fbpx

Чӣ тавр агрономи ҷавон қулфинайи амрикоиро дар Тоҷикистон парвариш мекунад

Абдуасад 3 сол мешавад, ки аз парвариши “Албион” самараи хуб ба даст меорад.


2
2 points

Бори аввал соли 2018 қулфинайи навъи “Албион” аз Амрико ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Кӯчатҳои ин меваи заминиро агрономи ҷавон Абдуасад Ҳайдарови 24-сола ба вилояти Суғд овардааст, ки ҳоло деҳқонон аз ҳар як бех кӯчаташ 1 – 1,5 кг ҳосил рӯёнида истодаанд.

Абдуасад Ҳайдаров дар оилаи боғбон ба дунё омадааст. Вай аз хурдсолӣ дар иҳотаи боғу боғдорӣ ба воя расидааст, аз ин рӯ пас аз хатми гимназия ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии аграрии Волгогради Русия месупорад. Инак 3-сол мешавад, ки аз рӯи ихтисосаш дар ҶСК “Нексигол” ба сифати агрономи калон фаъолият карда истодааст.

Мероси бобоӣ

Абдуасад мегӯяд, фикри агроном шуданро надошт, аммо пеши худ мақсад гузошта буд, ки идомаи касби бобоӣ барояш ҳатмист. Қаҳрамони мо касби бобоиро пеша карда дар ноҳияи Спитамен боғи интенсивиеро бунёд намудааст.

“Дар ёд дорам, ки чӣ тавр бобоям ҳар субҳи барвақт хеста, як маротиба ба пуррагӣ зери ҳама дарахтони боғи назди ҳавлиамонро аз назар мегузаронданд ва меваҳои ба замин афтодаро ҷамъ мекарданд.

Он кас доимо таъкид мекарданд, ки “аз одам дар дунё се чиз боқӣ мемонад, номи нек, фарзанди хуб ва боғи ҳосилхез”. Ин насиҳати бобоям барои ман шиори зиндагист.

Баъдан падарам кори бобоямро идома доданд ва ман дар навбати худ дар корҳои боғдорӣ ёвари падарам будаму аз он кас ҳама нозукиҳои ин касбро омӯхтам, Чун медонистам, ки дар оянда идомадиҳандаи ин кор ман ҳастам”, – мегӯяд агрономи ҷавон.

Бешубҳа, дар замони имрӯза ҷавонони ба боғу боғпарварӣ завқ дошта ва барои равнақи он кӯшиш мекарда ангуштшуморанд. Аммо қаҳрамони мо на дар фикри тиҷорат, балки дар андешаи пешрафти соҳаи боғдорӣ мебошад.

Абдуасад дар як нишасти байналмиллалии кишоварзӣ оиди парвариши қулфинайи навъи “Албион” маълумот мегирад. Баъдан ба хулоса меояд, то ин намуди қулфинайро ба Тоҷикистон биёрад. Бо ин мақсад ӯ ба Украина сафар мекунад, то бо нозукиҳои парвариши ин намуди қулфинайи нозук аз наздик шинос шавад.

“Ҳамчун агроном тарзи шинонидан ва нигоҳубуни қулфинайро дар умум медонистам, аммо парвариши навъи “Албион”-ро, ки хеле нозук ва ба пастшавии ҳарорати ҳаво хеле ҳассос аст, таҷрибаи кофӣ надоштам. Аз ин лиҳоз ба шаҳри Киеви Украина сафар намуда, як муддат онҷо ҳамаи нозукиҳоро дар самти парвариши ин навъи қулфинай омӯхтам ва баргашта дар пайи овардани ин намуди қулфинай аз Амрико шудам”, – мегӯяд Абдуасад.

Қулфинайи амрикоӣ дар Тоҷикистон

Пас аз кӯшишҳои зиёд Абдуасад бо кӯмаки Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ USAID, тавонист, ки 2000 ҳазор адад кӯчати қулфинайи навъи “Албион” – ро дастрас кунад. Парвариши навъи нави қулфинайро дар боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Меъроҷ” дар ноҳияи Спитамен ба роҳ мемонанд.

“Ростӣ, то пухта расидани ҳосил хеле дар ҳаяҷон будам, зеро то дастрас кардани қулфинай аз Амрико роҳбарияти ҶСК “Нексигол” хароҷотҳои зиёд карда буданд, ки бояд бо ҳосили ба даст омада онро рӯйпӯш мекард. Хушбахтона, заҳмати шабонарӯзиамон самараи хуб дод ва аз ҳар як бех кӯчати қулфинай, мо 1кг – 1,5 кг ҳосил рӯёнидем”, – хурсандона нақл кард агрономи ҷавон.

“Албион” чӣ гуна қулфинай аст?

Қулфинайи навъи “Альбион” аз зумраи меваҳоест, ки иқлими гарму нури офтобро хеле дӯст медорад. Он дар таъму намуд беҳамто аст. Ватани “Албион” иёлоти Калифорнияи ИМА мебошад ва ҳар як меваи он 30 – 50 грамм вазн дорад.

“Албион”-ро олимони амрикоӣ ҳанӯз соли 2004 кашф карда буданд. Ин навъи қулфинай аз моҳи июл то моҳи сентябр ҳосил медиҳад. Меваҳои “Албион” ҳаҷман баробаранду, диққатҷалбкунанда. Аз ин лиҳоз барои парвариш ва фурӯш хеле мувофиқ аст.

Нақшаҳои агрономи ҷавон

Агрономи ҷавон мегӯяд, парвариши “Албион” нозукиҳои зиёд дорад, вале ҳосилаш фаровон аст. Бинобар ин онҳо тирамоҳи соли соли гузашта, дар 30 сотиқ замин зиёда аз 15 ҳазор кӯчати “Албион” – ро шинониданд.

“Давоми 3-сол, аз ин намуди қулфинай ҳосили хуб гирифтем. Акнун имсол бо каме зиёдтар шинонидани кӯчат ҳосили бештарро мунтазирем”, – гуфт Абдуасад.

Абдуасад нақша дорад, ки барои парвариши “Албион” як гармхонае бо ҳарорати 25 дараҷа гармӣ, ташкил намояд.

“Акнун, ки таҷрибаи 3 солаамон натиҷаҳои мусбат доданд, имсол нақша дорем, ки барои парвариши “Албион” гармхона ташкил кунем, то ки истеъмолкунандагон аз ҳосили навъи хушсифати қулфинай натанҳо дар фасли гармо, балки дар фасли зимистон низ баҳравар гарданд”, – мегӯяд Абдуасад Ҳайдаров.

Ҳоло Абдуасад дар пайи омӯзиши навъҳои нави меваҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқ, мебошад. Вай мехоҳад, ки меваҳои хушсифатро аз хориҷа ба Тоҷикистон оварда парвариши онҳоро ба роҳ монад.

Сӯҳбаторо Фарзона Ҳодибоева


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend