fbpx
0

Васлида Сафарзодаи 9-сола ситораи шабкаҳои иҷтимоӣ шуд. Қиссаи ӯ замоне расонаӣ шуд, ки як блогнависи ӯзбекистонӣ ногаҳон ба мағозае дар шаҳраки Зарнисор барои харид даромаду вақти баромадан дар он ҷо шоҳиди манзараи ҷолибе шуд.

Васлида он замон суруди “Баригул”- сарояндаи машҳури Ӯзбекистон Насиба Абдуллоеваро бо зарби шиппак (тапочка) – и худ месароид. Блогнависи ҷавон сурудхонии духтаракро сабт карду бо иҷозаи падари вай ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт. Дар як дам Васлидаи хушовоз бо таронасароиаш дили миллионҳо корбари шабакаҳои иҷтимоиро ба даст овард.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Karomatullo (@doppilibola15)

Муаллифи Your.tj бо падари Васлида Сафарзода – Маҳмадрасул Сафаров суҳбат кард. Ӯ дар бораи истеъдод, олами кӯдакӣ, муҳаббат ба суруду мусиқӣ, эҳсоси шинохта будан, чӣ гуна ба омӯзиши забонҳои хориҷиву навохтани асбобоҳои мусиқӣ рӯ овардани Васлида гуфт.

Вақте Васлида ба дунё омад

Васлида дар хона фарзанди дуюм аст. Парвонаву Амирҷон хоҳару додари ӯянд. Вай вақте ба дунё омад, кӯдаки солим буд. Чашмонаш бино буданд.

“Аммо дар чор-панҷмоҳагӣ вазъи саломатии духтаракам моро нигарон кард. Чашмаш хира шуд. Ӯро ба табибон нишон додем, ҳатто барои ташхис ба Тошканд бурдем. Табибон ба вай бемории остеопетрозро ташхис монданд. Мутаассифона, биноии чашмонаш аз даст рафт”, – бо парешонӣ гуфт падари қаҳрамони мо.

Васлида мисли дигар кӯдакон калон мешуд. Танҳо ӯ аз дидани рангҳои дунёи кӯдакӣ маҳрум шуд. Аммо ҳар садову овозро хуб мешунид. Гӯш кардани суруду мусиқиро дӯст медошт.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Makhmad Safarov (@s.m.a2287)

– Дар 2 солагӣ, аллакай, озодона ҳарф мезад. Аз телефон барояш сурудҳои кӯдаконаро мегузоштем. Хато накунам, дар 3 солагӣ ба хондани сурудҳо сар кард. Бе ягон мушкилӣ матни сурудҳоро бо чанд бор гӯш кардан аз худ мекард, – нақл кард Маҳмадрасул.

Замзамаи суруди “Баригул” – ро ба Васлида кӣ омӯзонид?

Он замон падар тасаввур намекард, ки Васлида истеъдоди хуби сароидан дорад. Ӯ танҳо аз он хурсанд буд, ки Васлида бо ҳамроҳии бобояш, ки дутор дорад, суруд мехонад.

– Васлида бо бобояш суруд хонданро дӯст медошт. Падарам бо дутораш мусиқиҳои замони ҷавонии худро менавохтанд ва сурудҳои дӯстдоштаашонро ба набераашон – Васлида ёд медодаанд. Аз ҷумла, суруди «Баригул» – ро низ, ки духтарам бо хондани он машҳур шуд, бобояш ба ӯ ёд додааст, – қисса кард падари Васлида.

Имрӯзҳо сурудхонӣ барои Васлида шуғли дӯстдоштаро мемонад, яъне бо ин роҳ ба худ фараҳу шодӣ меорад. Истеъдоди духтарак, ки аксар вақт ба ҷойи таблу доира бо шипакҳояш ба дару девор ангушт зада, зери ҳавои он суруд мехонад, баъд аз як навор ба таври шоиста муаррифӣ ё ба қавле кашф шуд.

Истеъдоди Васлидаро кӣ кашф кард?

Маҳмадрасул Сафаров аз он хурсанд аст, ки шиносоии блогнависи ҷавон бо номи Кароматулло, ки дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо тахаллуси @doppilibola15 фаъол аст, бо Васлида иттифоқ афтод. Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аслан ин ҷавон зодаи шаҳраки Зарнисори Тоҷикистон асту феълан дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад.

Дар яке аз сафарҳояш ба шаҳраки Зарнисор (шаҳри Гулистони вилояти Суғд) ногаҳон дар кӯча сурудхонии Васлидаро мешунавад. Ҳамин тариқ, баъд аз ин вохӯрии сарироҳӣ сарнавишту ҳаёти духтарак куллан дигар шуд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от xasᴀɴᴏᴠ ᴋᴀᴍʀᴏn (@xasanov15_15)

“Кароматулло сурудхонии духтарамро ба навор мегирад. Пеш аз нашр кардани он ба ман занг зада, иҷозати нашр пурсид. Албатта, ба ин зид набудам. Навор паҳн шуд. Сурудхонии Васлида тамошо, лайк ва шарҳҳои зиёд гирифт. Яъне, ба аксарият писанд омад. Маҳз аз ҳамон вақт боз хубтар дарк кардам, ки духтарам лаёқати хуби сароидан дорад”, – афзуд Маҳаммадрасул Сафаров.

Вохӯрӣ бо Насиба Абдуллоева ба Васлида чӣ дод?

Наворе, ки Васлида дар он суруди «Баригул» – ро бо зарби шиппакҳояш мехонад, ҳатто дили муаллифи он, ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Насиба Абдуллоеваро низ об кард. Ӯ наворро дида, ба блогнавис Кароматулло гуфт, ки хоҳиши вохӯрӣ бо Васлидаро дорад.

– Он рӯз дар шаҳраки Зарнисор, махсусан, дар кӯчаи мо гӯё ид буд. Насиба Абудллоева ба хонаи мо омад. Васлидаро ба оғӯш гирифта, ҳамроҳаш сурудҳо хонд. Барои духтарам як “синтезатор” ва “гитор”-и хубе ҳадя кард. Васлида аз омадани меҳмонон хурсанду хушбахт буд. Аз ин вохӯрӣ шодиаш беохир буд, – иброз дошт Маҳмадрасул Сафаров.

Қабл аз ин ҳам падар ба Васлида “ситезатор” ва амакаш аз Русия “глюкафон” туҳфа карда буданд. Ӯ бо онҳо бисёр бозӣ мекард, ки аз истифодаи зиёд як кам корхӯрда шуда буд. Имрӯз духтарак ба ғайр аз синтизатору гитори касбӣ боз доираву табл (барабан) , даф, (бубен) дораду ҳангоми сурудхонӣ онҳоро менавозад.

“Васлида бештар бо табл (барабан) навохтану сароиданро дӯст медорад. Инро ба назар гирифта, тасмим гирифтем, ки муаллими мусиқиеро барои ӯ пайдо кунем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Чанде пеш муаллими хуберо фтем. Вай ҳафтае 3 бор хона омада, бо Васлида 2 соати дарс медиҳад. Аз рӯйи гуфти муаллим, Васлида зеҳни тез дорад ва навохтани асбобҳои мусиқиро хуб омӯхта метавонад”, – гуфт падари духтарак.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Пас аз дар интернет шинохта шудани Васлида

Акнун дар шаҳраки Зарнисор ва берун аз он Маҳмадрасул Сафаровро чун падари Васлида мешиносанд. Пас аз он, ки наворҳои духтарак маъруф шуд, онҳо чанд маротиба ба Тошканд рафтанд. Баъдтар Васлида дар барномаи мустақими телевизиони Ӯзбекистон «Омон-Омон» низ иштирок кард.

– Одамони шиносу ношинос акнун дар бораи ҳаёти Васлида бештар мепурсанд. Овозашро таъриф мекунанд, дар бораи наворҳою сафарҳояш мепурсанд. Мегӯянд, ки Васлидаи хурдакак номи шаҳракамон – Зарнисорро, ки то соли 2008 Олтинтопкан ном дошт, бори дигар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон шиносонид, – бо ифтихор афзуд қаҳрамони мо.

Каме дар бораи Васлидаву волидонаш

Васлида ҳоло синфи 3 буда, тариқи таълими хонагӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Вай ба мактаб намеравад. Модараш – Ҷумъагул Сафарова омӯзгори забонҳои хориҷӣ буда, барояш дар хона омӯзгор низ мебошад. Падараш – Маҳмадрасул Сафаров ба ҳайси ронанда кор мекунад.

– Вақте модараш дар хона ба талабаҳо забони англисӣ ёд медиҳад, духтарамон ҳам дар паҳлуи онҳо менишинад. Бо ҳамсолонаш забони англисиро ёд мегирад. Забони русиро аз хоҳару додараш Парвонаву Амирҷон омӯхтааст. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯз Васлида бо ин забонҳо суруд хонда метавонад, – илова кард ҳамсуҳбати мо.

Орзуи бузургтарини падар

Аммо барои падар ҳамаи ин – маъруфият дар шабакаҳои иҷтимоӣ, овозхониву забономӯзӣ, сафарҳо ва шинохта будан ҳамоно дар ҷойи дуюм боқӣ мемонад.

– Ба ман, пеш аз ҳама, саломатии духтарам даркор. Талош дорем, ки Васлидаро барои муоина ва табобат ба Исроил барем. Бо як профессор пешакӣ суҳбат кардем. Он кас гуфт, ки натиҷаи умедбахш доштани табобатро танҳо дар он сурат кафолат медиҳад, ки агар Васлидаро аз наздик дида, ташхисҳои заруриро бигирад. Ҳоло масъалаи раводидро ҳал мекунем. Орзуи калонтаринам ин аст, ки духтарам саломат бошад. Орзуҳои дигар баъд аз он низ амалӣ мешаванд, бо хости Худо, – бо эҳсос гуфт Маҳмадрасул Сафаров.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Z A T (@zarnisoraltintopkan)

Ӯ ба онҳое, ки Васлидаро муаррифӣ карданд ё дар маъруфу машҳур шудани духтараш мусоидат карданд ва ҳоло ҳам аз ҳоли ӯ хабар мегиранд, изҳори сипос намуда, шукри давлати орому обод мекунад.

Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend