logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Маҳдудиятҳо бардоштана шуданд: Душанбе Сити Бонк ҳама амалиётҳои байналмилалиро бармегардонад

Маҳдудиятҳои аз моҳи ноябри соли 2025 амалкунанда пурра бекор шуда, бонк ба фаъолияти мукаммали байнулмилалӣ бармегардад. 

Your tj

18:2824.04.2026

Маҳдудиятҳо бардоштана шуданд: Душанбе Сити Бонк ҳама амалиётҳои байналмилалиро бармегардонад

Пас аз қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз 23-юми апрели соли 2026, “Душанбе Сити Бонк” расман аз рӯйхати таҳрими Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд. Ин маънои онро дорад, ки маҳдудиятҳои аз моҳи ноябри соли 2025 амалкунанда пурра бекор шуда, бонк ба фаъолияти мукаммали байнулмилалӣ бармегардад.

Барои мизоҷон чӣ тағйир ёфт

Бекор гардидани маҳдудиятҳо мустақиман ҷиҳати дастрасӣ ба хадамоти калидии зерини бонкӣ таъсир мерасонад:

  • интиқолҳои байнулмилалӣ тариқи низоми SWIFT боз дастрас шуданд;
  • кор бо бонкҳои муросилавии хориҷӣ барқарор карда мешавад;
  • ҳисоббаробариҳо бо асъори хориҷӣ соддаву осон карда мешаванд;
  • имконоти пардохтҳои электронӣ васеъ карда мешаванд.

Барои мизоҷон ин маънои бозгашти воситаҳои маъмулии молиявӣ ва кори қулайтар бо амалиёти байнулмилалиро дорад.

Барқарор кардани эътимод

Омилҳое, ки боиси суоли танзимгарони байнулмилалӣ буданд, пурра бартараф шуданд ва ин имкон фароҳам овард, ки бонк аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шавад.

Дар қарори навшудаи Иттиҳоди Аврупо зикр мешавад, ки як қатор ташкилот пас аз роҳандозии тадбирҳои дахлдор хориҷ шуданд ва ин барқарор шудани мутобиқат ба талаботи байнулмилалиро тасдиқ мекунад.

Барои “Душанбе Сити Бонк” ин қарор имконоти зеринро фароҳам меорад:

  • густариши ҳамкории байнулмилалӣ;
  • таҳкими мавқеъ дар бозор;
  • рушди хидматрасониҳои рақамӣ ва молиявӣ.

Бекор шудани маҳдудиятҳо гузариш ба марҳилаи нави кори бонк аст, ки барқарор кардани робитаҳои байнулмилалӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба мизоҷон, аз ҷумлаи масъалаҳои калидӣ хоҳад буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

37 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ