Парвиз Ниёзов – блогер, муҳоҷир, соҳибкор, шахсе, ки зиндагии воқеии ҳамдиёрони моро аз он тарафи уқёнус – аз Амрико нишон медиҳад. Ӯ беш аз даҳ сол мешавад, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад ва ба ҳамватанони зиёд тавассути блогаш барои сафар ба Амрико кӯмак кардааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Парвиз Америка маъруф аст ва ӯро танҳо дар саҳифаи Instagram наздики 300 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.
Парвиз меҳмони подкасти “Имрӯз бо Беҳрӯз” буд ва дар бораи ҳаёти ҳамватанонамон дар Амрико, роҳҳои қонунии сафар, бурду бохти муҳоҷират ба Амрико ва ғайра суҳбат кард.
Парвизро мушкили ҳуҷҷатомодасозӣ ва қаллобоне, ки дар худи Тоҷикистон мардумро ваъдаи ба Амрико бурдан медоданд, водор кард, то блоги худро кушода, ба ҳамватанон роҳҳои осон ва қонунии пур кардани гринкорт, сафар ба Амрико, ҷо ба ҷо шавӣ, ҳуҷҷатсозӣ, кор ва дигар масълаҳо тавсияҳо диҳад.
Ӯ чунин қисса кард, ки “дар Амрико шаҳодатномаи ронандагӣ хеле қурби баланд дошт. Дар ҳар ҷое нишон медиҳӣ он ҳамчун шиносномаи дохилӣ, ҳамчун шаҳодатнома мегузарад. Дар фикри гирифтани он будам. Ҳар касеро мепурсам намедонад. Аз ҳамдарсиҳоям пурсидам, гуфтанд ба сомонаашон даро хон. Баъд хонда-хонда ва аз як нафар чанд тавсияи дигар гирифта супоридам ва 10-сола шаҳодатномаи ронандагӣ гирифтам.
Ба хонавода нишон медиҳам, бовар намекунанд, мегӯянд дурӯғ мегӯӣ. Ин сохта аст. Мегуфтам не, инро расман аз БДА-и Ню-Йорк гирифтам, ҳайрон мешуданд. Баъдан тоҷикони Самарқанд, туркҳою дигарҳо бо виза хешу таборҳояшонро оварда истодаанд. Ҳайрон шудам, гуфтам чаро мо натавонем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин чист нест. Дар Тоҷикистон нест, танҳо роҳи фиреб, панҷ ҳазор деҳ ман туро ба Амрико мебарам, 10 ҳазор деҳ ба Амрико мебарам.
Ҳаминхел ширкатҳои бисёрро мо рӯи об баровардем. Баъд гуфтам биё ба ҳамватанон кӯмак кунам. Касе дар майдон нест. Ҳамин тавр якум наворро гузоштем ва блогро кушодем”.
Парвиз ҳангоми суҳбат дар подкаст гуфт, аз шумораи муҳоҷироне, ки тариқи гринкорт ҳар сол ба Амрико мераванд, тақрибан 50 дарсади онҳо бо масъалаҳои гуногуни сафар ва иқомат дар Амрико ба ӯ муроҷиат мекунанд.
“На фақат кӯмак ба тоҷикон, ин кӯмак ба Тоҷикистон ҳам мешавад. Аз чӣ сабаб? Як муҳоҷир дар Русия моҳе 500-1000 доллар кор мекунад. Мо бояд маблағ ба падару модар, ба оила равон кунем. Вале, як муҳоҷире, ки дар Амрико кор мекунад, шояд пули даҳ муҳоҷири Русияро равон кунад. Яъне 10 муҳоҷир дар Амрико 100 муҳоҷир дар Русия”, – мепиндорад ӯ.
Парвиз аввалин пӯшаймониеро, ки муҳоҷирон дар Амрико мекашанд, надонистани забони англисӣ медонад.
“Мегӯяд, чаро ман дар вақташ англисиро наомӯхтам. Барои чӣ? Барои он ки мебинад, бародари англисидони мо чӣ гуна зуд муваффақ мешавад, вале касе забон намедонад, бо роҳҳои мушкил. Дуюм, баъзеҳо хато мекунанд, оилаҳояшонро ҳамроҳаҳон намебаранд. Вақти гринкорт пур кардан, қайд намекунанд, баъдан пушаймон мешаванд”, – гуфт Парвиз Ниёзов.
Павриз ҳамзамон дар хусуси қонунҳои нави муҳоҷират дар Амрико, хатарҳои ғайриқонунӣ сафар кардан ва масъалаҳои дигар суҳбат кард, ки метавонед дар подкаст тамошо кунед.