Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:1701.04.2022
Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳама маҳдудиятҳое, ки дар даврони хуруҷи коронавирус дар марз байни ҳам гузошта буданд, пурра бекор карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз ҳамдигар шароит ва қоидаҳои будубоши кишвари ҳамсояро пурсон мешаванд: Чӣ гуна ба Ӯзбекистон равам? Оё бо шиносномаи дохилӣ ба ҳамсоякишвар рафтан имкон дорад.
Your.tj дар такя ба маълумоти расмӣ ва расонаҳои дохилии ду кишвар, муфассал ба саволҳои такрорёбандаи корбарон ҷавоб медиҳад.
Шаҳрвандони ду кишвар бидуни монеа метавонанд марзро убур кунанд. Ҷонибҳо маҳдудиятҳои мавҷуда барои ҳаракати шаҳрвандонро тавассути гузаргоҳҳои заминӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон лағв карданд.
Барои ворид шудан ба қаламрави давлати ҳамсоя шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шиносномаи хориҷӣ (дипломатӣ, хидматӣ, шаҳрвандӣ) ва шаҳодатномаи эмгузаронии пурра аз коронавирус дошта бошанд. Дар ҳолати надоштани шаҳодатнома, санҷиши манфии тест аз коронавирус талаб карда мешавад.
Не. Убури сарҳади давлатии кишвар танҳо бо доштани шиносномаи хориҷӣ иҷозат дода мешавад. Яъне шаҳрвандон бидуни доштани шиносномаи хориҷӣ наметавонанд ба Ӯзбекистон раванд.
Бале, ҳангоми убури сарҳад аз кӯдакон низ новобаста аз синну солашон шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад. Бо шаҳодатномаи таваллуд иҷозаи убури марз дода намешавад.
Не. Агар шумо шаҳодатномаи комили эмгузаронӣ бар зидди коронавирусро дошта бошед, натиҷаи манфии ПСР-тест талаб талаб карда намешавад.
Бале. Тибқи қоидаҳои нави Ӯзбакистон аз моҳи моҳи январи соли ҷорӣ, кӯдакони дусола боло ба санҷиши коронавирус фаро гирифта мешаванд.
Тибқи Созишномаи “Дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон” миёни кишварҳо аз 19 марти соли 2018 шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд дар қаламрави давлати ҳамсоя то 30 рӯз бидуни раводид буду бош кунанд.
Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз 30-уми март, метавонанд то 10 рӯзи корӣ бидуни сабти ном гаштугузор намоянд.
Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хешовандон дошта бошад, бо пардохти 5 доллар метавонад худро дар суроғаи иқомати наздиконаш сабти ном шавад.
Агар шумо ба ҳайси сайёҳ сафар кунед, дар меҳмонхона метавонед сабти ном шавед.
5552 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
18 часов назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
4 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
7 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
7 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
8 дня назад