадрдонӣ мекунанд”, – нақл мекунад Шоира аз маросими ҷоизагирӣ.

Дар асл Шоира интизор надошт, ки рӯзе роҳрӯб мешавад, аммо зиндагӣ маҷбураш кард, ки барои гурусна намондани фарзандонаш ҳар кореро, ки аз дасташ меояд бикунад.

Ба нақли ӯ падару модараш ӯро дар синни 17 солагиаш ба шавҳар додаанд. Шоира мехост, ки мактабро хатм кунад ва ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад, аммо чун шароити иқтисодии хонаводаашон хуб набуд, натавонистанд ӯро ба донишгоҳ дохил кунанд.

“Мо дар оила 5 фарзанд будем. Падарам як ронандаи оддӣ буду зиндагиро ба душворӣ пеш мебурд. Аз сабаби набудани шароит ба ман иҷозати таҳсил надоданду маро ба шавҳар доданд. Вале шодам, ки волидонам хоҳари хӯрдиамрот ба Донишгоҳи тиббӣ дохил карданд, акнун орзуҳоямро дар симои ӯ мешиканам”, – нақл мекунад қаҳрамони мо.

Шоира мегӯяд, ки дар аввал бо шавҳараш зирндагиашон хуб буд, шавҳараш сохтмончӣ будаасту дар сохтмонҳои пойтахт кор мекардааст. Дар пайи зиндагии чандинсола онҳо панҷ фарзанд ба дунё меоранд. Аммо соли 2014 шавҳараш ба бемории дил гирифтор мешавад ва ду маротиба ҷарроҳии вазнинро аз сар мегузаронад.  Тамоми маблағи ҷамъкардаашонро барои табобати ӯ сарф мекунанд.

Пас аз ҷарроҳиҳои вазнин акнун дигар ба шавҳари Шоира кори вазнин кардан мумкин набуд. Ба замми ин бо сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ Шоираву шавҳараш маҷбур мешаванд хонаи волидонашонро тарк карда иҷоранишин шаванд. Чун Шоира мебинад, ки шавҳараш дигар кор карда наметавонаду зиндагиашон рӯ то рӯз душвор мешавад дар ҷустуҷӯи кор мешавад. Як зани ҳамсоя ба ӯ тавсия медиҳад, ки роҳрӯб шавад, чун Шоира илоҷи дигаре надошт ба ин кор розӣ шуд.

Ҳоло Шоира ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш дар хобгоҳи назди Коллеҷи  технологии Душанбе зиндагӣ мекунад. Хона онҳо аз як ҳуҷра иборат аст ва ҳар моҳ барои он Шоира 500 сомонӣ пардохт мекунад. Ӯ  мегӯяд, ки гарчанде бо панҷ кӯдак дар ҳуҷра зиндагӣ кардан мушкил аст, онҳо имконият надоранд, ки хонаи хубтареро иҷора бигиранд.

“Нархи хонаҳои иҷораро бубинед, ман наметавонам ҳар моҳ ин гуна маблағро пайдо кунам. Охир панҷ фарзанд дорам, ки мактабхонанд мехӯронам мепӯшонам, ин бароям хеле душвор аст”, – мегӯяд, Шоира.

Ҳоло фарзанди калонии Шоира дар синфи 8 – ум мехонаду фарзанди хурдиаш 2 сол дорад. Шоира мегӯяд, ки ҳеҷ пасандозе барои харидани хона надорад ва намедонад, ки вақте фарзандонаш калон шаванд чӣ кор мекунад.

Бо вуҷуди мушкил будани кори роҳрӯби қаҳрамони мо аз кораш наменолад ва корашро дӯст медорад. Ӯ мегӯяд маҳз ҳамин кор буд, ки фарзандони маро аз гуруснагӣ наҷот дод.

Шоира ҳар шаб соати ду – се ба кор мебарояд ва ҳангоме, ки ҳама дар бистари гарм ба хоби ноз рафтаанд ӯ кӯчаҳоро тоза мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар аввал ҳамсоягонаш шак кардаанд, ки ӯ дар ягон тарабхона кор мекунад.

“Соати з-и шаб аз оғуши фарзандон ҷудо шудан мушкил аст, вале барои сари вақт пардохт намудани маблағи мактабу боғча ва хурду хӯрок маҷбурам ба кор бароям. Ҳамсояҳоям гумон кардаанд, ки ман дар ягон тарабхона кор мекунам ва аз ман мепурсиданд, ки чаро нимашабӣ ман ба куҷое меравам баъд ба онҳо фаҳмонидам, ки роҳрӯбам“ – нақл мекунад, Шоира.

Ҳоло Шоира натанҳо худ роҳрӯбӣ мекунад, балки тамоми занҳои бекори ҳамсояашро ба ин кор ҷалб намудааст.

“Аслан дар хобгоҳ танҳо нафароне зандагӣ мекунанд, ки шароити вазнин доранд. Вақте медидам ки ҳамсояҳо дар хона бекор ҳастанду рӯзашонро беҳуда мегузаронанд. Ба онҳо пешниҳод кардам, ки мисли ман ба кор дароянд. Ҳамин тариқ беш аз 15 нафар занҳои ҳамсояамро, ки бекор ва дар шароити танг ба сар мебурданд ҳамроҳам ба кор бурдам. Имрӯз ҳамаи онҳо кор мекунанд ва зиндагии худро пеш мебаранд”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Гарчанде худи Шоира ба донишгоҳ дохил шуда натавонистааст, фарзандонашро ҳамеша ба хонадану маълумоти олӣ гирифтан ташвиқ мекунад ва мехоҳад онҳо соҳибмаълумот шаванд.

Муборак Қосимзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend