Чӣ тавр футболбози боистеъдоди тоҷик муҳоҷир шуд ва ба дастаҳои футболи Русия роҳ ёфт

Саргузашти ин ҷавон ба қиссаи қаҳрамонони филмҳои Ҳолливуд монанд аст: як муҳоҷири ноаёне, ки дар кӯча шарума мефурӯшад, тасодуфан ситораи як дастаи футболи ҳаваскорони як шаҳри музофоти Русия мешавад. Баъдан дар бораи футболбози боистеъдоди тоҷик тимҳои касбии Русия огоҳӣ меёбанд ва ӯро бо пешниҳодҳои бешумори худ, шод менамоянд. Аминҷон Алиаҳмадов хориҷ аз Тоҷикистон низ орзуи ба тими мунтахаби ҷавонон шомил шуданро дошт, аммо ӯро қабул накарданд.

 Қиссаи ҷолиби ин футболбози шаурмапазро, муаллифи Your.tj Аминҷон Раҳматзода нақл мекунад.

Беҳтарин нишонзани сол

Аминҷон аз 11 то 18-солагӣ дар ҳайати ҷавонони бошгоҳи маъруфи футболи Кӯлоб «Равшан» тамрин кардааст. Аз хурдӣ орзу дошт, ки ба тими миллии футболи кишвар дохил шавад.

Дар соли 2019 дастаи «Равшан» қаҳрамони Тоҷикистон байни наврасони то шонздаҳсола шуд ва дар ин мусобиқаҳо Аминҷон натиҷаи беҳтарин нишон дод.

«Ҳосилот»-и Фархор ва «Шоҳин»-и Мӯъминобод ӯро ба тими худ даъват карданд, аммо Аминҷон дастаеро, ки номи ӯро машҳур карда буд, тарк накард.Пас аз ду сол, дар соли 2021, қаҳрамони мо унвони “Беҳтарин бозигари тими наврасони Лигаи олиро” гирифт, ҳамчунин ӯ ба унвони “Беҳтарин нишонзан” сарфароз гардид, зеро дар 24 бозӣ натиҷаи шахсиаш 36 голро ташкил медод!

Пас аз дарёфти чунин унвонҳо Аминҷон воқеан умед дошт, ки ба орзуяш наздик аст: ҳатман ӯро мушоҳида мекунанд ва ба тими ҷавонони Тоҷикистон даъват мекунанд.

Аминджон Алиахмадов (первый справа) на церемонии награждения лучших футболистов по итогам 2021 года
Фото: ФФТ

Қаҳрамони мо бо нороҳатӣ мегӯяд, ки ӯро ҳатто ба бозиҳои санҷишии тими миллӣ даъват накардаанд.

Ӯ мегӯяд, ки худаш сабабашро намедонад.

«Дар ин бора беҳтараш аз Федератсияи футболи Тоҷикистон пурсед», – мегӯяд, футболбози ҷавон.

6 хазор зарба ба тӯб

Аминҷон мегӯяд, ки аз хурдӣ дар кӯча бо бачаҳои ҳамсоя аз паи тӯб бозӣ карданро дӯст медошт.

«Он вақт ман нисбат ба дигарон беҳтар бозӣ мекардам. Аммо дар синфи сеюм падарам маро ба тамрини гуштии юнониву румӣ бурданд, ҳарчанд худам орзу доштам, ки дар майдони футбол тамрин кунам. Ман наметавонистам интихоби падарамро рад кунам. Тӯли шаш моҳ ман дар толори варзишӣ машқ кардам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Ҷавон иқрор мешавад, ки гуштин кори ӯ нест: дар давоми шаш моҳи машқ ӯ ягон ҳарифашро мағлуб карда натавонист. Чунки ӯ ба ин варзиш мухаббат надошт.

«Пас аз шаш моҳ падарам эҳсос карданд, ки ман аз ӯҳдаи мубориза баромада наметавонам ва маро ба олами орзуҳоям сабти ном кард. Вақте ки ман дар синфи 4 таҳсил мекардам, аввалин муваффақиятҳои худро дар майдони футбол оғоз кардам”, – мегӯяд Аминҷон.

Ӯ бо табассум ба ёд меорад, ки чанд вақт аз мактаб ба толори варзиш гурехта, ҳамеша ба дарси тарбияи ҷисмонӣ омода буд ва баъзан ҳатто бо либоси мактабӣ футбол бозӣ мекард, зеро вақти иваз кардан надошт.

«Ман парвое надоштам, ки либосам ифлос мешавад. Танҳо дар бораи задани гол фикр мекардам”, – мегӯяд ӯ ва афзуд, ки бештари вақти худро дар кӯча бо футбол бозӣ мегузаронид. Ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ, ки ҳама ба хона мерафтанду касе барои бозӣ набуд, Аминҷон тӯбро ба девор зада бозӣ мекард. Бачаҳо ҳатто ӯро масхара мекарданд, ки бо худ бозӣ мекунад.

«Дар наздикии хонаамон майдони футбол буд, ки заминаш серхок буд. Бештари вақт он ҷо писарони калонсол бозӣ мекарданд. Барои он ки маро ба бозии худ бигиранд, пеш аз омаданашон заминро об мезадам, то дар вақти бозӣ хоку чанг халал нарасонад, ҳамчунин майдонро аз сангу алаф низ тоза мекардам. Аммо бо ин ҳама низ онҳо маро ба бозӣ қабул намекарданд, танҳо овардани тӯби аз дарвоза берун шударо ба ман боварӣ карданду халос”, – бо табассум ёдовар мешавад қаҳрамони мо.

Аминҷон услуби моҳирона идора кардани туб, махсусан дар ҳаво задани онро дар худ сайқал дода буд. Ӯ дар соли 2019 бо шаш ҳазор маротиба тӯбро ба ҳаво партофтан, тоҷикистониёнродар ҳайрат гузошт ва дар соли 2020 дар озмуни Central Asia got talentширкат кард. Мутаассифона, ба сабаби шикастани дасташ ба даври сеюм нарафт. Аммо вай дар бозии футбол малакаҳои беназири худро татбиқ кардан гирифт.

Қадами маҷбурӣ

Ба гуфтаи Аминҷон, дар миёни бозигарони ҷавони Равшан ҳамагӣ се бозигар барои ҳавасмандкунонӣ маош мегирифтанд, аз ҷумла ӯ. Аммо ин маблағ барои таъмини ниёзҳои ҳаррӯзаи ӯ намерасид, зеро ҳамзамон ҷавон дар факултаи географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳсил мекард.

Илова бар ин, ин ҷавон дар оилаи серфарзанд ба дунё омада, ба воя расидааст ва ҳамчун фарзанди калонӣ бояд ба волидонаш кӯмак мекард.

«Ман намедонистам, ки пулеро, ки аз футбол ба даст меовардам ба чӣ сарф кунам: онро барои рушди фаъолияти варзишии худ сарф кунам ё барои таҳсил дар донишгоҳ? Падарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва мо бошем дар оила 8 нафарем.

Барои ҳамин ман наметавонистам футболбозиро идома диҳам. Илова бар ин, варзишгар бояд пайваста ғизои солим истеъмол кунад ва ман ҳеҷ гоҳ чунин имконият надоштам. Маҷбур шудам ба муҳоҷират равам”, – мегӯяд Аминҷон.

Аз Ҳот- дог ба Шаурма

Чавон ба шахри Киржачи вилояти Владимирский омад. Аминҷон қабл аз ба кор даромадан дар як фурӯшгоҳи тез -тайёр дар ватанаш хот-дог мепӯхт. Дар он ҷо пухтани шаурмаро низ ёд гирифт, аз ин рӯ пайдо кардани кор мушкил набуд.

«Аз рӯзе, ки ба Русия омадам, ман танҳо шаурма мепазам. Ин кор бароям душвор нест, зеро онро пештар, вакте ки дар Кӯлоб зиндагӣ мекардам, карда будам. Аз корам қаноатмандам, — қайд мекунад, Аминҷон.

Илова бар ин, чунон ки маълум шуд, ӯ мизоҷони зиёд дорад: дар паҳлӯи дӯкони шаурма корхонае ҳаст, ки дар он муҳоҷирон аз Тоҷикистон кор мекунанд. Онхо зуд-зуд ба назди Аминҷон омада, шаурма мехӯранд ва бо ӯ аз кору зиндагӣ сухбатҳо мекунанд.

Бозингари дастаи маҳаллӣ

Аминҷон мегӯяд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ аз варзиш канда нашудааст. Ҳар бегоҳ пас аз кор ӯ ба давидан мерафт, то шакли худро нигоҳ дорад ва сипас дар майдони бозии назди бинои баландошёна, ки дар онҷо хонаи иҷора дорад, бо тӯб машқ мекард. Рӯзе ҳангоми машқ бо тӯб як марди маҳаллӣ ба ӯ наздик шуда, ба савол додан шурӯъ кард.

“”Ту кӣ ҳастӣ? Оё ба ягон намуди варзиш машғулӣ? ”пурсид ӯ. Ман ҷавоб додам, ки футболбоз ҳастам. Он мард ба ман таклиф кард, ки дар дастаи футболи «Ротор» бозӣ кунам. Рости гап, шод шудам ва фикр мекардам, ки ин як дастаи номдор аст. Аммо маълум шуд, ки ин дастаи футболи ҳаваскорони шаҳри Киржач будааст», — шарҳ медиҳад ӯ.Аминҷонро ба даста қабул карда, ба бозии санҷишӣ даъват карданд, вале чунон ки маълум шуд, на барои бозии аввал. Ӯдар бозии дуюм иштирок карда, ба дарвозаи ҳариф чор тӯб зад.

«Онҳо маро ба бозии аввал набурданд, зеро фикр мекарданд, ки ман хуб бозӣ карда наметавонам. Вале дар бозии дуюм, ки мо бо командаи Филиппин бозӣ кардем, бозӣ ба хисоби 6:3 ба фоидаи мо анҷом ёфт. Ман чаҳор гол ва ду зарбаи дигари ҷаримавӣ задам. Ин ғалаба аввалин ғалабаи дастаи «Ротор» буд. Маълум шуд, ки ин даста пеш аз ин ягон маротиба пирӯз нашуда буд. Пас аз ин бозӣ ҳис кардам, ки чӣ гуна эҳтиром нисбати ман дар байни ҳамдастаҳоям зиёд шудааст, — мегӯяд бо ифтихор Аминҷон.

Пас аз он ки Аминҷон чаҳор гол зад, онҳо дар саҳифаи дастаи Ротор дар ВКонтакте дар бораи ӯ навиштанд. Пас аз ин, шабакаи телевизионии «Мир» дар бораи футболбоз як сюжет навор кард ва аз 20 тими минтақавии Русия борони пешниҳодҳо ба сари ин футболбози тоҷик борид.

Аминҷон бисёр таклифҳоро рад кард, зеро вай дар дастаҳо бе маоши хуб бозӣ кардан намехост. Ӯ ҳам ба Русия рафта буд, то пул кор кунад ва ба хонаводааш кӯмак кунад, аз ин рӯ, ҳоло барои ӯ на мансаб, балки пул авлавият дошт.“Масалан, маро академияи футболи «Родина» ва “Академияи бошгоҳи футболи “Сочи”” ва ҳатто дастаи ҷавонони «Спартак»-и Русия даъват карданд, вале ба ҳамкорӣ бо онҳо розӣ набудам, зеро ман бояд оилаамро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин кунам ва баъд дар бораи худам фикр кунам.

Лекин пас аз маъруфият дар шаҳр муштариёни шаурма бештар шуданд. Рӯзе панҷ гурух ба назди ман омаданд, то шаурмаамро чашида маро ба дастаи худ даъват кунанд! Аммо ман дастаи ҷавонони «Лидер»-ро интихоб кардам, ки ҳоло дар он бозӣ мекунам», – мегӯяд Аминҷон.Айни замон футболбози ҷавон дар ду даста – «Ротор» ва «Лидер» бозӣ мекунад, аммо ин, чунон ки маълум шуд, муваққатист.

Из личного архива Аминджона

Ба наздикӣ, Аминҷон барои  тасхир кардани пойтахти Русия меравад, зеро ӯ пешниҳоди хеле ҷолибе гирифтааст, ки тибқи шартҳои шартнома ӯ наметавонад гузориш диҳад. Вале мо чунин мешуморем, ки қаҳрамони мо маҳз ҳаминро дар Ватани худ ба таври бояду шояд орзу мекарl

Skip to toolbar