Чӣ тавр аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристонем?

Дар доираи таҳримҳо бар зидди Русия, системаҳои пардохти Visa ва Mastercard кори  худро қатъ карданд. Тоҷиконе, ки дар Русия кор мекунанд ва аз Сбербанк ба Тоҷикистон барои наздиконашон корт фиристода буданд, дигар имкони гурифтани пулро  аз корт надоранд. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд ба пайвандонашон пул фиристонанд?

Your.tj  ба ҳама саволҳои Шумо оиди интиқол ва дастрас кардани маблағ дар шароити кунунӣ ҷавоб омода нумадааст.

Чаро чунин шуд?

Рӯзи 2 март Иттиҳодияи Аврупо  ҳафт бонки Русия ВТБ, Россия ва Откритие, Новикомбанк, Промсвязбанк, Совкомбанк ва ВТБ – ро аз низоми пардохти байналмилалии SWIFT ҷудо кард. Ин ба интиқол ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад, мо дар ин ҷо муфассал шарҳ медиҳем.

Рӯзи 1 март Системаи миллии кортҳои пардохтии Русия  эълон кард, ки бонкҳои Русия, ки таҳти таҳримҳо қарор гирифтаанд, истеҳсоли кортҳои нави Visa ва Mastercard-ро қатъ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки он кортҳое, ки аллакай бароварда шудаанд, танҳо дар дохили кишвар кор хоҳанд кард, яъне муҳоҷирон ё дигар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ин кортҳо ба хориҷ пул интиқол дода наметавонанд.

Кортҳои ин системаҳои пардохтӣ, ки дар Русия бароварда шудаанд, берун аз он дигар кор намекунанд, кортҳои Visa ва Mastercard, ки дар хориҷи кишвар бароварда шудаанд, дар дохили Русия кор намекунанд.

Акнун дигар аз корти Сбербанк дар Тоҷикистон пул гирифта намешавад?

Бале, агар шумо корти Сбербанк Visa ё Mastercard дошта бошед, дигар дар Тоҷикистон пули нақдро гирифта наметавонед.

Дар Русия шумо наметавонед аз Visa ё Mastercard, ки дар Тоҷикистон бароварда шудаанд, истифода баред.

Ман акнун чӣ тавр ба пайвандонам ба Тоҷикистон пул фиристонам, то ки онҳо дастрас карда тавонанд?

Агар шумо аз Русия бо корти “Мир” ба низоми пардохти “Корти миллӣ” ё ҳамёнҳои мобилӣ ба Тоҷикистон маблағ интиқол кунед, ҳеҷ мушкиле пеш намеояд. Қариб ҳамаи бонкҳои Тоҷикистон бо низоми пардохтии «Мир» алоқаи байнибонкӣ доранд.

Барои ин шахси аз Русия пул инитиқолдиҳанда бояд системаи пардохти Русия “МИР” дошта бошад. “МИР” як низоми пардохтӣ ба мисли “Корти Миллии” тоҷикист ва тақрибан ҳамаи бонкҳои Тоҷикистон иртиботи байнибонкӣ бо низоми пардохти МИР – ро доранд.

Чун системаи пардохти МИР аз SWIFT вобастагӣ надорад пайвандони муҳоҷирон метавонанд бе мушкили пулро дастрас кунанд.

Агар маблағро тавассути Western Union, “Contact” ё Юнистрим интиқол диҳем, чӣ?

Интиқоли байналмилалӣ тавассути системаҳои интиқоли пул (ба мисли Kontakt, Western Union ва Unistream) тавассути SWIFT фиристода намешавад.

Аммо Western Union дар Русия аллакай қабули пардохтҳои онлайнро қатъ кардааст ва кор бо бонкҳоеро, ки таҳти таҳрим қарор гирифтаанд, қатъ намудааст. Дигар ширкатҳо русӣ буда, бе мушкилот кор мекунанд.

Чӣ тавр аз мамлакатҳои Ғарб ва ғайра ба Тоҷикистон пул интиқол додан мумкин, то шахс онро дастрас карда тавонад?

Айни ҳол бонкҳои Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки аз дигар кишварҳо хусусан аз Ғарб маблағро бо евро интиқол диҳанд, чун аз сабаби бо бонкҳои Русия алоқаманд будани интиқол бо доллар, маблағи фиристодаатонро дар Тоҷикистон гирифта наметавонанд.

Масалан, Бонки якуми маблағгузории хурди Тоҷикистон ба мизоҷонаш пешниҳод мекунад, ки муваққатан аз хориҷ ба евро маблағ интиқол диҳанд, зеро бонки муросилотии онҳо дар Швейтсария ҷойгир аст.

Skip to toolbar