fbpx

Чӣ тавр Бенямини хурдсол бо бемории худ мубориза мебарад. Қиссаи хонандае, ки дар назди президент гиря карда буд

Бенямин Илҳом 11 сол дорад ва аз рӯзе ки худро мешиносад бемории рӯда азияташ мекунад.


3
3 points

Беняминро қариб дар тамоми Тоҷикистон мешиносанд. Ӯ ҳамон хонандаест, ки дар назди президент бо гиря аз бемории худ гуфта буд. Гулзода Юсуфова модари ин муборизи хурдакак ба мо дар бораи бемории писараш нақл кард.

Ба гуфти Гулзода, Бенямин ҳамагӣ се сол доштааст, ки ба бемории рӯда гирифтор шудааст.

“Пай бурда будам, ки каме лоғар шудааст, вале гумон накардам, ки бемор аст. Баъдан мураббияаш аз боғча гуфт, ки рангу рӯи фарзандатон вақтҳои охир тағйир ёфтааст. Ин суханон ба дилам оташ андохт. Зуд ба падараш хабар додаму ӯро ба беморхона бурдем. Духтурон Беняминро бистарӣ карданд. Бо ҳамин ду моҳ дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд табобат гирифтем”, – нақл мекунад, модари Бенямин.

“Он рӯзро ба хотир овардан бароям душвор аст”

Пас аз ду моҳи табобат Беняминро боз ба Душанбе барои муолиҷа равон мекунанд. Ин навбат духтурон, мегӯянд, ки Бенямин рӯдадарозии модарзодӣ дораду дар як моҳ се маротиба ҷаррроҳияш мекунанд. Аммо ҳолати кӯдак ҳамоно хуб намешуд.

“Он рӯзҳои сахтро ба хотир овардан бароям душвор аст. Дар байни якчанд моҳ мисли шамъ об шуд. Пеш аз ҷарроҳиҳо 19 кило вазн дошт, оҳиста – оҳиста 7 кило шуд. Худи духтурон дар таҳлука буданд. Беняминро 3 маротиба ҷарроҳӣ намуданд, қарор доданд, ки боз як маротибаи дигар ҷарроҳиаш кунанд. Вале кафолат надоданд, ки зинда мемонад. Аз ин рӯ аз ман забонхат гирифтанд”, – бо алам ба ёд меорад, Гулзода.

Ба нақли модари кӯдак, пас аз ҷарроҳии сеюм, духтурон гуфтаанд, ки ё фарзандатонро гирифта мебаред, ё ба ҷарроҳии чорум розӣ мешавед. Хушбахтона ҷарроҳӣ бомувафақият анҷом меёбад. Пас аз чор моҳи муолиҷа боз Беняминро ба назди дигар духтур мебаранд.

“Худоро шукр мекардам, ки ҷарроҳии писарам хуб анҷом ёфт. Моро пас аз муолиҷа, боз ба назди дигар духтур фиристоданд. Ин духтур Беняминро муоина карду гуфт, ки фарзандатон бояд ба мӯҳлати 3 сол аз истеъмоли нони гандумин, маҳсулоти ширӣ ва мевагӣ даст кашад, зеро ӯ ба ин маҳсулот ҳассосии модарзодӣ дораду, роҳи шифояш низ парҳез аст”, – мегӯяд модари Бенямин.

Чун Бенямин маҳсулоти шириро дӯст медошт ва зиёд ҳам истеъмол мекард, дар аввал даст кашидан аз онҳо барояш мушкилӣ мекард. Ҳатто одамони калонсол парҳезшиканӣ мекунанд, ҳол он ки Бенямин ҳамагӣ 3 сол дошт.

Бенямин бо вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода

“Бисёр мушкил буд ба кӯдаки хурдсол фаҳмонидани он ки ба ту ин чизу он чиз мумкин нест. Вале дигар илоҷе набуд, дар муддати бист рӯз пас аз риояи парҳез, ҳолати Бенямин беҳтар шуд”, – нақл мекунад модар.

Парҳези оилавӣ

Пас аз мӯътадил шудани вазъи саломатии Бенямин, ӯро аз беморхона мурахас мекунанд. Акнун ӯ бояд ба мӯҳлати се сол парҳез мекард. Дар баробари Бенямин аҳли оила низ ҳамроҳи ӯ парҳез карданд. Ба хона овардани маҳсулоти барои Бенямин номумкин, қатъиян манъ буд.

“Чун писарам азобҳои зиёде кашид, кӯшиш мекардем, аз гуфтаҳои духтурон саркашӣ накунем. Мо тамоман чизҳои ба Бенямин манъшударо харидорӣ намекардем. Баъзан ба ду фарзанди дигарам дар кӯча ягон мева харида медодам, ҳамонҷо мехӯрданду баъдан ба хона медаромаданд”, – мегӯяд ӯ.

Ҳатто баъзан Бенямин гиря мекардааст, ки барояш мева бихаранд. Вале боз пас аз суханҳои оромбахши модараш ба тақдир тан медодааст.

“Кӯдак буд, гиря мекард, ки мева мохоҳад. Ман кӯшиш мекардам оромаш кунаму ягон чизи дигар хӯронам. Баъзан суол мекард, ки агар инро хӯрам боз бемор мешавам, ман мегуфтам ҳамин ки сиҳат шудӣ, чӣ қадаре ки хоҳӣ мехӯрӣ. Ончунон зираку ҳушёр буд, бӯйи ҳамачизро мефаҳмид. Мо баъзан ҳангоми хоб будани Бенямин тарбуз мехӯрдем. Субҳ аз хоб мехесту мегуфт, “сатили партов бӯйи тарбуз мекунад”, – нақл мекунад, модари кӯдак.

“Беморӣ аз нав хуруҷ кард”

Пас аз се соли парҳез, Бенямин оҳиста – оҳиста парҳезро мешиканад. Ба хӯрдани нони гандумину, меваҳо шурӯъ мекунад. Вале мутаасифона бемориаш аз нав хурӯҷ мекунад.

“Дар мудати се сол ягон маротиба парҳезро нашикастем. Баъдан оҳиста – оҳиста ба хӯрдани нони гандумину меваҷот шурӯъ кард. Ёдам ҳаст, пас аз се сол аввалин бор нонро хӯрда, чӣ қадар хурсанд шуд, “оча ин чӣ қадар бомазза аст”, гуфтанҳояш, ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд. Вале афсӯс шодии писаракам дер давом накард. Боз дубора бемориаш шурӯъ шуд”, – бо афсӯс нақл кард модар.

Бенямин бо Шаҳноз Ализода, хатмкардаи Академияи рӯзноманигорони навкори Your.tj

Маълум шуд, ки ягона роҳи саломатии Бенямин дар парҳез будааст. Ӯ ҳоло 11 сол дорад ва ҳар сари чанд вақт табобат мегираду, доим дар парҳез аст. Бенямин орзу дорад, ки духтур шавад, дар ин бора ӯ соли гузашата ба президенти мамлакат гуфта буд.

Дастури президент барои табобат

Чун Бенямин яке аз ғолибони  озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” буд, ӯро дар қатори дигар ғолибон ба кушодашвии мактаби №65 даъват карданд. Он ҷо президент аз ӯ суол мекунад, ки “дар оянда, ки шудан мехоҳӣ?”. Бенямин духтур мешавам, гуфта мегиряд. Баъдан Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ мепурсад, ки “ягон нафар аз аҳли оилаат бемор аст?”. Бенямин мегӯяд, ки худам.

Сипас президенти кишвар ба вазири тандурустӣ дастур медиҳад, муолиҷаи ин писаракро зери назорат гиранд. Беняминро дар беморхонаи Истиқлол бистарӣ мекунанд. Ҳоло ҳолати Бенямин хуб аст ба мактаб мераваду парҳезашро шикаста намекунад.

Бенямин бо духтураш дар Маскав

Новобаста аз он ки Бенямин нисфи умрашро дар беморхонаҳо гузаронидааст, соли 2019 дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷои сеюмро ишғол намуд.

“Ман барои табобат моҳҳо дар беморхона мехобидам. Вақтам беҳуда наравад гуфта, бештар китоб мехондам шеър аз ёд мекардам. Пас аз эълони озмун муаллимамон тавсия доданд, ки иштирок кунам. Дар натиҷа ҷои сеюмро дар номинатсияи адабиёти бачагона ишғол кардам”, – мегӯяд Бенямин.

Ба нақли модари қаҳрамони хӯрдакаки моро як маротба барои муоина ба шаҳри Маскав низ бурдаанд. Аммо он ҷо низ роҳи наҷот дар парҳез аст гуфтаанд.

“Ғамгин мешавам вақте мебинам, писаракам чизи мехостаашро хӯрда наметавонад. Ман барояш нон аз орди ҷуворимакка омода мекунаму хӯрокҳои зуд ҳалшаванда. Ӯ низ дар мудати 7 сол алакай ба тақдир тан додаасту худаш худашро эҳтиёт мекунад”, – мегӯяд модар.

Пайвандони Бенямин умедворанд, ки ҷигарбандашон рӯзе шифо меёбад. Мо низ ба ин муборизи хӯрдакак шифои комил таманно дорем.

Шаҳноз Ализода, хатмкардаи Академияи рӯзноманигорони навкори Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
13
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
9
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend