Шукрулло Холиқзода беш аз 3,5 сол мешавад, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад ва пас аз як моҳ мутахассиси соҳиби ихтисоси тиббӣ мегардад.
Як сол қабл ӯ дар Instagram блоге роҳандозӣ кард, ки дар он ба ҳамватанонаш имкониятҳои кор дар Аврупо, бахусус Олмонро мефаҳмонад.
Ба гуфтаи Шукрулло, дар оғози зиндагӣ дар Олмон касе набуд, ки ба ӯ маслиҳату роҳнамоӣ кунад. Аз ин рӯ, қарор кард, ки барои ҳамватанон чунин имкон пешниҳод кунад.
Муаллифи Your.tj бо Шукрулло дар бораи рафтанаш ба Олмон, омӯзиши забони олмонӣ ва роҳҳои мутобиқшавии муваффақона ба зиндагӣ дар кишвари нав суҳбат кард.
“Олмон – дарвозаи Аврупо ва калиди рушди касбӣ”
Шукрулло зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аст. Ӯ мегӯяд, аз кӯдакӣ орзуи сафар ба хориҷаро мепарварид.
Пас аз хатми мактаб, Шукрулло ба факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии молиявию иқтисодии Тоҷикистон дохил шуд.
Ҳанӯз дар курси аввал ба омӯзиши забони англисӣ ба таври ҷиддӣ оғоз кард ва дар давоми ду соли таҳсил дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) сатҳи Upper-Intermediate-ро ба даст овард.
Шукрулло мегӯяд, дар аввал ният дошт, ки дар донишгоҳи хориҷӣ таҳсил кунад, аммо бинобар мушкилоти молӣ натавонист хориҷа равад.
Дар баробари омӯзиши англисӣ, ҳамзамон дар бораи имкониятҳои таҳсил дар Олмон маълумот пайдо мекард, зеро дар ин кишвар таҳсил ройгон аст ва бо ирода ва заҳмат метавон ба бисёр чизҳо расид.
Ду соли охири таҳсилашро дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони олмонӣ бахшид. Ӯ дар маркази забономӯзии DEX дар шаҳри Душанбе курсҳоро гузашта, ба зудӣ сатҳи B2.2-и забони олмониро азхуд кард.
Пас аз хатми донишгоҳ, Шукрулло ҳуҷҷатҳояшро ба барномаи омӯзиши касбии Ausbildung дар соҳаи тиб пешниҳод намуда, барои таҳсил ба Олмон рафт. Ҳоло беш аз 3,5 сол аст, ки дар онҷо зиндагӣ мекунад ва моҳи оянда бояд имтиҳонҳои ҷамъбастиро супорад.
“Тиб дар Олмон яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ғайр аз ин, дар ҷараёни таҳсил ё Ausbildung дар ин ҷо дастгирии молиявӣ ва дигар шароити мусоид пешбинӣ шудааст.
Олмон – дарвозаи Аврупо аст ва агар кӯшиш намоӣ, ба истиқлоли молӣ ва рушди касбӣ мерасӣ”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи Шукрулло, вақте пас аз ду соли талошу заҳмати пайваста ва шабҳои бедорхобӣ ба Олмон расид, худро хеле хушбахт эҳсос мекард.
“Мушкилоти ҷиддӣ набуд, аммо дар аввал ҷудо шудан аз оила ва иқлими номусоид, ҳавои абрнок ва сардӣ барои ман гарон буд. Вале дере нагузашта оилаамро ба назди худ овардам ва зиндагӣ осонтар шуд”, – мегӯяд ӯ.
“Чӣ қадаре олмониро хуб донӣ, дар Олмон ҳамон қадар арзиш дорӣ”
Дар аввал Шукрулло забони олмониро мустақилона бо истифода аз манбаъҳои интернетӣ меомӯхт. Аммо дертар фаҳмид, ки муҳити гуфтугӯиву забонӣ намерасад ва ба курсҳои як маркази омӯзиши забон номнавис шуд.
Ин қарор, ба гуфтаи Шукрулло, хеле дуруст буд.
“Ман зуд дарк кардам, ки забон то чӣ андоза муҳим аст. Як нафар боре ба ман гуфт: “Арзиши ту дар инҷо ҳамон қадар аст, ки сатҳи забони олмониат арзиш дорад”. Ва ин гап ҳақиқат дорад.
Ман эҳтироми ҳамкорон ва беморонро ҳис мекунам ва дар ин миён забон нақши калидӣ дорад.
Ҳадафҳои дақиқ барои худ гузошта будам, новобаста аз он ки атрофиён, ки мегуфтанд: “Ту куҷову Олмон рафтан куҷо!”. Иродаи устувор ва эътимод ба худ ду омилест, ки маро пеш бурданд”, – мегӯяд ӯ.
Шукрулло эътироф мекунад, ки дар оғози зиндагӣ дар Олмон худро бегона ҳис мекард ва ҳатто фикри бозгашт ба ватанро дар сар дошт.
“Ин ҷо фарҳанги тамоман дигар аст. Мардум низ дигаранд – ҳама бомулоҳиза, ҷиддӣ ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ. Ҳама кор тавассути қоғаз, шаклҳо ва равандҳои расмӣ сурат мегирад”, – нақл мекунад ӯ.
Аммо бо мурури замон дарк кард, ки ин беэҳсосӣ нест, балки фақат як тарзи дигари тафаккур, менталитети дигар аст.
Дар бораи он ки дар куҷои Душанбе метавон забони олмониро омӯхт, шумо метавонед дар маводи махсуси мо тавассути ин пайванд маълумот гиред.
Забон – асоси мутобиқшавии муваффақона ба ҷомеа
Шукрулло бар он бовар аст, ки бидуни донистани забони кишвар мутобиқ шудан ба ҷомеаи маҳаллӣ амалан номумкин аст.
“Забон ва ҳадафҳои шахсии ман хеле кӯмак карданд. Ба шарофати донистани забони олмонӣ ман одамони хубро шинохтам ва пайвандҳои муфид барқарор кардам.
Мутаассифона, бисёриҳо бардошт карда наметавонанд ва бармегарданд. Аммо ман медонистам, ки ба ҳадаф он қадар наздик шудаам, ки акнун ақибнишинӣ маъное надорад”, – мегӯяд ӯ.
Ба андешаи Шукрулло, илова бар ин, бояд ба бюрократия омода буд, бояд пайваста омӯхт, ҳамаҷониба ва мутобиқшаванда бояд буд ва ҳар рӯз тавони “фаъолият кардан” дар ҷомеаро бояд дошт.
“Қарор додам, шахсе бошам, ки дар оғози роҳ ба ӯ ниёз доштам”
Шукрулло моҳи апрели соли 2024 ба пешбурди блоги худ дар Instagram оғоз кард. Ҷавон ҳамеша дар гурӯҳҳо ва чатҳои мухталиф фаъол буд ва бисёр ба онҳое, ки ба Олмон нав омада буданд, кӯмак мерасонд.
“Вақте ки ман ба Олмон омадам, ягон кас намефаҳмонд, ки бояд чӣ кор кунам, аз куҷо оғоз намоям, ба куҷо равам. Ман қарор додам, ки ҳамон шахсе шавам, ки он замон дар паҳлӯям намерасид – як такягоҳ ва намуна”, – нақл мекунад Шукрулло.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Аудиторияи асосии блоги ӯро тоҷикон ва муҳоҷирони дигар кишварҳо ташкил медиҳанд, ки ният доранд ба Аврупо, бахусус Олмон раванд.
Шукрулло таҷрибаи шахсӣ, маслиҳатҳо ва роҳҳои осонсозии муҳоҷиратро бо обуначиёни худ мубодила мекунад.
“Ман ба монанди пул байни онҳое ҳастам, ки ҳоло ният доранд биёянд ва онҳое, ки аллакай дар Олмонанд”, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Шукрулло, обуначиёнаш зуд-зуд аз ӯ барои ёрӣ расониданаш ва видеоҳои барои илҳомбахшаш изҳори сипос мекунанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Блогер ба ҳамватанонаш комилан ихтиёрӣ кӯмак мерасонад ва ин ташаббуси шахсии ӯст. Баъзан машваратҳои инфиродӣ низ мегузаронад, ки дар онҳо ба ҳамаи саволҳо ҷавоб медиҳад.
Аксар вақт аз ӯ чӣ гуна ба Олмон рафтан, ҳуҷҷатҳо зарурӣ, чӣ гуна Ausbildung ё ҷойи кор ёфтан, чӣ гуна самаранок омӯхтани забон,
чӣ гуна мутобиқ шудан ва дар ҷомеаи нав раҳгум назадан мепурсанд.
Ба гуфтаи Шукрулло, ҳоло дар Олмон тоҷикон асосан дар соҳаҳои зерин кор мекунанд: тиб, нигоҳубини пиронсолон, IT, молия, сохтмон ва ихтисосҳои техникӣ, соҳаи мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва корҳои идоравӣ.
Дар оянда ӯ мехоҳад ҳамкориро бо созмонҳо ва ширкатҳои олмонӣ густариш диҳад, то ба ҳамватанон дар ёфтани ихтисос, пешрафти касбӣ ва нотарсона нишон додани худ кӯмак кунад.
Ҳамчунин, ният дорад блоги худро рушд диҳад ва як платформа барои ёрӣ ба навомадагон таъсис диҳад.
Ба ҳамаи онҳое, ки нияти ёфтани кор ё дохил шудан ба донишгоҳ дар Олмонро доранд, Шукрулло тавсия медиҳад, ки омӯзиши забонро ҳанӯз дар Тоҷикистон оғоз кунанд.
“Забонро омӯзед – ин хеле муҳим аст. Барои худ ҳадафҳои дақиқ гузоред ва новобаста ба мушкилиҳо, ба онҳо бирасед.
Аз оғози нав натарсед – меҳнат ва сабр дарҳои нави имкониятҳоро бароятон боз мекунад”, – таъкид кард ҳамсуҳбати мо.
Сомон Комилов, Your.tj
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо