Манучеҳр Ғаффорзода яке аз муассисони стартапи Predictory аст, ки ба ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ барои истифодаи дуруст ва самараноки додаҳои калон кӯмак мекунад. Идеяи оғози чунин стартап ба Манучеҳр пас аз он омад, ки ӯ бо мушкилоти таҳлили додаҳо рӯ ба рӯ шуд ва мақсад гузошт, онро на танҳо барои худ, балки барои дигарон низ ҳал кунад.
Дар бораи он ки чӣ гуна Predictory ба ширкатҳо дар ёфтани додаҳо кӯмак мекунад, зеҳни сунъӣ дар ин раванд чӣ гуна нақш мебозад ва чаро кор бо муштариёни хориҷӣ нисбат ба муштариёни маҳаллӣ осонтар аст, Манучеҳр ба муаллифи Your.tj нақл кард.
Аз мутахассиси молия то таҳлилгари додаҳо
Манучеҳр хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар самти иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад. Дар соли чоруми донишҷӯӣ ӯ аз рӯи эълони ҷойи кор ба ҳайси аудитор дар ширкати BDO Tajikistan ба кор оғоз кард.
Ба гуфтаи Манучеҳр, Ӯ дар BDO таҷрибаи бузург ва малакаҳои зиёди амалӣ ба даст овардааст. Ҳамсӯҳбати мо ин ширкатро “беҳтарин фабрикаи истеҳсоли маблағгузорон дар Тоҷикистон” мешуморад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Кор дар BDO Tajikistan барои ман як донишгоҳи ҳақиқӣ буд, он ба ман дониш ва маҳорати бештар аз донишгоҳе, ки дар он таҳсил кардам, дод”,- изҳор дошт Манучеҳр.
Се сол дар соҳаи молия кор кард ва аз ҳама бештар ба ӯ бахши таҳлилӣ писанд омад. Бо омӯзиши доимӣ ва такмилу ташаккули худ, ҷавон бо мурури замон ба таҳлилгари додаҳо табдил ефт.
“Таҳлил дар ҳама ҷо таҳлил аст. Дар молия кор карда, фаҳмидам, ки ба ман дар ҳақиқат чӣ писанд аст ва чӣ кор кардан мехоҳам.
Ҳоло ба даст овардани дониши нав хеле осон аст: YouTube-ро кушод, видео тамошо кард ё китобро боригирӣ кард, онро хонд ва тамом”,- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
“Идеяи ҳар як стартап аз проблема пайдо мешавад”
Идеяи оғози стартапи Predictory дар Манучеҳр вақте пайдо шуд, ки ӯ дар “Ашан” ҳамчун таҳлилгари додаҳо кор мекард. Дар он ҷо ҷавон бори дигар бо бесамарии додаҳо рӯ ба рӯ шуд.
“Додаҳо дар ширкат ҳастанд, аммо истифодаи он хеле душвор аст. Ҳол он ки ин аввалин ҷойи корам набуд, ки бо чунин мушкилот дучор омадам”,- мегӯяд Манучеҳр.
Ба гуфтаи ӯ, ин масъала тамоми тиҷоратро дар саросари ҷаҳон ба ташвиш меорад. Ҳамин тавр идеяи ташкили ширкате ба вуҷуд омад, ки ба тиҷорат дар истифодаи самараноки додаҳояшон кӯмак кунад.
“Идеяи ҳар як стартап аз проблемаҳо пайдо мешавад. Бо ҳалли ин проблемаҳо барои худ, дарк мекунед, ки метавонед ҳаётро на танҳо барои худ, балки барои каси дигар низ содатар кунед ва барои ин ҳатто метавонанд ба шумо маблағ диҳанд”,- гуфт Манучеҳр.
Манучеҳр бо пайдо шудани ин фикр, дар бораи он ба дӯсташ Парвиз Усмонзода, ки ҳамроҳ бо ӯ барои амалӣ намудани оғоз намуд, нақл кард. Бо ҷалби чанд нафар ба тим, ҷавонон тадриҷан ба рушди стартап шурӯъ карданд.
“Истифодаи додаҳои муштариён барои маркетологҳо осон нест ва мо кӯшиш мекунем ба онҳо кӯмак расонем”
Баъдтар онҳо бо Шералӣ Ҷӯрабоев шинос шуданд, ки ба гуфтаи Манучеҳр, стартапро ба самти дуруст равона кард.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Мо кӯшишҳоро барои ҳалли мушкилоти додаҳо дар маркетинг оғоз кардем. Бо шарофати Шер [Ҷӯрабоев] мо маҳсулоти худро маҳз дар ин сегмент истифода бурдем”, – нақл Мекунад Манучеҳр.
Моҳи апрели соли 2024 ба тими онҳо Азиза Қосимова, ҳаммуассиси чорум ҳамчун таҳлилгари тиҷоратӣ ҳамроҳ шуд. Вай дар кор бо мизоҷони соҳаҳои гуногун таҷрибаи зиёд дорад ва ба стартап кӯмак мекунад, ки маҳсулотро барои муштариён ҷолибтар кунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар ҳоли ҳозир аксарияти муштариёни Predictory агентиҳои маркетингӣ ё шӯъбаҳои маркетинги ширкатҳои калон мебошанд.
Дар ҳар як тиҷорат, мегӯяд Манучеҳр, додаҳои муштариён ҳаст, дар бораи харидҳои муштарӣ, аз ин маҳсулот то чанд вақт истифода мебарад, кай истифодаи онро қатъ кард ва ғайра.
Ба маркетологҳо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, истифодаи ин додаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ осон нест, зеро онҳо аксар вақт ба таҳлилгарони додаҳо ва мутахассисони IT вобастаанд.
“Мо кӯшиш мекунем, ки ин холигоҳро коҳиш диҳем, то маркетолог тавассути як “равзана” ба ҳама гуна додаҳое, ки ба муштариён дахл дорад, дастрасӣ пайдо кунад”,- мегӯяд Манучеҳр.
Predictory ба тиҷорат кӯмак мекунад, ки он даромади бештар ба даст орад
Вазифаи Predictory ин аст, ки додаҳои мавҷудаи ҳар як ширкатро дастрас кунад, то дар асоси он қарорҳои муайян қабул карда шаванд ва ба тиҷорат барои ба даст овардани даромади бештар кӯмак расонанд.
Барои ҳар як муштарӣ, тими стартап платформаи алоҳидаро бо додаҳояш – веб-интерфейс, ки танҳо фармоишгар ба он дастрасӣ дорад, сохта медиҳад.
Ғайр аз ширкатҳои маркетингӣ, Predictory бо бахши молиявӣ ва тиҷорати чакана кор мекунад.
Мизоҷон, мегӯяд Манучеҳр, аксар вақт ба пойгоҳи бузурги додаҳо муроҷиат мекунанд, аммо ширкат мушкилоти онҳоро зина ба зина ҳал мекунад.
“Масалан, муштарӣ кадом як аксияи маркетингӣ мегузаронад ва мо ба онҳо пешниҳод менамоем, ки натиҷаҳои аксияро тавассути платформаи худ таҳлил намоем.
Пас аз он ки ин корро карда тавонистем, пешниҳод менамоем, ки додаҳои дигарро масалан, аз Meta ё Yandex пайваст кунем.
Бо ҳалли масъалаи маркетинг, мо метавонем дигар шӯъбаҳои муштариро низ ба он пайваст кунем, барои мисол шӯъбаи қарзӣ ё HR-ро.
Додаҳо бисёранд, аммо мо қисми кам онҳоро ҳамроҳ мекунем”,- шаҳр дод Манучеҳр.
Зеҳни сунъӣ нақши таҳлилгари junior-ро иҷро мекунад
Ширкат дар фаъолияти худ зеҳни сунъиро зиёд истифода мекунад, ки таҳлили додаҳоро осон мекунад. Одатан, бо ин кор таҳлилгарони додаҳо машғул мешаванд, аммо ҳоло ин зеҳни сунъӣ қодир аст, қисман ин корро иҷро кунад.
“Ҳоло зеҳни сунъӣ наметавонад ҷойгузини беҳтарин таҳлилгари додаҳо бошад, аммо вазифаҳои таҳлилгари навкори додаҳо (junior)-ро ба таври кофӣ иҷро мекунад”,- гуфт Манучеҳр ва дар баробари ин қайд намуд, ки пас аз чанд сол, AI метавонад таҳлилгари калон (senior)-ро иваз кунад.
Ба гуфтаи ӯ мушкилии кор бо AI дар додани фармоиши дуруст ба шабакаи нейронӣ аст. Барои ин имрӯз як соҳаи комили промпт-муҳандисӣ вуҷуд дорад, ки ба баёни дақиқ ва возеҳи дастур ба зеҳни сунъӣ равона карда шудааст.
“Стартапи мо зеҳни сунъиро ҳамчун “агент” истифода мебарад, ки нақши таҳлилгарро иҷро мекунад ва платформаи мо миёнаравест, ки тавассути он метавон ба забони русӣ савол дод, ки гӯё таҳлили ӯро мепурсед.
“Агент”-и мо – зеҳни сунъӣ таҳлил мегузаронад ва натиҷаи дилхоҳро медиҳад. Ба ибораи дигар, мо зешни сунъиро ҳамчун junior-таҳлилгар истифода мебарем”,- тавзеҳ дод Манучеҳр принсипи кори стартапро.
Ширкат асосан версияҳои корпоративии ду шабакаи нейрониро истифода мебарад: ChatGPT аз OpenAI, ки Манучеҳр онро “дастёри хеле пешрафта” меномад ва LLaMA аз Meta AI.
Тими онҳо кӯшиш дорад ба шабакаи охирини нейронӣ мустақилона омӯзонад, барои ҳолате, ки агар муштарӣ на аз OpenAI, балки модели “пӯшидатар”-ро истифода бурдан хоҳад.
Ба андешаи Манучеҳр муваффақияти ҳар як ширкат ба он вобаста аст, ки чӣ гуна метавонад додаҳои худро дуруст истифода барад.
“Имрӯз таҳлили ҳама гуна додаҳо ҳатмист. Агар як ширкат ба додаҳои худ диққати зарурӣ надиҳад ва рақиби он ба он диққат диҳад, он бартарии бузург ба даст меорад”,- таъкид карж ҳамсӯҳбати мо.
“Номи мо – ҳадафи ниҳоии мост”
Номи ширкат Predictory (аз англисӣ. Predictor – “пешгӯикунанда”)-ро зеҳни сунъӣ сохт ва ҳамчунин чанд вариант барои интихоб пешниҳод кард.
“Идеяи пурсидани ном аз зеҳни сунъиро Шер пешниҳод намуд. Вай гуфт, ки азбаски мо бо AI бисёр кор хоҳем кард, пас бо он бояд машварат кунем.
Мо ба шабакаи нейронӣ тавсифи кӯтоҳ дар бораи корҳои ояндаамон додем ва аз ҳамаи номҳои пешниҳодкардаи он ба мо “Predictory” писанд омад.
Агар мо ҳоло танҳо дар дастрасӣ ба додаҳо кӯмак мекунем, дар оянда онро тавре иҷро хоҳем кард, ки шахс дар асоси ин додаҳо пешгӯӣ карда тавонад.
Ин ҳадафи ниҳоиест, ки ба он саъй мекунем ва он номи моро ифода мекунад”,- гуфт Манучеҳр.
Тими онҳо ният дорад, ки “Predictory”-ро ба абзоре табдил диҳад, ки на танҳо дар бораи дирӯз, балки дар бораи оянда низ тасаввурот ба вуҷуд оварда метавонад.
Аммо, ин ҳадафи ягонаи ширкат нест. Ҳоло Predictory мушкилоти таҳлили додаҳоро ҳал мекунад, стартап инчунин ният дорад, ки ба таҳлили додаҳои ба истилоҳ “олуда”, ки дар шакли ҳозираи худ таҳлил карда намешавад, омодагӣ гирад.
“Дар ҳама ширкатҳо додаҳо дар пойгоҳҳои амалиётӣ нигоҳ дошта мешавад. Онҳо бояд ба таври фаврӣ ба таҳлилӣ табдил дода шаванд. Қадами навбатии мо ҳалли ин мушкилот бо ёрии зеҳни сунъӣ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир ин як мушкили ҳалношуда аст, ки як миллиард доллар арзиш дорад”,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.
“Маркетинг – вақте ҳадафмандона дарҳоро мекӯбед ва аз худ дарак медиҳед”
Стартап моҳи ноябри соли 2023 оғоз ёфт ва ба гуфтаи Манучеҳр, нахустин муштариён, дар аввали моҳҳои феврал-марти соли 2024 пайдо шуданд.
Аз замони ба бозор баромаданаш, ширкат ягон таблиғ ё маъракаи маркетингӣ ба роҳ намондааст.
“Мо дар бораи худ умуман эълон накардаем. Ҳар нафаре, ки имрӯз моро мешиносад, бо тавсияи касе дар бораи мо фаҳмид.
Ҳар коре, ки мо то ин дам анҷом додем, танҳо дарҳоро кӯфтему хидматрасониҳои худро пешниҳод кардем.
Маркетинг – ин на танҳо таблиғ дар интернет, дар телевизион ё радио. Вақте ки шумо мақсаднок ба назди касе меравед ва аз худ дарак медиҳед, ин ҳам маркетинг аст. Мо ин тактикаи мушаххасро интихоб кардем – мустақиман ба наздимуштарӣ равем”,- афзуд Манучеҳр.
Дар тими Predictory 11 нафар: чор муассис, аз ҷумла, Манучехр, веб-барномасозон, тарроҳон, ҳуқуқшинос ва дигарон.
“Тими мо хурд аст, аммо он дорои тамоми одамони зарурӣ мебошад, ки ба туфайли онҳо мо вазифаҳои худро иҷро мекунем”,- гуфт Манучеҳр.
Ӯҳдадориҳои Манучеҳр дар ширкат ҳамоҳангсозии кори ҳамаи мутахассисон мебошад, то тамоми кӯшишҳои онҳо барои расидан ба ҳадафи умумӣ равона карда шаванд.
“Зарфиятҳоямонро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рушд медиҳем”
Дар бозори Тоҷикистон, бинобар хусусияти он, пешбурди маҳсулоти инноватсионӣ хеле мушкил аст, мегӯяд Манучеҳр.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳалли масъалаи дастрасӣ ба додаҳо, ин додаҳо бояд аввал ҷамъоварӣ шаванд, ки на ҳама вақт аксари ширкатҳо дар Тоҷикистон аз ӯҳдааш мебароянд.
“Мо дар он ҷое кор мекунем, ки додаҳо бошанд. Дар ҷое, ки онҳо нестанд, кори мо бефоида аст. Мушкилоти ҷамъоварии додаҳо дар ҳама ҷо вуҷуд дорад, аммо дар мо он хеле бад аст, зеро мо аз тамоюлҳои ҷаҳонӣ ақиб мондаем.
Аз ин рӯ, кор бо мизоҷони хориҷӣ барои мо хеле осонтар аст, ҳамон як мушкилиро ҳал мекунем, ки мо дорем ва чанд баробар бештар ба даст меорем”,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, Тоҷикистон барои ширкат як навъ ҷойи таҷрибаомӯзӣ – нуқтаи ибтидоӣ буд, аммо ҳоло тим маҳсулоти худро дар бозори хориҷӣ фаъолона таблиғ мекунад.
Ин, ба гуфтаи Манучеҳр, барои онҳо каме таассуфовар аст, зеро пеш аз ҳама, стартап мехоҳад ба ширкатҳои ватанӣ дар ҳалли мушкилоти додаҳо кӯмак кунад.
“То ба ҳол, ҳамкорӣ бо бозори маҳаллӣ каме мушкилтар аст. Аммо на бо ҳама, албатта. Масалан, мо се муштарӣ дорем, ки бо онҳо хуб кор мекунем. Аммо онҳое ҳастанд, ки корро мураккаб мекунанд”,- гуфт Манучеҳр.
Имрӯз Predictory бо ширкатҳои қазоқистонӣ ҳамкории зич дорад. Илова бар ин, тими онҳо бо мизоҷон аз Узбекистон гуфтушунид мекунад ва дар оянда ният дорад ба бозори кишварҳои Шарқи Наздик барояд.
“Мо нақшаҳои калони ворид шудан ба бозорҳои Қатар ва Арабистони Саудиро дорем. Аммо барои ин ба мо маблағҳои бештар лозиманд. Ҳаҷми кор якчанд маротиба зиёд мешавад ва лозим меояд, ки ҷойҳои кориро бештар кунем.
Ҳамин тавр, мо иқтидори худро дар кишварҳои Осиеи Марказӣ афзоиш медиҳем ва минбаъд низ тавсеа хоҳем ёфт”,- гуфт Манучеҳр аз нақшаҳои оянда.
Сомон Комилов