fbpx

Чӣ тавр Green Card-ро барои кору зиндагӣ дар Амрико ба даст овардан мумкин аст?

Ба ҳамаи саволҳои Шумо ҷавоб мегӯем.


-3
-3 points
Намунаи Green Card бо парчами ИМА
Акси марбута аз сомонаҳои интернетӣ

Ҳамасола дар сартосари ҷаҳон барои миллионҳо одамон пур кардани дархост барои ба даст овардани лотореяи визавии Green Card, ки ба шахс имкони дар Амрико кору зиндагӣ карданро медиҳад, анъана шудааст. Шурӯъ аз моҳи октябр то аввали моҳи ноябр пур кардани дархостҳо, тариқи сомонаи dvlottery.state.gov сурат мегирад. Дар соли 2022 барои шаҳрвандони Тоҷикистон 2332 ҷой барои квота ҷудо шуда буд ва имкон дорад, ки дар соли 2023 ин шумора афзоиш ёбад.

Green Card чист?

Diversity Immigrant Visa Program (DV) ин барномаи равобитии мухталиф мебошад, ки ҳамасола аз ҷониби Депортаменти давлатии ИМА барои ҷалби муҳоҷирони фаъол ва инкишофи гуногунмиллатӣ дар Амрико гузаронида мешавад.

Green Card ҳуҷҷати бемуҳлатест, ки пас аз бурд он ҳар даҳсола ба шарти вайрон накардани қонунгузорӣ ва накамтар аз шаш моҳи ҳар сол дар ҳудуди Амрико қарор доштан, дода мешавад.

Шахс пас аз 5 соли бурди Корти сабз метавоанд ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани шаҳрвандии ИМА пешниҳод намояд, ба шарте ки 2,5 сол дар ҳудуди кишвар зиндагӣ карда бошад.

Маълумоти пурра оид ба Green Card – DV – 2023-ро танҳо аз сомонаи расмии Департаменти давлатии ИМА – travel.state.gov дастрас намоед.

Чӣ тавр дар мудати кӯтоҳ соҳиби Корти сабз шудан мумкин аст?

Green Card-ро бо ин роҳҳо метавон ба даст овард:

  • тариқи пайвасткардани оила
  • издивоҷ бо шаҳрванди ИМА
  • гирифтани равобити корӣ
  • барномаҳо барои инсонҳои соҳибистеъдод
  • сармоягузорӣ ба иқтисоди иёлотҳо
  • гирифтани мақоми гуреза
  • дархости паноҳандагии сиёсӣ
  • иштирок дар барномаи DV (Green Card)

Киҳо дар барномаи муҳоҷиратии DV иштирок карда метавонанд?

Барои иштирок намудан дар барномаи DV – 2023 бояд шахс ба ин талаботҳо ҷавобгӯ бошад.

Зода ва шаҳрванди кишвари дар рӯйхати давлатҳои ҳуқуқи иштирок дар барномаро дошта, бошад. Рӯйхати ин кишварҳоро ҳамсола Департаменти давлатии ИМА пеш аз оғози барнома, нашр мекунад. Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар гурӯҳи кишварҳои Аврупо (EU) мебошад.

Шахсони дорои маълумоти миёнаи пурра ё маълумоти касбии миёна, яъне хонандагони синфи 11 ва хатмкунандагони омӯзишгоҳҳои касбӣ низ метавонанд дархост пур кунанд.

Дархостдиҳанда ҳатман бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошад.

Дархостдиҳанда бояд, гирифтори бемориҳои сироятии ба ҷамъият хавфнок, бемориҳои руҳӣ ва нашъамандӣ набошад.

Дархост барои Green Card чӣ тавр бояд пур кард?

Барои иштирок дар баномаи DV – 2023 дархостро ба таври онлайн ва ройгон дар сомонаи dvlottery.state.gov пур кардан лозим аст.

Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои марказӣ эълонҳои пур кардани Корти сабз аз номи Шумо –ро вохӯрдан мумкин. Аммо таҷрибадорон тавсия медиҳанд, ки беҳтараш ҳар як шахс дархосташрпо худаш пур кунад.

Агар пас аз фиристодани дархост фаҳмидед, ки ҷое иштибоҳ кардед, кушиши дуюмбора фиристодани дархостро накунед, дар ин ҳол Шумо ба таври худкор аз барнома пок мешавед.

Агар Шумо ва ҳамсаратон соҳиби шиносномаи хориҷӣ ҳастед, пас ҳардуи Шумо имконияти пур кардани дархостҳои алоҳидаро доред. Дар яке шавҳар довталаби асосӣ мешавад ва дар дигари ҳамсар, ки ин имкони бурди кортро зиёд мекунад.

Пас аз пур кардани дархост ба довталаби асосӣ рақами тасдиқкунанда – Electronic Diversity Visa Confirmation Number дода мешавад, ки онро бояд маҳфуз нигаҳ дошт. Зеро он барои тафтиши нитиҷа ва дигар зинаҳои гирифтани Корти сабз муҳим аст. Пас аз шаш моҳи фиристодани дархост, шуруъ аз моҳи май то сентябри соли 2022 натиҷаи бақайдгирӣ дар барномаро тафтиш намудан мумкин аст.

Илова: Агар Шумо фарзандони муҷарради то синни 21 сола дошта бошед, номи онҳоро бо маълумотҳояшон дар дархостатон илова кунед, ин шонси бурдро бештар мекунад.

Green Card-ро буридам, пас чӣ кор кунам?

Баъд аз тафтиши натиҷаҳои барнома ва бурди Green Card ба Шумо рамзи махсус – Case Number дода мешавад, ки онро низ бояд махфӣ нигоҳ дошт, чунки зинаҳои баъдиро наметавон бе он гузашт. Case Number рамзи махсус мебошад, ки дар он соли барнома (DV – 2023), минтақаи кишвар (EU) ва рақами навбати довталаб дар барнома нишон дода мешавад. (Мисол: 2022EU00001000)

Бурд дар барнома ҳоло маънии онро надорад, ки Шумо алакай ба Амрико сафар карда метавонед. Барои гирифтани Green Card ва сафар ба Амрико Шумо бояд ин зинаҳоро низ паси сар кунед:

Пуркардани дархости онлайнии равобити муҳоҷиратии DS-260 – Online Immigrant Visa and Alien Registration Application – DS-260

Дархости DS-260 дар сомонаи Маркази консулии дархостҳои электронӣ (Consular Electronic Application Center) онлайн пур карда мешавад.

DS-260 ин дархост барои гирифтани равобити муҳоҷиратӣ мебошад, ки он пурра бо забони англисӣ пур карда мешавад. Дархости DS-260 аз 28 қадам иборат аст, ки дар он ҳамаи маълумотҳои заруриро ворид кардан ва ба саволҳо ҷавоб додан лозим аст.

Агар забони англисиро хуб надонед барои пур кардани DS-260 ба мутахассисон муроҷиат кунед.

Муҳим: Дар дархост сатҳи донистани забони англисиатонро қайд накунед. Нафароне ки ҳатто як калимаи англисӣ намедонистанд, Корти сабз бурд крдаанд.

Чанд нуқтаҳои муҳим пеш аз пур кардани DS-260:

  • ҳамаи аъзоёни оила ҳатман бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд, зеро ба ҳар як узви оила дархости DS-260 ба таври алоҳида пур карда мешавад.
  • агар то буридани корт дар вазъи оилавии шумо тағйирот ворид шуд аз ҷумла, оиладор ва соҳиби фарзанд шудан, шумо метавонед онҳоро ба дархост илова кунед.
  • агар Шумо бо ҳамсари аввалатон ҷудо шудаед ва ҳоло соҳиби зани нав ҳастед, пас маълумотҳои зани аввал ва ҳозираро пурра ба DS-260 ворид месозед.
  • Дар дархости DS-260 маълумотҳои танҳо худи шумо, ҳамсар/шавҳар, фарзандони то синни 21 солаи муҷаррад ва падару модаратон ворид карда мешавад. Шумо ҳуқуқи ворид кардани фарзандони калонсол, бародару хоҳар ва бобову бибиро надоред.

Дар DS-260 якчанд масаъалае ҳаст, ки онҳоро бояд пешакӣ муайян кард. Яке аз онҳо доштани суроғаи амрикоӣ, ки онҷо шахси бовариноки шумо зиндагӣ мекунад ва маълумотҳои ӯ, ки пас аз рафтан ба Амрико Корти сабз ва SSN(суғуртаи иҷтимоӣ)-ро ба ҳамин манзил дастрас мекунанд. Ин суроғаро шумо метавонед аз гурӯҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки онҷо тоҷикони Амрико муошират мекунанд дастрас кунед.

Шумо оиладор ҳастед ва мехоҳед, ки аввал танҳо ба Амрико равед, пас ҳангоми пуркандани DS-260 онҷо қайд кунед, ки ҳамсар/шавҳар ва фарзандон баъд ба Амрико меоянд. Дар ин ҳолат шуморо кифоя аст, ки дархости DS-260-и худро пур кунед.

Агар Шумо дар дигар давлат қарор дореду ҷойи мусоҳибаро тағйир додани ҳастед ва ҳоло ҳам DS-260 нафиристодаед. Пас дар саҳифаи охири дархост метавонед онро тағйир диҳед ба шарте, ки Шумо дар ҳақиқат дар ҳамон давлат бошед.

Пас аз пур кардани дархости DS-260 ба шумо варақаи тасдиқӣ дода мешавад, ки онро ҳатман чоп кунед ва нигоҳ доред, ки бе он Шумо аз ташхиси тиббӣ ва мусоҳиба гузашта наметавонед.

Кадом намуди ҳуҷҷатҳо дар марҳилаҳои бурди Корти сабз лозиманд?

Ин зинаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, ки бояд дар ин самт дақиқкор буд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро дастрас ва тарҷумаи англисӣ карда, сканери ҳуҷҷатҳоро ба шакли электронӣ нигоҳ дошт.

Ҳуҷҷатҳои лозима:

  • шиносномаи хориҷӣ
  • шаҳодатномаҳои таваллуд, ивази ному насаб ва номи падар (барои онҳое, ки ННП – ФИО нав доранд), ақди никоҳ ва бекор кардани ақди никоҳ
  • аттестатсияи маълумоти миёна, касбии миёна ва диплом
  • маълумотномаи надоштани доғи судӣ барои синни аз 16 сола боло
  • Инчунин, агар Шумо дар кишварҳои дигар зиёда аз 6 моҳ истиқомат карда бошед, Шуморо зарур аст, ки маълумотномаи надоштани доғи судиро аз он давлат дастрас кунед.
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ (приписной)
  • ҳуҷҷати фарзандхонӣ, агар шумо кӯдакеро ба фарзандхонӣ гирифта бошед
  • дафтарчаи меҳнатӣ
  • хатти вафоти ҳамсар/шавҳар ва фарзандон (дар ҳолати вафот кардани аъзоёни оила)
  • ҳуҷҷатҳои молиявӣ – маълумотномаи ҳисоби бонкӣ (ҳарчанде дар ҳисоби бонкӣ маблағ зиёд бошад ҳамин қадар беҳтар аст).

Шумо ҳуҷҷатҳоро тарҷума карда ҳар яки онро бо формати PDF тартиб дода ба почтаи электронии Маркази консулии Кентукки мефиристед.

Ташхиси тиббӣ

Баъди фиристодани ҳуҷҷатҳо дар барнома сана ва вақти мусоҳибаи шумо дар консулгарӣ муайян мешавад ва барои ин аз Шумо ташхиси тибби талаб мекунанд.

Ташхиси тиббиро танҳо дар марказҳои тиббие метавон гузашт, ки дар сомонаи travel.state.gov қайд шудаанд. Шаҳвардони Тоҷикистон метавонанд дар Маркази клиникии Проспект, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Пеш аз ташхис бояд Шумо худро номнавис кунед ва ҳуҷҷатҳои лозимаро рӯзи гузаштани муоина ба маркази тиббӣ баред.

Пас аз гирифтани мактуби рӯзи мусоҳиба дарҳол гузаштан ташхис тавсия дода намешавад. Кушиш кунед, ки рӯзи муоинаро чанд рӯз қабл аз рӯзи муайяншудаи мусоҳиба гузаред, зеро муҳлати эътибори натиҷаҳои ташхиси тиббӣ 6 моҳ мебошад. Дар ёд бояд дошт, ки ҳар як узви оиларо зарур аст, ки аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Мусоҳиба дар консулгарӣ

Пас аз гузаронидани ин зинаҳои болозикр рӯзи асосӣ ва ҳалкунанда барои довлатаб мусоҳиба бо корманди консулгарӣ ба ҳисоб меравад. Зеро пас аз гузаштан аз ин сӯҳбат ба шумо раводид барои сафар намудан ба Амрико дода мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон мусоҳиба барои гирифтани равобити муҳоҷиратиро дар Консулгарии генералии ИМА дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мегузаранд.

Ёдовар бояд шуд, ки довталаб имкон дорад, ки дар муҳлати як сол аз мусоҳиба дар консулгарӣ гузарад. Яъне ба таври мисол, барандагони DV-2022 шуруъ аз 1-уми октябри соли 2021 то 30-уми сентябри соли 2022 аз даври мусоҳиба дар консулгарӣ гузашта метавонанд. Пас аз гузаштани санаи охирини муҳлат ба довталаб равобити муҳоҷиратӣ дода намешавад ва бо ин эътибори бурди шумо дар барномаи DV гум мешавад.

Барои гузаштан аз мусоҳиба ҳамаи нусхаи аслии ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида бо тарҷума ва нусхаҳояшон, даъватнома барои мусоҳиба, 2 дона сурати аслии рангаи 5*5 барои ҳар аъзои оила, лифофаи натиҷаҳои ташхиси тиббӣ ва расиди пардохти консулӣ ба маблағи 330$ барои ҳар як узви оила дар худи консулгарӣ рӯзи мусоҳиба супорида мешавад.

Асососан саволҳо ба довталаби асосӣ дар доираи дархости DS-260, ки онро пур кардаед, дода мешавад.

Суҳбат бо корманди консулгарӣ ҳамагӣ ҳудуди 5 дақиқаро мегирад ва агар ҳуҷҷатҳои Шумо мушкиле надошта бошанд ва ба саволҳо дуруст ҷавоб дода бошед, пас мегӯяд, ки равобити Шумо тасдиқ шудё на. Пас аз ин ҳуҷҷатҳои аслии шумо ба ҷуз шиносномаи хориҷӣ ба шумо баргардонида мешавад.

Пас аз мусоҳиба ба суроғаи Шумо шиносномаи хориҷӣ бо раводид ва лифофаи ҳуҷҷатҳои пушидаи муҳршуда (ин лифофаро накушоед), ки пас аз ба Амрико рафтан дар фурӯдгоҳ аз шумо талаб карда мешавад, дастрас мекунанд.

Дар кадом ҳолат соҳиби раводид гаштан ғайриимкон мегардад?

Омилҳое вуҷуд доранд, ки сабаби надодани раводиди муҳоҷиратӣ аз ҷониби консулгарӣ мегарданд, аз ҷумла:

  • иштибоҳ пур кардани дархост аз рӯйи шиносномаи хориҷӣ.
  • хато ворид кардани маълумотҳои худ ва аъзоёни оила дар дархости DS-260.
  • пинҳон кардани вазъи оилавӣ ва фарзандони синнашон то 21 сола.
  • никоҳи қалбакӣ (яъне пас аз бурди корти сабз шумо касеро ба занӣ/шавҳар мегиред, аммо якҷо зиндагии муштарак надоред. Дар ин ҳолат корманди консулгарӣ ба шумо саволҳои оилавӣ ва муштарак ба зану шавҳар медиҳад. Вақте ба саволҳо ҷавоб дода натавонистед ба шумо аз додани равобит даст мекашанд.
  • нагузаштани ташхиси тиббӣ.
  • ҳозир нашудани аъзоёни оила ба мусоҳиба.
  • надоштани нусхаи аслии яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ
  • дастрас накардани маълумотномаи надоштани доғи судӣ
  • номи падар (отчества)-ро дар дархост қайд кардан. Аз ин сабаб хонаи зери “Middle Name”-ро ҳангоми пур кардани дархост барои иштирок дар бахтсанҷӣ холӣ гузоред ва дар тугмаи “No Middle Name”-ро пахш кунед.

Дар ҳолатҳои дастрас накардани ҳуҷҷатҳои аслӣ консулгарӣ ба Шумо имкон медиҳад, ки онҳоро то ҳафтаи нави қабул дастрас кунед. Аммо агар Шумо дастрас карда натавонед аз додани равобит даст мекашанд.

Сафар ба Амрико

Баъд аз гирифтани раводид то шаш моҳи баъдӣ муҳлавти ба Амрико сафар кпрданро доред. Шумо агар оиладоред ва аъзоёни оилаатон низ равобитро гирифтаанд, метавонед аввал худ сафар кунед ва пас аз ёфтани ҷойи истиқомату кор онҳоро то тамомшавии муҳлати раводид ба Амрико баред.

Пас аз чанд ҳафтаи зист дар ИМА ба суроғаи амрикоии дар дархости DS-260 нишон додаи Шумо Green Card ва SSN (суғуртаи иҷтимоӣ) мефиристонанд.

Акнун шумо шахси қонунан дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида қарор дошта ба ҳисоб меравед ва бояд ин қоидаҳоро риоя кунед:

  • қонунгузории ИМА
  • сари вақт супоридани андозҳо
  • гузаштан аз қайди ҳарбӣ барои мардони аз 18 то 26 сола
  • гузаштан аз қайд ва дар алоқа будан бо хадамоти муҳоҷирати Амрико

Нуралӣ Карим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
17
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
9
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
6
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend